Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии дин-2017. Тоҷикистон дар феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос"


Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро дигарбора ба феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кард.

Ин гузориш рӯзи 19-уми ноябр нашр шуд ва таъкид мекунад, ки соли 2017 дар Тоҷикистон таъқиби афрод бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи "Салафия" идома ёфт ва як рӯҳонии калисои протестантӣ ва узви гурӯҳи "Шоҳидони Яҳво", пушти панҷара рафтанд.

Муаллифони гузориши озодиҳои динӣ ба ҳукумати ИМА машварат медиҳад, ки Тоҷикистонро ба анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ дар заминаи беҳбуди вазъи озодиҳои мазҳабӣ водор кунад.

Соли 2017, ба таъкиди муаллифони гузориш, назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ афзоиш ёфт ва мақомот ин навбат аломатҳои мазҳабӣ будани шахс, мисли доштани риш, пӯшидани ҳиҷоб, баргузории зиёфатҳои марбут ба арӯсиву маъракаи азоро зери назорат гирифтанд.

Инчунин, таълими олии динӣ маҳдуд шуда, талошҳо барои маҳдуд кардани таҷлили иди Рамазон мушоҳида шуд. Дар гузориш омадааст, ки хешовандони ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ва аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Вале мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи дини Тоҷикистон бо арзёбиҳои муаллифони ин гузориш розӣ нестанд ва мегӯянд, Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ "бидуни таҳилили воқеӣ" гузориши худро нашр кардааст.

Салафиҳо, иди Рамазону Қурбон, аққалиятҳои масеҳӣ....

Гузориши 221-саҳифаӣ, ки нӯҳ саҳифааш ба Тоҷикистон бахшида шудааст, мегӯяд, соли 2017 на камтар аз 20 нафар бо иттиҳоми пайравӣ ё узвият дар равияи "Салафия" пушти панҷара рафтанд ва дар миёни онҳо як кардиохирурги касбӣ Абдумалик Саломов ва ду дӯсташ ҳам мебошанд, ки бо ҳамин ҷурм ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Табиби тоҷик Абдумалик Саломов ба иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ шуд.
Табиби тоҷик Абдумалик Саломов ба иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ шуд.

Гузориш бо такя ба вебсайти "Форум 18" мегӯяд, ки сабаби аслии пушти панҷара рафтани мутахассиси собиқадори тиб дар қасдгирии бархе афрод мебошад.

Гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ инчунин аз таҳдиди мақомдоре ба намозгузорони масҷиди ғайрирасмие ҳам ёдовар шудааст, ки онҳоро дар салафигарӣ айбдор мекунад. Муаллифон мегӯянд, бо ин, ки ин мақомдор баъдан маҷбур шуд аз мардум узр пурсад, масҷид баста шуд.

Муаллифон мегӯянд, дар Тоҷикистон таҷлили Иди Рамазон ва Қурбон расман рӯзҳои таътил эълон шудаанд, аммо шогирдони мактабҳо ва донишҷӯёну кормандони сохторҳои давлатӣ соли 2017 натавонистанд ба "идгардак" бароянд ва бо талаби ғайрирасмӣ ҳама дар ин рӯзҳо ба дарс ва кор рафтанд. Муаллифон мегӯянд, ки асоси маҳдудкуниҳои шадид дар фаъолиятҳои динӣ соли 2009 гузошта шуд ва аз ҳамон замон ҳукумат чандин қонуни шадидкунандаи озодиҳои диниро қабул карданд.

"Масеҳиён ҳам ба маҳдудият рӯбарӯ ҳастанд"

Дар гузориш омадааст, ки маҳдудиятҳо инчунин ба намояндагони аққалиятҳои дигари динӣ, аз ҷумла масеҳиён рабт мегирад. Моҳи июл роҳиби калисои "Сонмин Сонбогим" дар Хуҷанд Баҳром Холматов ба се сол ва октябри порсол пайрави "Шоҳидони Яҳво" Даниил Исломов барои худдорӣ аз хидмат дар артиш бо андешаҳои мазҳабӣ, ба шаш моҳ маҳкум шуданд.

Ҳамон тавре, ки дар гузашта мақомот танқиди созмонҳои байналмилаливу давлатҳои хориҷиро аз маҳдуд шудани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон рад кардаанд, ин навбат низ масъулини Кумитаи дин бо интиқодҳои Вазорати умури хориҷии Амрико розӣ нестанд.

Мақомот гузоришро "бидуни таҳлили воқеӣ" гуфтанд

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Масъулини тоҷик гузориши нави Комиссияи озодиҳои динии Амрикоро матлабе "бидуни таҳилили воқеӣ" гуфтанд, ки муаллифон барои таҳияи ин гузориш, матолиби "матбуоти зард"-ро сарчашмаи худ қарор додаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи ин Кумита рӯзи 20-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин гузориш чанд "иттиҳомоти беасосе вуҷуд дорад, ки чун ҳарвақта бидуни ҳеҷ гуна таҳлили воқеӣ таҳия шудааст".

Ба таъкиди ин масъули Кумитаи дин, яке аз далелҳои дигаре, ки ноогоҳоии муаллифони гузориш аз вазъи воқеии Тоҷикистонро собит месозад, ин дар рӯйхати "маҳдудиятҳои динӣ" қарор додани маросимҳое чун "гаҳворабандон", тӯю азодорӣ, таваллуди кӯдак ва амсоли он мебошад.

"Сарчашмаи гузориш хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аст"

"Дин куҷою гаҳворабандон куҷо? Гаҳворабандон ва маросими дигари мазкур аслан динӣ набуда, дар муҳити Тоҷикистон чун маросимҳои оилавӣ шинохта шудаанд. Дигар ин, ки мардуми Тоҷикистон ҳоло зарурат ва нафъи қонуни асосии худро дарк кардаанд ва ҳеҷ эҳтиёҷе ба "ҳимоя"-и дигарон дар ин робита вуҷуд надорад". Афшини Муқим мегӯяд, муаллифони гузориши озодиҳои мазҳабӣ "хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ"-ро сарчашмаи худ қарор доданд, ки асоси воқеӣ надорад.

Мақомоти тоҷик ҳамеша таъкид мекунанд, ки аз афзоиши ақоиди мазҳабии ифротӣ нигарон ҳастанд ва талошҳои онҳо барои таҳти назорат даровардани фаъолиятҳои мазҳабӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бесуботии ҷомеа анҷом мешавад. Тоҷикистон як кишвари ҳаммарз бо Афғонистон аст ва солҳои охир мақомот аз хатари гурӯҳҳои ифротиву ҷангҷӯи мисли "Давлати исломӣ" ва Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Коршинос: "Озодиҳои мазҳабӣ маҳдудтар мешавад"

Коршиносони тоҷик, ки бо гузориши нави Комиссияи озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ ошно шудаанд, дар бархе маворид арзёбиҳои муаллифонро воқеъбинона меноманд. Далер Шарифов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шахсан худаш танҳо соли ҷорӣ барои доштани риши на он қадар дароз, чандин бор аз ҷониби пулис манъ шудааст.

Далер Шарифов, таҳлилгари тоҷик.
Далер Шарифов, таҳлилгари тоҷик.

Ӯ мегӯяд, чанд соли ахир марзи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳдудтар мешавад, вале бо вуҷуди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ, тавсияҳои ин ниҳодҳо аз сӯи мақомоти тоҷик ба инобат гирифта намешавад. Далер Шарифов мегӯяд, мақомот аз роҳи маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон, озодиҳои шахсии сокинонро ҳам поймол кардаанд.

Машваратҳо ба ҳукумати ИМА

Муаллифони гузориши озодиҳои динӣ ба ҳукумати ИМА машварат медиҳад, ки Тоҷикистонро ба анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ дар заминаи беҳбуди вазъи озодиҳои мазҳабӣ водор кунад, ба озодии зиндониҳои мазҳабӣ ва хатми таъқибҳои пулис пойфишорӣ кунад. Бархе мақомоти гунаҳгор дар поймолшавии ҳуқуқи инсон таҳрим ва сафари гузоришгари вижаи СММ оид ба озодиҳои динӣ иҷозат дода шавад.

Гузориши пурра дар ин ҷо қобили дарёфт аст:

https://www.uscirf.gov/sites/default/files/Tajikistan%202018_Russian.pdf

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG