Қуандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон, ба ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шуд.
Ҳукумати "Толибон" рӯзи 12-уми май хабар дод, ки бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар Афғонистон камаш 315 нафар ҷон бохта, беш аз 1600 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти Эрон бо низомиҳои Нигерия, ки қудратро дар даст доранд, дар бораи гирифтани 300 тонна консентрат ё маъдани ғанишудаи уран пинҳонӣ гуфтугӯ мекунанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати чор сол тақрибан 400 ҷинояти вобаста ба қочоқи инсон, аз ҷумла чор мавриди одамрабоӣ ва 45 мавриди хариду фурӯши кӯдаконро ошкору сабт карданд.
Вазорати кишоварзии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки воридоти тухми мурғро ба ин кишвар муваққатан боздоранд.
Бо гузашти беш аз ду ҳафта, мақомоти Узбекистон ба таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ вокуниш накардаанд. Дар он таҳқиқот даҳҳо миллион доллар зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон ба буҷаи ин кишвар ошкор шуда буд.
Ҳазорҳо маъмури пулис ва нерӯҳои вижаи Гурҷистон субҳи 13-уми май баъд аз задухӯрд бо тазоҳургарон дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) тавонистанд аз чор даромадгоҳи порлумони ин кишвар дуторо аз эътирозгароне, ки тамоми шаб онҷо буданд, холӣ кунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки як афсари Хадамоти гумруки ин кишварро ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт кардааст.
Президенти Русия Владимир Путин вазири дифоъ Сергей Шойгуро сабукдӯш ва котиби Шӯрои амнияти кишвараш таъйин намуд.
Вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон 11 май гуфтугӯҳо дар робита ба созишномаи сулҳ миёни ду кишварро дар шаҳри Алматои Қазоқистон дубора оғоз карданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини шаҳрвандони кишвараш бо ҷойи кор ва даромади онҳоро баррасӣ кардааст.
Содиқи Зебокалом, устоди 75-солаи донишгоҳи Эронро рӯзи 12-уми май дастгир кардаанд.
Ёфтҳои бештар