Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон сафирашро ба Сурия мефиристад


Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои Ироқ. Акс аз бойгонӣ.
Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои Ироқ. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз ҳудуди Сурия ба масъулони сафоратхонаи ин кишвар дар Кувайт супориши сафар ба ин давлати ҷангзадро дод.

Дар паноҳгоҳҳое дар минтақаи марзӣ миёни Ироқ ва Сурия бештар аз 50 зану кӯдаки тоҷики аъзоёни гурӯҳи тундрави ДИИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Ин минтақа таҳти назорати ҷангиёни курд қарор дорад.

ВКХ Зубайдзодаро ба Сурия мефиристад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ супориш додааст, ки то моҳи март ба ин минтақа сафар намуда, роҳи ҳарчӣ зудтар баргардонидани занону кӯдаконро пайдо кунад. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ эълон кард, ки "дар самти баргардонидани шаҳрвандон аз Сурия корҳоро оғоз кардаанд".

Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия комилан аз Ироқ фарқ мекунад. Онҳо дар Сурия дар паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳеҷ парвандае низ нисбаташон боз нашудааст.

"Дар вақтҳои наздик, албатта, яке аз сафирони худро барои мулоқотҳо ба он кишвар ва сӯҳбат бо намояндагони тамоми сохторҳо, мо ба Сурия равон мекунем. Ҳаракат мекунем, ки ҳамаи шаҳрвандон, пеш аз ҳама кӯдаконро ба ватан баргардонем",-гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тоҷикистон як соли пеш ба баргардонидани зану кӯдакони аъзоёни ДИИШ аз Ироқ сар кард, вале то кунун ҳеҷ иқдомеро дар мавриди Сурия анҷом надодааст. Соли гузашта чанд кӯдакро аз Ироқ баргардонданд ва ҳоло 43 зан ва 92 тифли тоҷик дар Бағдод сабти ном шудааст ва барои бозгардонии 75 кӯдак ризоияти волидайни зиндониашон гирифта шудааст.

Вазъи боздоштшудаҳо аз Ироқ то Сурия

Беш аз 30 кӯдаки тоҷик дар Бағдод камтар аз се сол доранд ва дар ҳудуди таҳти назорати ДИИШ ба дунё омадаанд. Модарони онҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ ҳукмҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ҳукми абад ва ҳатто ҳукми қатл гирифтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани ҳар кӯдак 500 доллар ҷарима бояд супорад. Ин ҷарима ба хотири ғайриқонунӣ ворид шудани волидайни кӯдакон ба хоки Ироқ аст.

Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия комилан аз Ироқ фарқ мекунад. Онҳо дар паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳеҷ парвандае низ нисбаташон боз нашудааст. Мақомоти курд борҳо эълон кардаанд, ки ҳар кишвар имкони бе мушкил берун кардани шаҳрвандонашро дорад.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт рӯзи 13-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то моҳи март ба Сурия сафар мекунад. Ӯ гуфт, барои иҷозаи сафар аллакай ба ниҳодҳои лозим мактуб фиристодааст.

Бархе занони тоҷик беш аз як сол дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, бархеи дигар ду ҳафтаи қабл, пас аз озодсозии чанд деҳа аз дасти ДИИШ ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтанд.

Эълони Тоҷикистон занони тоҷикро хушҳол кард

Эълони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон аз Сурия занҳои тоҷикро хушҳол кардааст. Робия, як зани 35-солаи тоҷик, ки як солу ду моҳ боз дар паноҳгоҳе дар вилояти Ал- Ҳасакаҳи Сурия қарор дорад, гуфт, "ин эълон хуштарин хабаре буд, ки дар чор соли ахир шунид". "Чор соли ахир" аз сафараш дар соли 2015 ба шаҳри Раққаи Сурия ҳисоб мешавад. Ин шаҳр то охири соли 2017 дар дасти ДИИШ буд.

Ин зан мегӯяд, эълони Вазорати корҳои хориҷӣ фавран миёни занҳо дар паноҳгоҳҳо паҳн шуд ва умедвориеро дар қалбашон бедор кардааст. "Дар ин чор сол бемории дил шудам. Вазъи сиҳатиам бад аст, вале ба хотири ду кӯдакам бояд сабр кунам. Онҳоро то Тоҷикистон расонам, ҳаволаи худам ба Худо. Бисёр хурсанд шудем, ки ҳукумат мо гумроҳшудагонро ба ватан бармегардонад",-гуфт ӯ.

Роҳ ва замони амалӣ шудани эълони ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия маълум нест. Мушкили аслӣ ин аст, ки занону кӯдакон дар минтақае нигаҳдорӣ мешаванд, ки хориҷ аз назорати ҳукумати Башшор Асад аст.

Гурӯҳҳои низомии курд низ дар ин минтақа зоҳиран дар инзивоъ қарор доранд. Аз як сӯ бо ДИИШ меҷанганд, аз сӯи дигар бо ҳукумати Башор Асад мушкил доранд. Роҳҳое, ки то ин минтақа мебарад, аз ҷониби Ироқ ва Туркия баста аст. Чун ин ду кишвар низ бо далелҳои сиёсӣ нерӯҳои низомии курдро хуш надоранд.

Таҷрибаи Қазоқистон

Қазоқистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки моҳе пеш, бо вуҷуди чунин мушкилиҳо наздики 50 тан аз шаҳрвандони худро аз Сурия ба ватан баргардонд.

Тороқул Дооров, раҳбари бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Тороқул Дооров, раҳбари бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Ҳукумати Қазоқистон роҳҳои баргардонии шаҳрвандонашро шарҳ надод, вале дар баёнияи расмӣ гуфт, ки "ин корро бо кӯмаки як кишвари дӯст" анҷом додааст. Ҳавопаймои ҳарбии Қазоқистон мустақим ба ин минтақаи таҳти назорати курдҳо парвоз кард. Занону кӯдакон ва бархе мардони боздоштшуда, ки зоҳиран ҷагҷӯёни ДИИШ буданд, ба ин кишвар баргардонд.

Тороқул Дооров, раҳбари бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, моҳи январ дар бораи маъракаи баргардонидани шаҳрвандони Қазоқистон аз Сурия шахсан Нурсултон Назарбоев изҳорот дод. Ба гуфтаи ӯ, филми пурэҳсосе ҳам дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, ки бештар ҷанбаи сиёсӣ дошт ва бештар руйи нақши Нурсултон Назарбоев дар ин маърака таъкид мекард.

Ба гуфтаи Дооров, пас аз бозгашт нисбат ба бархе мардону занон барои ширкат дар ҷангҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шуд, вале аксаран дар маконҳои вижае ба кӯмаки равоншиносон фаро гирифта шудаанд, то барои бозгашт ба зиндагии маъмулӣ роҳашонро ҳамвор кунанд.

"Қазоқистон шеваи баргардонидани шаҳрвандонашро шарҳ надод. Лекин ин кишвар борҳо мизбони ҷонибҳои даргири Сурия барои сулҳ буд. Таҷрибаи гуфтугӯ бо гурӯҳҳои гуногунро дорад. Фикр мекунам, ки мизбонӣ аз гурӯҳҳои гуногун ва ҳукумати Сурия ба ин кор низ кӯмак кард",-гуфт Дооров.

"Баргардонидани онҳо ба нафъи мо ҳаст"

Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик.
Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик.

Ба ҳудуди таҳти назорати ДИИШ ҳазорон нафар аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла ҳудуди 5 ҳазор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рафтаанд. Тоҷикистон дуюмин кишварест, ки ҷиддан барои баргардонидани шаҳрвандонаш талош дорад. Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон зоҳиран ҳанӯз ҳеҷ талошеро оғоз накардаанд.

Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ба хотири ҷилавгирӣ аз номанӣ дар оянда низ кӯмак мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати барнагардонидани шаҳрвандон ва давомдор будани ҷанги Сурия, имкони ба гурӯҳҳои дигари тундрав пайвастани фарзандони ин занҳо вуҷуд дорад.

"Барнагардонидани онҳо барои Тоҷикистон ва минтақа метавонад хатар дошта бошад. Ба ҳар сурат, ин таҷрибаи талхро дар ҷанги шаҳрвандӣ доштем. Бисёре аз кӯдакон дар Афғонистон ё Покистон монданд. Баъдан, исмҳояшон чанд сол пас дар расонаҳо ҳамчун ҷангии гурӯҳи "Ҳаракати исломии Узбекистон", "Ҳизбу-ут таҳрир” ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафкан пайдо шуд. Баргардонидани онҳо ба нафъи мо ҳаст”-гуфт ӯ.

Эълони Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз Сурия дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, то чанд рӯзи дигар ДИИШ дар ин кишвар пурра шикаст мехӯрад. Ҳоло ин гурӯҳи тундрав, ки соли 2014 қисматҳои бузурге аз Сурияву Ироқро ишғол карда буд, дар чанд деҳае дар хоки Сурия боқӣ мондааст.

Беш аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна барои пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав сафар кардаанд. Ҳоло ба ҷуз, аз занону кӯдакон ва теъдоде аз мардони боздоштшуда сарнавишти аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маълум нест.

XS
SM
MD
LG