Пайвандҳои дастрасӣ

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба эҳтимоли зиёд баъд аз чаҳор соли дигар, сирф як муассисаи писарона мешавад. Дар соли таҳсили нав ба ин донишкада ягон духтар дохил нашуд. Масъулини ин муассисаи таълимӣ сабаби ин тасмимро дар мушкили духтарони хатмкардаи ин муассиса дар пайдо кардани ҷои кор мегӯянд, вале вале нозирони умур мӯътақиданд, ки мушкил хеле амиқтар аз ин аст.

"Духтарҳо таваҷҷӯҳ намекунанд..."

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон 24-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дидгоҳи насли ҷавон дар кишвар тағйир кардааст ва онҳо бештар дар зиндагӣ мустақилияти молиявӣ ва иқтисодии худро фикр мекунанд. Раиси танҳо муассисаи олии исломӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки таваҷҷӯҳи духтарҳо барои таҳсил дар ин ришта хеле коҳиш ёфтааст, чун онҳо наметавонанд бо дипломи худ ҷойи кор пайдо кунанд.

Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, ҳоло ҳукумат мехоҳад, занонро дар самти дунявият роҳнамоӣ кунад, то онҳо тавонанд фарзандони худро дар ҳамин рӯҳия бузург кунанд.

Вай гуфт: "Ҳоло духтарон бештар ба касбҳои омӯзгориву табибӣ шавқ доранд ва мехоҳанд дар ин риштаҳо таҳсил кунанд". Ба ин далел ҳам дар як соли ахир даҳҳо донишҷӯдухтар аз ин муассиса ба донишгоҳҳои олии дигар барои касбомӯзӣ гузаштанд. Раиси донишгоҳ гуфт, ҳоло дар ин донишкада бештар аз 250 духтар дар курсҳои болоӣ таҳсили худро идома медиҳанд. Ҳамзамон раҳбарияти донишкада сару садоҳо дар бораи манъ шудани таҳсили духтарон дар ин муассисаи таълимиро комилан рад мекунанд ва мегӯянд, "худи духтарон дигар омӯзиши таҳсили диниро қабул надоранд."

"Аризаи духтарамро нагирифтанд"

Вале як падар, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, соли ҷорӣ вақте мехост духтараш дар ҳамин донишкада таҳсили олӣ бигирад, дар ин муассиса ба онҳо гуфтанд, ки имсол имкони қабули духтаронро надоранд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудиятҳое, ки дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба муқаррароти марбут ба либоси мазҳабии занону духтарон ҷорӣ шуда, пӯшидани сатру ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ шудааст, бархе мегӯянд, эҳтимолан як сабаби таваҷҷӯҳи ками духтарҳо ба таҳсил дар мактаби олии исломӣ ҳам дар ҳамин аст.

Тоҷиддин Асомуддинзода
Тоҷиддин Асомуддинзода

Дар ду соли гузашта мақомоти кишвар бо ташкили чанд даври “рейдҳои фаҳмондадиҳӣ” дар кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои ҷамъиятӣ, ҳазорҳо занону духтарони ҳиҷобпӯшро талош карданд аз фикри ба бар кардани либоси мазҳабӣ баргардонанд. Дар Маркази миллии тестӣ ҳам гуфтанд, ки дар соли хониши 2016-2017 ягон духтар ба ин донишкада шомил нашудааст.

20 соли фаъолияти Донишкадаи исломӣ

Донишкадаи исломӣ, ки соли 1997 таъсис шудааст, то соли 2007 ба унвони муассисаи мустақили таълими дини ислом фаъолият мекард ва аз кӯмакҳои молии кишвару созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Бонки исломӣ бархӯрдор буд. Даҳ соли қабл бо қарори ҳукумат ба ихтиёри Вазорати маорифи Тоҷикистон гузашт ва як муассисаи олии давлатӣ шуд. Барномаи таълим дар ин донишгоҳро вазорати маориф тасдиқ мекунад. Ин ягона муассисаи олии динӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 1100 нафар донишҷӯ дорад.

Дар чанд соли ахир ин таълимгоҳ чандин тағйиротро пушти сар кард. Чанд соли пеш мақоми донишгоҳи исломӣ ба донишкада иваз шуд. Дар гузашта дар баробари писарон шумори духтарони хостори омӯзиши улуми динӣ зиёд буд. Духтарон дар бинои дигар ва дар алоҳидагӣ аз писарҳо таҳсил мекарданд, аммо дар солҳои ахир таҳсили онҳо ҳам бо писарон дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуд.

Муҳассилони ин донишгоҳ дар баробари улуми динӣ, забонҳои форсиву арабӣ ва англисӣ ва ҳам компютерро аз худ мекунанд. Духтарҳои хатмкардаи ин донишгоҳ соҳиби ихтисоси донандаи фиқҳ, улуми Қуръон ва филологияи Шарқ мешуданд. Вале аксари ин духтарҳо, ки бо пешбурди карера аз рӯии ихтисоси донишгоҳии худ мушкил пайдо мекунанд, дар ниҳоят бештар ба ҳайси бибиотунҳо ё бонувони рӯҳонӣ, фаъолият мекунанд.

Бибиотунҳо ҳам таҳти назорат даромаданд

Ҳукумати Тоҷикистон, ки хатари тундгароии мазҳабӣ ва ифротишавии ҷомеаро чолиши рақами яки ҷомеа унвон кардааст, дар чанд соли охир тамоми фаъолиятҳои марбут ба дину мазҳабро таҳти назорати шадид гирифтааст. Ҳамаи масҷиду мадрасаҳои динӣ аз санҷиши давлат гузашта, имомхатибон имтиҳони саводи динӣ супурданд, кормандони масҷидҳои расмӣ аз давлат маош мегиранд ва ҳатто либоси онҳо ҳам танзим шуд. Ҳузури ҷавонҳои то 18-сола ва занҳо дар масҷид манъ шуд.

Соли 2015 мақомот иштироки бонувони рӯҳонӣ дар маъракаҳои занонаро ҳам зери назорат дароварданд ва гуфтанд, ки ба хотири роҳ надодан ба сӯҳбатҳои дорои мазмуни ифротӣ ва таблиғкунандаи ақидаҳои гурӯҳҳои хатарзои мисли “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва Ҳаракати исломии Узбакистон, кори бонувони рӯҳонӣ ҳамбояд назорат ва танзим шавад.

Таҳсили динӣ “як дардисар” шуд

Бархе аз хатмкардаҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ин назаранд, таҳсили духтарон дар ин мактаби олии динӣ ба шароити ҷомеа вобастагии шадид дорад. Онҳо мегӯянд, дар муборизаи мақомот бо ифротгароии динӣ, бархе аз муҳассилони мактабҳои динӣ ҳам бо иттиҳоми тарафдорӣ аз ақидаҳои ифротӣ, ба зиндон рафтаанд. Аз ин рӯ, ба бовари онҳо, таҳсил дар муассисаҳои динӣ барои як ҷавон метавонад “як дардисар” шавад.

Аз сӯи дигар, мисли бисёр ихтисосҳои дигар дар Тоҷикистон, барои дипломдорони ин муассисаи динӣ ҳам дар кишвар мушкили пайдо кардани кору даромад вуҷуд дорад. Ҳусноро Оева, яке аз хатмкардаҳои ин донишкада мегӯяд, бо гузашти 7 сол наметавонад барояш кори мувофиқ ба ихтисосаш пайдо кунад. Ӯ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳабӣ, ки сару либосаш мутобиқи он аст, дари идораҳои давлатиро барояш пӯшида мебинад.

Ҳарчанд ӯ дар ин донишкада дар баробари омӯзиши илми Қуръону ҳадис, забонҳои хориҷӣ ва ҳам барномаҳои компюериро аз худ кардааст. Вале мегӯяд, дар Тоҷикистон донандагони компютер зиёданду ҳама ҷои кор доранд, аммо онҳое, ки дониши динӣ гирифтаанд, дар Тоҷикистони дунявӣ барои худ ҷои кор ва соҳаи фаъолияти расмӣ намеёбанд.

Далер Шарифов
Далер Шарифов

Аз сӯе, бархе нозирон мегӯянд, дар шароити кунунӣ аз пазириши духтарҳо ба муассисаи олии динӣ парҳез кардани донишгоҳ мантиқӣ ба назар мерасад. Вале Далер Шарифов, як таҳлилгари ҷавон маҳдуд шудани таҳсили духтарон дар донишкадаи исломиро идомаи маъракаи маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар медонад.

Ба гуфтаи ӯ, ин раванд ҳануз аз соли 2007 бо манъи ибодати занон дар масоҷид шурӯъ шуда, бо бастани марказҳои омӯзишии улуми мазҳабӣ, манъи рафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид ва маҳдудиятҳо дар пӯшиши исломии занон идома дорад. Вай гуфт, ҳоло ин маҳдудиятҳо, ба афзоиши раванди муҳоҷирати хонаводагӣ ба кишварҳои хориҷ боис шудааст. Чун ба таъкиди Далер Шарифов, онҳое, ки наметавонанд озод аз арзишҳои динӣ истифода баранд, маҷбуранд тарки ватан кунанд.

Занон ҳам ба самти дунявият раҳнамоӣ мешавад

Аммо бархе ҷомеашиносон мегӯянд, ҳоло ҳукумат мехоҳад, занонро дар самти дунявият роҳнамоӣ кунад, то онҳо тавонанд фарзандони худро дар ҳамин рӯҳия бузург кунанд. Духтарҳо дар оянда модар ва масъули аслии тарбияи насли ҷавон мешаванд ва тарбияи зеҳнии кӯдак ҳам аз онҳо шадидан бастагӣ мегирад. Вале ин масъала ҳам ду паҳлӯ дорад, мегӯянд дигар коршиносон. Мизони хурофоту ҷаҳолат дар миёни занҳои камсавод хеле зиёд аст ва набуди саводи динӣ дар тарбияи фарзандонашон таъсиргузор мешавад.

Ҷомеашинос Карима Қаландарова мегӯяд, "дар баробари таълимоти динӣ, занҳо бояд аз илмҳои дунявӣ ҳам бархӯрдор бошанд ва касб омӯзанд. Зеро табиист, ки аксари духтарони тоҷик ба улуми динӣ дар ростои таҳоҷуми фарҳангии хориҷӣ майл пайдо мекунанд, аммо тазод дар ин аст, ки таълими динии занон ба фарқ аз мардон сусту пароканда аст ва дар ниҳояти амр боиси боз ҳам нақз шудани ҳаққи онҳо мешавад".

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон баъди беш аз ду даҳсолаи пошхӯрии шӯравӣ, ки як давлати атеистӣ ё бедин буд, талош дорад ҳуввияти милливу мазҳабии худро муайян ва танзим кунад, то аз тафриқаву ихтилофҳои мазҳабӣ, ҷилавгирӣ шавад. Дар ин самт, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, муҳим аст, ки ҳаққи шаҳрвандон барои озодии интихоб эҳтиром шавад, то ки назорати аз ҳад зиёду монеагузориҳо дар риояи озоди эҳсосоти мазҳабӣ, натиҷаҳои баръакс ба бор наорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG