Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Тоҷикистон 40 тонна маводи ғизоӣ ва хайма фиристод


Русия ҳамагӣ ду рӯз қабл аз сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон ба осебдидагони тарма ва барфбории шадид дар кишвар ба ҳайси кумак 40 тонна мавод фиристодааст. Мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 25 феврал гуфтанд, ки ин ёриҳои башардӯстона аз ғизову хайма ва болопӯш иборатанд.

Худи мақомоти Русия гуфтанд, ки ёрӣ ба осебдидагони тарма ва барфбории шадид дар Тоҷикистон бо дастури шахсии Путин сурат мегирад. Онҳо гуфтанд, Тоҷикистон дар пайи фаромадани тарма дар шарқу шимоли кишвар барои кумак ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат кардааст ва Русия наметавонад дар канор биистад.

Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз созишномаи миёни Маскаву Душанбе дар мавриди мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ низ ёдоварӣ карданд, ки моҳи январи соли 1997 имзо шудааст.

Дар пайи барфбории шадид ва фаромадани тарма дар як моҳи охир дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, минтақаи Рашт ва вилояти Бадахшон 17 нафар ҷон бохта, чанд тани дигар аз зери тӯдаҳои барф берун оварда шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷа ин офати табиӣ ба иқтисоди кишвар низ зарба зада ва даҳҳо маҳалли аҳолинишинро дар инзиво қарор додааст.

Дар оғози моҳи феврал Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ хоста буд, то дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ба давлати Тоҷикистон кумак кунанд. ​

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG