Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 иқтибос аз Далер Шарифов


Далер Шарифов

Додситонии кулли Тоҷикистон хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Далер Шарифовро ба нашри 200 матлабе, ки ба бовари мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" аст, муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Пайвандонаш онро беасос шумурданд. Инчунин, маълум нест, хулосаи мақомот бар пояи кадом меъёр ё таҳқиқоте эълон шудааст. Радиои Озодӣ дар як блог 28 иқтибосеро аз навишта ва гуфтаҳои Далер Шарифов гирд овард, ки аз нуқтаи назарҳояш дар бораи бекорӣ, танзими ҷашну маросим интихобот ва ҳуқуқи инсон иборат аст:

"Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ба андешаи инҷониб ин мавзуъ бисёр як мавзӯи нозук аст, ки дахолати шумо бояд ба он ҳарчӣ зудтар сурат бигирад, то шаҳри зебоямон пур аз олами вуҳушу ҳашароту паррандаҳо нагардад. Онҳое, ки ба ин корҳо завқ доранд, шояд як гӯшаи мувофиқи шаҳрро пайдо карда, дар онҷо боғе бунёд кунанд ва ҳар намунае аз ҳайвонҳоеро, ки барояшон писанд аст, ҳамонҷо тандисашро насб кунанд ва ҳар кӣ ҳам хоҳад, тамошо кунад, вале кашондани онҳо ба кӯчаву хиёбонҳои Душанбе на танҳо мантиқӣ ба назар намерасад, балки симои шаҳро ба шиддат халаладору хандахариши хосу ом мегардонад. Ин исрофкорӣ ва бемантиқию безавқӣ кайҳост, ки ба ҳадди ифрот расидааст. Шояд гуруҳе дар насбу ташкили чунин манзараҳо манофеи молӣ дошта бошанд. Аммо он таъсири манфӣ ва мустақим ҳам ба симои шаҳри Душанбе, ҳам шаҳрдорӣ ва шахси шумо, Рустами Эмомалӣ, дар ояндаи наздик дорад."

Далер Шарифов: Пайкараҳои нави Душанбе чӣ маъно доранд? (16 ноябри 2019)

"Интихоботи мо зоҳиран мисли таъиншуда аст, аз ин рӯ, чеҳраҳои наву мустақил талоши ширкат надоранд. Солҳост, ҳамон чеҳраҳо, ҳамон барномаҳо ҳастанд. Чизе, ки таъсир надорад, таъсиргузор нест ва ҳеҷ сарнавиштеро ҳам дигар намекунад, дигар хоҳишмандонро ҳавасманд намекунанд. Чун онҳо медонанд, ки натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст. Интихобот, порлумон ва депутат чун дар зиндагии мардум ҳеҷ таъсире надорад, дигар мардум ҳам дунболи он намегардад, ки кӣ ғолиб мешавад, кӣ не."

Хобҳои сиёсии пеш аз интихоботи 2020. Чеҳраҳо нав мешаванд ё бетағйир мемонанд? (20 октябри 2019)

“Ҳамеша ҳукумат, дар даҳ соли ахир, аз масрафу исроф гап задааст, аз зиёдаравӣ накардани мардум гап задааст, вале мебинем, худашон рафторҳое анҷом медиҳанд, ки саропо исроф аст. Ин шеваи кор оҳиста-оҳиста ба бӯҳрон мебарад. Шояд ин кори ҳукуматҳои маҳал аст, ки мехоҳанд, худро назди президент нишон диҳанд. Дар ниҳоят ба обрӯи президент зарба механад, ки кори хуб нест”.

Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рӯдакӣ - барои иншооти ҷашнӣ. САДО (3 сентябри 2019​)

"Бубинед, соли 2013 вақте интихоботи президентии Тоҷикистон гузашт, як гурӯҳ аз расонаву журналистон хеле фаъол буданд ва баъдан сӯҳбати шахсони алоҳида, сӯҳбатҳои ғайрирасмии мақомот бо ҳамин журналистони фаъол доир гардид. Ин сӯҳбатҳое буданд, ки як навъ огоҳӣ ба хабарнигорон медоданд. Худам ҳам дар чунин сӯҳбатҳо будам ва чунин сӯҳбатҳо тахассусӣ набуданд албатта, ин сӯҳбатҳои як навъ "фаҳмонидадиҳӣ" буданд. Дар пайи ҳамин гуна сӯҳбатҳо, шояд бисёре аз рӯзноманигорон, намедонам ба хотири ҷои кор, фарзандон ё ҳадди ақал зиндагӣ кардан буд, ки каме ақиб рафтанд, аз пайгирии мавзуъҳои ҷиддӣ худдорӣ карданд ва қисми дигаре аз кишвар берун рафт."

Далер Шарифов: "Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад" ВИДЕО (3 майи 2019)

“Ҳар касе, ки амалгаро аст ва ҳарфаш аз шиори хушк иборат нест, саркӯб мешавад. Кӯчактарин эътирозҳои амалиро қабул надоранд. Ҳодисаҳои ахир дар Арманистон ва Украина нишон дод, ки ин гуна иқдомҳо ба эътироз мепечад. Дар Арманистон ҳам барои нархи барқ мардум ба по хест. Дар кишвари мо аз оммавӣ шудани эътирозҳо метарсанд."

Ҳамлаи лафзӣ ва фотошопӣ ба Шаҳло ва Дилноза кори дасти кист? (26 апрели 2019​)

"Шарт нест, ки бачаи вазир ҳатман вазир шавад ва бачаи депутат - депутат. Фарзанди дигарон ҳам ҳастанд. Ҳарчанд падарони онҳо натавонистанд, ки сармояи кофӣ ҷамъ оваранд, фарзандони онҳо метавонанд, ки дар пешрафти ҷомеа, дар пешрафти кишвар нақш бибозанд."

"Шарт нест, ки бачаи вазир ҳатман вазир шавад" ВИДЕО (5 апрели 2019)

"Барнагардонидани онҳо барои Тоҷикистон ва минтақа метавонад хатар дошта бошад. Ба ҳар сурат, ин таҷрибаи талхро дар ҷанги шаҳрвандӣ доштем. Бисёре аз кӯдакон дар Афғонистон ё Покистон монданд. Баъдан, исмҳояшон чанд сол пас дар расонаҳо ҳамчун ҷангии гурӯҳи "Ҳаракати исломии Узбекистон", "Ҳизбу-ут таҳрир” ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафкан пайдо шуд. Баргардонидани онҳо ба нафъи мо ҳаст”

Тоҷикистон сафирашро ба Сурия мефиристад (15 феврали 2019)

"Вуҷуди чунин шахсон дар ҷомеа муҳим аст. Якрангии ҳаёти сиёсиро мешикананд. Аммо мардуми мо зоҳиран ба касе бовар намекунад. Мардум эълони ӯро иқдоми ҳамоҳангшуда бо ҳукумат медонанд. Баръакс, шояд бисёриҳо аз ҳамовозӣ бо ӯ худдорӣ кунанд. Лекин бисёр хуб мешуд, ки дар баробари номзадҳои "кисагӣ" мо номзадҳои воқеиро низ дар интихобот бубинем."

Довталаби курсии президентӣ: "Ҳадафи ман шикасти "сиёсати тарс" дар Тоҷикистон аст" САДО (17 январи 2019)

“Чанд соли ахир марзи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳдудтар мешавад, вале бо вуҷуди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ, тавсияҳои ин ниҳодҳо аз сӯи мақомоти тоҷик ба инобат гирифта намешавад. Далер Шарифов мегӯяд, мақомот аз роҳи маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон, озодиҳои шахсии сокинонро ҳам поймол кардаанд."

Озодии дин-2017. Тоҷикистон дар феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" (21 ноябри 2018)

"Кумитаи дин бо ин кораш мехоҳад, нишон диҳад, ки фаъолият ва ҳатто зиндагии шахсии имомхатибон зери назорати ӯ аст. Дар асри 21 барои инсонҳое, ки болиғ ҳастанд ва ба таври дастаҷамъӣ онҳоро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебаранд, як таҳқир аст. Дар ҳоле, ки як рӯҳонӣ ё имомхатиб метавонад мустақилона бо хонаводааш ба чунин ҷойҳо равад. Боз ҳам инҳо нафароне, ки китобхон ҳастанду ҳадисҳои пайғомбарро медонанд, ин як кори нолозим аст".

Аз театр ба музей. Муллоҳои тоҷик дунявӣ мешаванд. ВИДЕО (12 июли 2018)

"Дар асри 21 аз мардум талаб кардани садақа кори бисёр айб аст ва ба обрӯи давлатро дар байни ҷомеа коста мекунад".

Мақомот ба сокинон: "Садақаи Фитрро ба имомҳо диҳед". ВИДЕО (8 июни 2018)

“Бигзор ҷавонони мо ҳам либоси замонавӣ пӯшанд ва бираванду ибодати худро анҷом диҳанд. Ислом дини ақибмондагӣ ва дини асримиёнагӣ нест. Ин як дин аст, ки дар ҳар давру замон пайравонашро қонеъ мекунад. Ва бо замон мутобиқ аст, ҳеҷ ҷойи нигаронӣ нест"

На либоси танг, на кӯтоҳ. "Одоби намозгузорӣ дар масҷид" таҳия шуд. ВИДЕО (19 апрели 2018)

"Фикр мекунам, дар ин ҷо ҳуқуқи ман, ҳуқуқи ҳамсарам ва ҳуқуқи фарзандам дағалона вайрон шуд. Писарам бемор буд ва ба кумаки тиббӣ ниёз дошт. Аммо дар ҷои аввал ҳиҷоби ҳамсарам қарор гирифт. Фазо нишон медиҳад, вақте шаҳрванд ба ҷое муроҷиат кард, хусусан ба додгоҳ, аз ҳуқуқи ӯ дифоъ намешавад ё хеле кам дифоъ мешавад. Аз ин хотир, ба ҳеч куҷо муроҷиат накардем."

"Дар соли 2018 ҳуқуқи сокинон бештар нақз шуд" ВИДЕО (25 декбари 2018)

“Интизори мо ин буд, ки ҳадди ақал барномаҳои ҷиддии таҳрикдиҳанда қабул мешавад, ки ҷавононро аз ифротгароӣ бозмедорад. Ҳазорҳо ҷавонони болаёқат, ки дар пойтахт кор мекунанд, аз надоштани манзили зист танқисӣ мекашанд. Ҳамин теъдоди дигар аслан ҷойи кор надоранд. Дар ин самт мутаассифона ҳеҷ дигаргунӣ мушоҳида нашуд”.

Ҷавонгароӣ – барои як гурӯҳ, ё ҳама? (10 майи 2017)

“Аз як тараф мегӯянд, мазҳабӣ нашавед, аз тарафи дигар агар ҷавон бо ягон дӯстдоштааш ба ягон тарабхона ва ё ҷои ҷамъиятӣ равад, боз нукта мегиранд. Пас ҷавонон бояд куҷо раванд?"

Ишқварзии таҳти назорати пулис - аз боғ рост ба "милисахона". ВИДЕО (4 августи 2017)

"Фасод ба як чизи оддӣ табдил шудааст. Фикр мекунанд, ки меҳмони хориҷӣ аст, ба ягон ҷо шикоят карда наметавонад. Фасод ниҳодина шудааст, дигар фарқ намегузоранд, ки ин сайёҳ аст ва обрӯи кишвар дар миён аст."

Муҷозоти 25 милисаи тоҷик дар пайи шикояти як сайёҳи турк. ВИДЕО (29 августи 2017)

"Ҳар шахс бояд ба ҷинояти худ, худаш посух диҳад. Ҳамингуна муносибат аввал зидди ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ истифода мешуд. Агар ягон узви ин ҳизб боздошт мешуд, мақомот ба узвияти ҳизбии ӯ ишора мекарданд. Аммо ҲХДТ дар аксар ҳолат намехоҳад, ки чунин масоил расонаӣ шавад ва ҷомеа огоҳ шавад, ки боздоштшуда узви ин ҳизб аст. Вақте ашхоси баландмақоми ҳизбие чун Аскар Нурализода боздошт мешавад, ин бисёр ҳарфи калон аст."

ҲХДТ Аскар Нурализодаро аз сафҳояш ихроҷ кард (9 октябри 2017)

“Дахолат ба дегу дастархон ва либосу эҳсосоти мардум дар ҳеч давру замон созанда ва муассир набудааст. Беҳтар буд, аз роҳҳои дигар истифода шавад, на фишору боздошту ҷарима.”

Соли танзимҳо. ВИДЕО (31 декабри 2017)

"Маҳдуд шудани таҳсили духтарон дар донишкадаи исломӣ идомаи маъракаи маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар аст. Ин раванд ҳанӯз аз соли 2007 бо манъи ибодати занон дар масоҷид шурӯъ шуда, бо бастани марказҳои омӯзишии улуми мазҳабӣ, манъи рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид ва маҳдудиятҳо дар пӯшиши исломии занон идома дорад. Ҳоло ин маҳдудиятҳо, ба афзоиши раванди муҳоҷирати хонаводагӣ ба кишварҳои хориҷ боис шудааст. Онҳое, ки наметавонанд озод аз арзишҳои динӣ истифода баранд, маҷбуранд тарки ватан кунанд."

Донишкадаи исломӣ "писарона" мешавад. ВИДЕО (25 октябри 2017)

“Аз соли 1929 ба ин тараф дар Тоҷикистон ақди никоҳи динӣ мисли ақди никоҳи давлатӣ ба расмият шинохта намешавад. Дар инҷо ягон мантиқро намебинам, ки ӯро устодаш ё ягон нафаре, ки ба ӯ ихлосманд аст, никоҳ кунад. Бисёре аз сокинон ба пири солхӯрда ё як нафари ботақво эътимод доранд ва мехоҳанд хутбаи никоҳашон аз тарафи онҳо хонда шавад."

“Касе имом-хатиб нест, хутбаи никоҳ нахонад”. ВИДЕО (10 январи 2017)

"Гуфта мешавад, ки имом-хатибон ё муллоҳои қишлоқ вақте мебинанд дар ягон маърака касе эътироз мекунад, "ба равияи мо намоз намегузорад" гуфта хабар медиҳанд ва нисбати ин фард чора мебинанд. Тасаввур кунед, дар як маърака нишастед, ки баҳси ягон масъалаи иҷтимоӣ ба миён меояду ту норозигӣ мекунӣ. Муллои маҳалла ба шумо хусумат дошта бошад, мегӯяд, ин бача салафӣ аст, бурда маҳкамаш кунед. Ё ин Таҳрирӣ аст. Яъне, мешавад гуфт, ки як инсон метавонад қурбони ноадолатиҳо шавад."

Гурӯҳи вижа намозгузоронро назорат мекунад (4 марти 2016)

"Ҷавонон дар интихобот ширкат намекунанд, чун аз таҷрибаҳои қаблӣ медонанд, ки ба онҳо роҳ дода намешавад. Масалан, соли 2010 Комил Холов, наттоқи ҷавон, бо вуҷуди он ки аз ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекард, бо вуҷуди маҳбубияту маъруфияте, ки дошт, нагузашт. Ҷавонон мебинанд, ки ҳама кор дар ҷойҳои дигар ҳал мешавад, дигар ҳавсалаи ширкатро намекунанд."

Довталабии ҷавонон ба вакилӣ: Худҷӯш ё намоишӣ? (14 феврали 2015)

"Дар ҷомеаҳои ҷаҳони сеюм, ки дар баъзеи онҳо ба мисли Мисру Тунис инқилобҳо шуд, решаи асосии онҳо ҷавонон буданду ба майдон рехтанд. Имрӯз ҳукуматҳои кишварҳои осиёӣ бештар такя карданд рӯйи ҷавонон. Вобаста ба он ки мо дар марҳилаи пеш аз интихобот қарор дорем, ин гуна насиҳатҳо зиёд ба чашм мерасанд…"

“Маъракаи насиҳат” барои ҷавонон (18 марти 2013)

"Агар аз нигоҳи огоҳии сиёсии ҷавонон бигирем. нақши эҳтимолии онҳо дар интихобот камранг менамояд, аммо аз лиҳози ҷонибдорӣ онҳо ҳатман пушти номзади мавриди назари худ хоҳанд рафт."

Ҷавонон: "Чаро телевизион дар бораи интихобот чизе намегӯяд?" (14 августи 2013​)

"Ба нафаре мисли Рустами Эмомалӣ дар синни 26-солагӣ унвони генералӣ медиҳем, баъд ба мақоми давлатӣ ҳам мерасонем. Ин воқеан тарбияи як ҷавон аст. Вале агар ҳукумат метавонист дар баробари Рустам 5 ҷавони дигарро бо ҳамин роҳ ба воя расонад, тарбияи истеъдодҳо ба воқеият наздик мешуд ва он ба раванди табиӣ шабоҳат пайдо мекард. Дар шароити кунунии Тоҷикистон барои расидан ба мақоми давлативу ҳукуматӣ бояд “тақдирҷунбон” дошта бошед ва ё соҳиби сарвати ҳангуфт бошед. Ва ниҳоят бояд ҳар чӣ, ки аз ҷониби ҳукумат гуфта мешавад, розӣ бошед".

Парвариши истеъдодҳо ё тақсим ба худию бегона? (1 июни 2016​)

"Бо қабули баъзе қарорҳо ва қонунҳо, норозигӣ миёни ҷавонон бештар мешавад. Масалан, қонун бароварданд, ки нафарони то 18-сола ба масҷид нараванд. Вақте ки аз гирифтани таълими динӣ дар назди домуллоҳо пешгирӣ карданд, чун онҳоро ифротӣ мегуфтанд ё ба вуҷудоварандаи экстремизму терроризм дар ҷомеа. Пахши барномаҳои диниро аз тариқи ВАО кам карданд ва ҳамчунин бештар паст будани сатҳи зиндагии мардум ҷавононро ба саволҳои чарову барои чӣ бештар овард ва дар ҳамин замина пайдо шуд тундгароии дунявӣ."

“Тундгароии дунявӣ дар Тоҷикистон аз динӣ бештар аст” (4 январи

“Дар аввал мо ҳамдигарро нафаҳмидем ва ба ҳамдигар баланд - баланд ҳарф мезадем. Чун мо аз субҳ ба ноҳияи Қумсангир рафта будем, хаставу гурусна будем ва ҳатто асабӣ ҳам шуда будем. Онҳо ҳам ки ба гуфтаи худашон фармон иҷро мекарданд, дар ҳолати корӣ буданд, шаб шуда буд, чунин бархӯрд карданд. Аммо баъдтар сӯҳбатҳо ором сурат гирифт. Чун мо ба қонунҳои амалкунанда такя кардем ва этикаи журналистиро низ риоят кардем ва ҳамин тавр онҳо низ шеваи бархӯрдро дигар карданд.”

Д.Шарифов: "Даъвати мо ба шӯъбаи амният муаммост" (23 ноябри 2012​)

"Вақте мехоҳам ба табъи дилам дар Тоҷикистон зиндагиямро бисозам, бояд манфиатҳои чанд нафари дигарро зери по намоям. Аммо агар мо бихоҳем поку покиза ба ҳадафҳоямон бирасем, маҷбур мешавем аз кишвар фирор кунем. Аммо боз ҳам гурӯҳе аз афроди фаъол ҳастанд, ки имконияти аз Тоҷикистон берун рафтанро надоранд ва дар дохили кишвар бо омилҳои гуногуни зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсироти маҳалливу қавмӣ ва ҳатто ҳизбиву исломӣ рӯбарӯ мешаванду аз рушд бозмемонанд. Дар ин ҳолат онҳо маҷбур мешаванд ё ба ақиб баргарданд ва ё дар ҷояшон ба истилоҳе ях мебанданд."

Мардуми тоҷик бештар танбаланд ё пессимист? (23 августи 2012​)

“Имрӯз ҷавонон дар робита бо ҳаводиси Бадахшон тавассути интернет аз ҳар манбаъ иттилооти мухталифро дарёфт мекунанд ва тавре мушоҳида кардем дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони Бадахшон, ё аз рӯйи қаҳру ғазаб аст ё аз рӯйи нофаҳмӣ, ин воқеаро бар зидди мардуми ин минтақа унвон карда хашмгин шудаву ба эҳсосот дода мешавад. Мо талош мекунем бо ҷавонони бадахшӣ бо ҳар роҳ махсусан тариқи шабакаҳои маъруф мисли Фейсбуку Однаклассники бифаҳмонем, ки онҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷумҳурии Тоҷикистонанд, мо як миллатем ва гумон накунанд, ки ин амалиёт бар зидди онҳо равона шудааст.”

Facebook - Оинаи маҷозии рӯйдодҳои Хоруғ (26 июли 2012​)

"Диалог баргузор мешавад, муколама ва муошират мешавад. Мо мехоҳем, ки фазои ягонаи фаҳмиши ҷавононро дар Тоҷикистон ба вуҷуд биорем. Ҳозир ҷавонон вақте ба ҳам бархӯрд мекунанд, пуштигирии маҳалҳои мухталиф ба вуҷуд меояд, ё аз пушти як мансабдор ҷавонон ба ҳам ҷанг мешаванд. Мо мехоҳем, ки муошират ва як гуфтумони солимро дар миёни ҷавонон ба вуҷуд биорем."

"Қадам ба қадам" - созмоне алайҳи маҳалгароӣ (17 апрели 2012​)

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG