Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд


Ҳашт созмони ҷамъиятиву журналистӣ ва даҳҳо хабарнигори тоҷик бо нашри як изҳорот аз боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик шадидан нигаронӣ кардаанд. Мақомот Шарифовро рӯзи 30-юми январ бо гумони "барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ" ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Аммо наздикон ва дӯстони Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд.

Созмонҳои ҷамъиятиву журналистии Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтанд, боздошти Шарифов "дар арафаи ду руйдоди муҳим дар кишвар -- интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад".

Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи сеюми феврал бо имзои 35 хабарнигор ва 8 созмони журналистӣ нашр шуд. Дар ин баёнияи худ, онҳо аз аз мақомот талаб кардаанд, то қарори ҳабси Далер Шарифов дар давраи тафтишот бекор карда шавад. Ҳамчунин созмонҳои журналистӣ хостаанд, таҳқиқи қазияи Далер Шарифов "воқеъбинона ва бо риояи тамоми кафолатҳои озодии баён", сурат бигирад.

Ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон дар изҳороти худ аз таъкиду тавсияҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар робита ба озодии баён ёдрас шуда, таъкид кардаанд, ки "Тоҷикистон борҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ тавсияҳо гирифтааст, ки таҷрибаи фишор ба озодии сухан ва изҳори ақида дар кишварро хотима диҳад".

Дар зери ин изҳорот аз ҷумла, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии "Хома", "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", Дунёи ҳуқуқ", "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Перспектива+" ва Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" имзо гузоштанд.

Далер Шарифов, рӯзи 30-юми январ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам медонанд. Иттиҳоме, ки наздикон ва дӯстони Шарифов онро беасос мехонанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз панҷ рӯзи боздошт, Шарифовро ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд.

Вале наздикони Далер Шарифов ва бархе аз созмонҳои журналистӣ ба ин гуфтаҳои мақомот бовар надоранд ва мегӯянд, рӯзноманигор ба ҳеҷ ваҷҳ даст ба барангехтани кинаву адоват назадаааст. Аз ҷумла, Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнигорони тоҷик рӯзи 31-уми январ боздошти рӯзноманигор Далер Шарифовро маҳкум кард ва қарори ҳабси пешакии ӯро "ғайриқонунӣ ва беадолатона" донист.

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.

Ӯ рӯзи 28-уми январ барои "суҳбат" даъват шуда, дигар раҳо нагардид. Дар оғоз мақомоти амниятӣ гуфтанд, ӯро бозпурсӣ мекунанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30-юми январ амр дод, ки ӯ ду моҳ дар ҳабс бимонад.

Вакилони мудофеъ ва баъзе аз созмонҳои хабарнигорӣ раҳоии ӯро талаб кардаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин дархост ҷавоб надоданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG