Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов


Далер Шарифов

Додгоҳи шаҳри Душанбе талаби раҳоии Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷикро рад кард. Қаблан вакилони мудофеи ӯ аз додгоҳи пойтахт хоста буданд, ки Шарифовро дар замони тафтиши парвандааш озод кунанд.

Далер Шарифов рӯзи 30-юми январ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду моҳ ҳабс шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ муттаҳам карданд. Пайвандонаш иттиҳомро беасос мешуморанд.

Абдуоаҳмон Шарифов
Абдуоаҳмон Шарифов

Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева, вакилони мудофеи Далер Шарифов, рӯзи 4-уми фверал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Душанбе расман дархости онҳоро дар бораи озодии нафари зери ҳимояти онҳо рад кардааст.

Онҳо гуфтанд, рӯзи сешанбе бо Шарифов дар боздоштгоҳ вохӯрданд ва рӯзноманигор "аз раванди тафтишот шикоят надорад". Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба ингуна изҳорот бо шубҳа нигаристаанд.

Вакилони дифоъ ҳамчунин гуфтанд, вазъи саломатии Далер Шарифов "қаноатбахш аст".

Бо рад шудани дархости вакилони дифои Далер Шарифов аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе, ӯ то ду моҳи дигар дар боздошт мемонад. Чизе, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигоронро дар Тоҷикистон нигарон кардааст.

Ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон, даҳҳо журналист ва масъули бахши озодии матбуотии САҲА озодии Далер Шарифовро талаб доранд.

Созмонҳои ҷамъиятиву журналистии Тоҷикистон рӯзи 3-бми феврал дар изҳороте гуфтанд, боздошти Шарифов "дар остонаи ду руйдоди муҳим дар кишвар -- интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад".

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнигорони тоҷик рӯзи 31-уми январ боздошти рӯзноманигор Далер Шарифовро маҳкум кард ва қарори ҳабси пешакии ӯро "ғайриқонунӣ ва беадолатона" донист.

Далер Шарифов, рӯзи 30-юми январ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз панҷ рӯзи боздошт, Шарифовро ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремист", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд.

Вале наздикони Далер Шарифов ва бархе аз созмонҳои журналистӣ ба ин гуфтаҳо бовар надоранд ва мегӯянд, рӯзноманигор дар ҳеч мақола кинаву адоватро барнаангехтааст.

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG