Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонон: "Чаро телевизион дар бораи интихобот чизе намегӯяд?"


Аксари ҷавонон суол мегзоранд, чаро бо вуҷуди наздик шудани интихоботи раёсати ҷуҳмур, шабакаҳои телевизионӣ дар ин бора чизе намегӯянд?

Ҷавнони тоҷик дар қиёс бо солҳои гузашта ба сиёсат шавқмандӣ нишон медиҳанд, аммо ин ҳолат, ки дар фосилаи се моҳ то интихот ҳанӯз маълум нест, ки номзад кӣ аст ва интихобот чӣ гуна баргузор мешавад, онҳоро ҳайрон кардааст.

Бархе аз ҷавонон мегӯянд, ба интихоботи президентии кишвар замоне майл хоҳанд кард, агар корзори он озоду одилона бошад ва номзадҳои қавию арзандае ба саҳна бароянд. Ин ақида дар ҳоле баён мешавад, ки ҷавонони тоҷик умдатан ба интихоботҳо назари бепарво доштанд ва мегуфтанд, чунин маъракаҳо чизеро дар кишвар иваз намекунанд.

Сокини шаҳри Душанбе Маҳинаи 25-сола дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар телевизионҳои кишвар роҷеъ ба интихобот тақрибан чизе гуфта намешавад. Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки то интихобот вақти зиёде намондааст ва дар кишварҳои дигар сабқат як ё ҳато ду сол пеш аз рӯзи овоздиҳӣ шурӯъ мешавад. Вай афзуд: «Масалан дар телевизионҳои давлатӣ ҳеҷ номзадеро аз ҷумлаи роҳбарони сиёсӣ намебинем, ки номзадияшро тарғибу ташвиқ кунад. Аз аҳзоби мухолифин низ ҳеҷ кадомашон дар телевизионҳои давлатӣ роҳ дода намешаванд. Феълан ҳеҷ чиз дар бораи интихобот ҳам нест, ҳама хомӯшӣ.Танҳо як умед ба интернет аст, ки худи ман тариқи он огаҳӣ пайдо мекунам."

Маҳина камбуди иттилоъро бар зарари интихобот медонад ва ба ин ҳам ишора мекунад, ки дастрасии ҷавонон ба интернет дар кишвар маҳдуд аст. Аммо, ба ақидаи ӯ, он даҳ дарсади ҷавонони тоҷик, ки ба интернет дастрасӣ доранд, аз қишри фаъоли ҷомеа ба шумор мераванд ва метавонанд ба дигар қишрҳои интихобкунанда таъсири худро расонанд: "Ман танҳо феълан ҳамин маълумотро дорам, ки эҳтимолан ва шояд Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, номзадияшро пешбарӣ кунад. Дигар ҳеҷ намояндаеро намешиносам, ки номзадияшро пешниҳод карда бошад. Аз ин хотир шояд ба ҳамин номзад ман овоз медиҳам. Ва агар нашуд, шояд ба ҳеҷ кас овоз намедиҳам ва мераваму номи ҳамаи номзадҳоро хат мезанам.»

Ба назари Маҳина камрангии нақши ҷавонон дар таъйини сарнавишти интихобот ба муҳоҷират бастагӣ дорад. Вай мегӯяд, бахши аз ҳама фаъол ва зираки ҷавонон ҳоло дар Русия ба сар мебаранд, аммо дақиқ нест, ширкати онҳо дар интихобот чӣ гуна таъмин карда мешавад.

Аммо теъдоди ҷавононе, ки ҳамақидаи Маҳинаанд, шояд зиёд набошад. Мусоҳиби дигари мо Акрам, ки 23 сол дорад, мегӯяд, ба масоили сиёсӣ ва ҳамчунин интихобот чандон таваҷҷӯҳ надорад, ҳарчанд дар раъйдиҳӣ ширкат хоҳад кард ва ба тарафдолрӣ аз номзади дилхоҳаш раъй хоҳад дод. Гузашта аз ин Акрам аллакай медонад, овозашро ба кӣ хоҳад дод. Вай гуфт, «дар бораи ин маъракаи сиёсӣ он қадар маълумот надорем.Фақат Эмомалӣ Раҳмонро мешиносам ва овозамро ба ӯ медиҳам. Барои ман ҳамин мустақилияту сулҳу амонӣ бошад, кифоя ҳаст. Аммо агар то ин вақт ягон нафаре мебуд, ки барои пешрафт коре мекарду худро нишон медод, мумкин ба ҷонибдории вай овоз медодам. Аммо чун то имрӯз чунин нафарро надидааму намешиносам, ба касе овоз медиҳам, ки мешиносам.»

Дар ҳамин ҳол Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон бар ин аст, ки ҷавонон, ҳарчанд нерӯи аосоиро ташкил медиҳанд, аксарият берун аз Тоҷикистонанд. Аммо ба гуфтаи вай аз баҳсҳои интернетӣ мушоҳида мешавад, онҳое, ки дар дохили кишваранд ба ду сангар ҷудо шудаанд, ҷонибдорони ҳукумати феълӣ ва онҳое, ки аз нерӯҳо ва аҳзоби мухолиф ҳимоят мекунанд.

Далер мегӯяд, "агар аз нигоҳи огоҳии сиёсии ҷавонон бигирем. нақши эҳтимолии онҳо дар интихобот камранг менамояд, аммо аз лиҳози ҷонибдорӣ онҳо ҳатман пушти номзади мавриди назари худ хоҳанд рафт."

Ин мусоҳиби мо гуфт, нерӯи севвум аз ҳисоби ҷавонон дар кишвар мушаххас нашудааст. Далер меафзояд, «агар бо омадани Зайд Саидов нерӯи ҷавонон марказгаро мешуданд ва аз пушти идеяҳои вай мерафтанд, қувваи сеюм ба вуҷуд меомад. Вале ин қувва, ки феълан таҳти фишор пахш шудааст, дигар ҷавонон дар ду сангар ҳастанд. Яъне ба гӯрӯҳи якум тарафторони перзиденти фаълӣ ва командааш дохил мешавад, ки аслан ба он фарзандони мансабдорону, наздикони ҳукумат, онҳое, ки аз ҳисоби ҳукумати феълӣ таҳсил кардаанду камубеш зиндагияшонро ба роҳ монаданд, шомиланд ва пушти ҳамин сиёсат мераванд.Ва дигарон онҳое ҳастанд, ки аз ин сиёсат ҷабр дидаву розӣ нестанд, муҳоҷиранд, бекоранд таҳсил кардан натавонистанд, онҳо дар ҷабҳаи дигар қарор доранд ва интизори онанд, ки кӣ номзадияшро мегузорад. Дар ин байн теъдоде аз ҷавонон низ ҳастанд, ки бетарафанд.»

Бо он, ки то интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон камтар аз 3 моҳ боқӣ мондааст, ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳарчанд бо кундӣ ҳам бошад, пеш меравад. Аз ҷумла ахиран Абдуҳалим Ғаффоров, ки аз тарафи Вазорати адлияи Тоҷикистон раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон эътироф шудааст, эълон намуд, ки барои курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мубориза хоҳад кард.

Ҳамзамон Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 27 июл аз сӯи аҳзоби умдаи мухолиф – ҲНИТ ва ҲСДТ ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ташкил шуд, ҳадаф дорад, то дар интихоботи президентии моҳи ноябр номзади ягонаи худро пешбарӣ кунад. Ҳарчанд то ба ҳол машваратҳое, ки дар толори ҲНИТ аз шанбе ба шанбе баргузор мешаванд, сари шахсият, барномаи интихоботӣ ва ҳатто баъдиинтихоботии ин номзад идома доранд, аммо худи номзади ягона ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки интизор меравад, баъди бозгашти Маҷлиси намояндагон -- палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътил дар рӯзи 15 август масъалаи таъйини рӯзи интихобот низ матраҳ шавад. Рӯзи интихоботро дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ - эълон мекунанд. Маъракаи таблиғотии интихоботӣ дар Тоҷикистон ду моҳ қабл аз рӯзи интихобот шурӯъ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG