Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз театр ба музей. Муллоҳои тоҷик дунявӣ мешаванд. ВИДЕО


Мақомоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон имомҳо ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои Осорхонаи миллӣ ҷалб кардааст.

Муҳаммадҷон бори аввал акси Зардуштро дид

Дастнавиcҳои Қуръони Карим, сиккаҳои тилоиву нуқрагии қарнҳои 15-16, намои Зардушт ва осори боқимондаи он давра дар осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҷузъе аз диданиҳои Муҳаммадҷон Аминов, имоми намози панҷвақта аз шаҳри Турсунзода аст.

Аминов мегӯяд, тамошои осорхона барояш ҷолиб буд, чунки аз гузаштаи худ огоҳ мешавад ва метавонад дар баробари донишҳои динии худ, ба дигарон дар бораи таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷикон маълумот диҳад. "Масалан дар бораи Зардушт бисёр шунида будам, вале имрӯз бори аввал акси ӯро дидам. Инҷо бисёр чизҳои таърихӣ дорад, ки аз тамошои он барои худ маълумоти зиёд мегиред. Аз ин пас тамошои ин осорхона ҳамроҳ бо хонавода ҳам омадан хуб аст",-гуфт Муҳаммадҷон Аминов.

Аммо Муҳаммадҷон Аминов танҳо рӯҳоние нест, ки бо диққат нигораву ашёҳои таърихиро тамошо мекард. Дар баробари вай рӯзи 12-уми июл дар ин осорхона 116 имому имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ аз водии Ҳисор барои тамошо омада буданд.

Як соли пеш мақомот аз имомхатибон имтиҳон гирифта, тавассути чунин имтиҳону санҷишҳо бархе рӯҳониёнро аз минбари масҷидҳо дур карданд.

Абдумуталиб Ҳақназаров, сархатиби шаҳри Турсунзода ҳангоми тамошои нигораҳо гуфт, аз ин пеш борҳо ба тамошои Душанбе омадааст, аммо танҳо имрӯз фаҳмид, ки дар ин осорхона тамоми намунаҳо аз сарватҳои табии кишвар ба намоиш гузошта шудааст. Вай гуфт, "то имрӯз ба мардум аз дину диёнат мегуфтем ва акнун метавонам дар бораи таърих ва боигариҳои Тоҷикистон дар мавъизаҳоям бигӯям."

Тамошои ҳатмии Осорхона барои имомхатибон

Мақомоти умури дин дар Тоҷикистон мегӯянд, имому имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои Осорхонаи миллӣ ҷалб карданд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ рӯзи 12-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби садҳо рӯҳонии тоҷик ба тамошои осорхона бо ҳадафи ошноии бештари ходимони дин аз маконҳои таърихиву фарҳангии кишвар ва огоҳӣ доштан аз гузаштагон аст.

Ба гуфтаи ӯ, ходимони дин бо тамошои осорхона метавонанд дар баробари улуми динӣ, донишҳои дунявии худро ҳам зиёд кунанд. Афшин Муқим гуфт, "имрӯз 116 нафар аз водии Ҳисор, аз ҷумла аз шаҳри Турсунзода ходимони дин ба инҷо омаданд. Рӯзҳои пеш ҳам гурӯҳ-гурӯҳ аз имому имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ аз шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ҳам ҷалб шуда буданд".

Ҳамин тавр, бо дастури Кумитаи дин ҳудуди чаҳор ҳазор рӯҳонӣ дар саросари кишвар, ки вазифаи имихатибиро бар дӯш доранд, муаззаф шуданд, ки ба таври гуруҳӣ ба осорхона рафта, бо осори қадимиву таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ошно шаванд. Мақомоти масъул мегӯянд, вазифаи имомхатиби масҷид на танҳо аз танзими ҷараёни намозгузориву мавъизаҳо, балки донистани фарҳангу тамаддуни миллат ва ҷаҳон иборат аст.

Ҳузури гурӯҳии рӯҳониёни тоҷик дар толорҳои тамошои осорхона бархе аз сокинонро ҳайрон кардааст. Шарифбек Собиров донишҷӯ аст ва гоҳ-гоҳ ба тамошои осорхона меояд. Мегӯяд, бори нахуст аст, ки гурӯҳе аз рӯҳониёнро дар ҷойҳои фарҳангӣ мебинад. Шарифбек гуфт, "бароям ҷолиб намуд, вақте гурӯҳи муллоҳоро дар ин осорхона дидам. Фикр мекунам мақсади омадани онҳо, огоҳ шудан аз фарҳанги гузаштагон аст."

Аз театр ба музей. Муллоҳои тоҷик дунявӣ мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

"Ба таври гурӯҳӣ бурдани имомхатибон таҳқир аст"

Таҳлилгари масоили динӣ Далер Шарифов чунин иқдомҳои мақомот аз кумитаи динро як кори беҳуда медонад. Вай мегӯяд, ба таври гуруҳӣ бурдани ин қишри ҷомеа як таҳқир аст, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ аксари рӯҳониён дорои маърифти баланд ҳастанд ва агар лозим донанд бидуни кадом дастуре ҳам ба чунин маконҳо мераванд.

Далер Шарифов.
Далер Шарифов.

Далер Шарифов мегӯяд, ин гурӯҳе, ки ҳоло бо тасмими Кумитаи дин ба тамошои осорхонаву театр ҷалб шудаанд, рӯҳониҳое ҳастанд, ки аз ҷониби мақомот таъйин шуда маош мегиранд ва намехоҳанд минбари худро аз даст диҳанд.

Далер мегӯяд, "Кумитаи дин бо ин кораш мехоҳад нишон диҳад, ки фаъолият ва ҳатто зиндагии шахсии имомхатибон зери назорати ӯ аст. Дар асри 21 барои инсонҳое, ки болиғ ҳастанд ва ба таври дастаҷамъи онҳоро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебаранд, як таҳқир аст. Дар ҳоле, ки як рӯҳонӣ ё имомхатиб метавонад мустақилона бо хонаводааш ба чунин ҷойҳо равад. Боз ҳам инҳо нафароне, ки китобхон ҳастанду ҳадисҳои пайғомбарро медонанд, ин як кори нолозим аст".

Ҳукумат фаъолияти рӯҳониёнро шадидан назорат мекунад

Боздиди рӯҳониён аз осорхона дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот ин қишри ҷомеаро ба тамошои намоишномаҳои театрӣ ҷалб карда буданд. Ҷалби рӯҳониён ба маконҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тамошои театру осорхонаро коршиносон як ҷузъе аз барномаҳои мақомоти тоҷик унвон мекунанд, ки тайи чанд соли ахир фаъолияти ин қишрро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.

Дар ду соли охир мақомот ба имохатибон дар баробари маош таъин кардан, дастур дод то либоси ягона дошта бошанд. Мавзӯи мавъизаҳои имохатибон ҳам аз сӯи Кумитаи дин муайян ва тартиб дода мешавад. Як соли пеш ҳам мақомот аз имомхатибон имтиҳон гирифта, тавассути чунин имтиҳону санҷишҳо бархе рӯҳониёнро аз минбари масҷидҳо дур карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки мегӯяд, аксари сокинони ин кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, солҳои охир аз фаъолиятҳои мазҳабӣ ҳамаҷониба назорат мекунад. Дар солҳои охир даҳҳо нафаре, ки ба қавли сохторҳои ҳифзи қонун дар чаҳорчӯби масҷиду дигар ҳамоишҳои серҷамъият бо шеваи бегона намоз хонда, аз ин роҳ мазҳаби ба истилоҳ бегона ё мамнӯъ, назири шеваи салафияро ба намоиш гузоштааст, боздошт ва муҷозот шудааст.

Дар чанд соли ахир ҳам намоиш додани саҳнаҳои маҳрамонаи чанд рӯҳонӣ дар телевизионҳои давлатӣ, ҷузъе аз хабарҳое буданд, ки атрофии рӯҳониён гуфта мешуд ва мунтақидон ин амалро камранг кардани нуфузи ин қишри ҷомеа аз тарафи ҳукумат медонанд.

XS
SM
MD
LG