Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Шарифов: "Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад" ВИДЕО


Далер Шарифов.

Ҳамасола сеюми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад ва дар Тоҷикистон ҳам ба ин муносибат ҳамоише баргузор шуда, дар он аз вазъи феълии матбуоти кишвар баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд.

Дар Рӯзи озодии баён Радиои Озодӣ бо Далер Шарифов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате анҷом дода, нахуст аз ӯ пурсида шуд, ки то куҷо матбуот дар Тоҷикистон озод аст?

Далер Шарифов: То андозае, як миқдори хурде шояд вуҷуд дошта бошад, яъне ҳанӯз ҳам ҳафтаномаву сомонаҳое, ки худро ба ном озод меҳисобанд, гоҳ-гоҳе матлабҳое ба нашр мерасонанд, лекин агар вазъи озодии баёнро дар соли 2010 ба соли 2019 муқоиса кунем тафовут аз замин то осмон аст. Ҳадди ақал агар ба мақолаву дидгоҳҳои солҳои 2012-2013 нигарем, равиш хубу вокунишҳои гуногун буданд. Баъдан, аз соли 2015 инҷониб матбуоти кишвар самташро дигар карду расонаҳоро бештар хомушӣ ва тарс фаро гирифт. Худсензура ва хомуширо на танҳо расонаҳову журналистон, балки шахсиятҳои мустақил ҳам ихтиёр карданд, ки ин раванд омилу сабабҳои худро дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Далер Шарифов: Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Радиои Озодӣ: Чӣ сабабу омил дошта метавонад?

Далер Шарифов: Бубинед, соли 2013 вақте интихоботи президентии Тоҷикистон гузашт, як гурӯҳ аз расонаву журналистон хеле фаъол буданд ва баъдан сӯҳбати шахсони алоҳида, сӯҳбатҳои ғайрирасмии мақомот бо ҳамин журналистони фаъол доир гардид. Ин сӯҳбатҳое буданд, ки як навъ огоҳӣ ба хабарнигорон медоданд. Худам ҳам дар чунин сӯҳбатҳо будам ва чунин сӯҳбатҳо тахассусӣ набуданд албатта, ин сӯҳбатҳои як навъ "фаҳмонидадиҳӣ" буданд. Дар пайи ҳамин гуна сӯҳбатҳо, шояд бисёре аз рӯзноманигорон, намедонам ба хотири ҷои кор, фарзандон ё ҳадди ақал зиндагӣ кардан буд, ки каме ақиб рафтанд, аз пайгирии мавзуъҳои ҷиддӣ худдорӣ карданд ва қисми дигаре аз кишвар берун рафт.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо вақте ки як бахши бузурги рӯзноманигорони қавӣ ба хориҷа рафтанд ва аз он ҷо иттилоъ нашр мекунанд, чи мушкил ва чи хатарҳо пеш меояд?

Далер Шарифов: Аз берун то андозае метавонанд ахбори носаҳеҳ гиранд ва ҳар кас метавонад бо истинод ба дилхоҳ манбаи худ иттилоъро пешниҳод кунад, ки ин бар зарари миллату давлат аст. Дигар ин, ки вақте як нафар дар кишвари худ ҷои кор намеёбад ё озодияш маҳдуд мешавад, ҳарфи худро гуфта наметавонад ва вақте ӯ як минбаре меёбад, дигар аз он ҷо тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки бо ҳама эҳсосот, бо зери по кардани меъёрҳои ахлоқии жуналистӣ маълумотро ба мардум гӯяд. Хуб мешуд, ки онҳо (манзур журналистони дар хориҷ буда) дар дохил мешуданд, пуштибонӣ меёфтанду дар кишвар кор мекарданд. Аз рафтани журналистони хуб бештар ҳукумат, ҷомеа ва дар маҷмӯъ давлату миллат зарар мебинанд ва сари ин масъала бояд ҷиддӣ фикр кард.

Радиои Озодӣ: Пуштибонӣ гуфтед, озодии матбуот замоне имконпазир мешавад, ки рӯзноманигорон аз пуштибонӣ бархӯрдор бошанд, оё чунин пуштибонӣ ҳаст?

Далер Шарифов: Журналистон ҳеҷ вақт аз пуштибонӣ бархурдор набуданд. Дар мо бештар ба рӯзноманигорон ба як рақиб, ба як мухолиф нигоҳ мекунанд. Аз соли 1992 то ба ҳол тамоми давраи матбуотро таҳлил карда бароем, ҳукумат дар чеҳраи журналистон ҳамеша мухолифи худро дидааст. Рӯзноманигорони тоҷик, хусусан дар тули солҳои ахир аз журналистоне буданд, ки ҳеҷ вақт аз пуштибонии ҳукумат ва ё созмони қавие бархурдор набуданд. Агар матбуоти мустақили тоҷик ягон пуштибонии қавие медошт, ин вазъияти буҳроние, ки аз сар мегузаронад, пеш намеомад. Худи давлат бояд расонаҳоро маблағгузорӣ кунад, ки камбудиҳои сохторҳову масъулонро гӯянд. Ҳукумат ба воситаи хабарнигорон аз вазъи ҷомеа огоҳ шаваду масъалагузорӣ кунад. Кабинаи ҳукумат наметавонад, ки ҳамаи ҷоро бубинанд, метавонанд бар асоси маълумоти расонаҳо камбудиҳоро бубинад, назари мардумро бидонад, он гоҳ метавонад, қарорҳояш огоҳонае ва ба манфиати ҷомеа хоҳанд буд. Мехоҳам таъкид кунам, ки созмонҳои ҷаҳонӣ ҳам дар пайи маҳдудсозиву ба ҳабс гирифтани ягон журналист, ҳамеша бо пахши ягон изҳороту баёния шиорпардозӣ карда, бо ҳамин иктифо мекунанд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо созмонҳои ҳомии озодии баён дар Тоҷикистон рисолати худро дар ин шароит чӣ гуна иҷро мекунанд?

Далер Шарифов: Вақте мо мегӯем созмонҳои ҳомии озодии баён фаъол нестанд, чунин созмонҳо далел меоранд, ки дар қазияи додгоҳии фалон журналист дахолат кардем, хомӯш набудем. Чунин созмонҳо рисолати худро танҳо ба ҳамин маҳдуд кардаанд, ки як шиор ё баёнияе паҳн кунанд. Дар ҳоле, ки таҷрибаи кори ин гуна созмонҳо дар дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки вақте як хабарнигор ба мусибате гирифтор мешавад, дар баробари пахши баёнияву ҷудо кардани грантҳо созмонҳои ҳомии озодии баён ба мақомоте, ки кори журналистро маҳдуд мекунанд, фишорҳои зиёде меоранд. Аз тариқи дигар, кишварҳо фишор меоранд ва ҳатто барои маҳдудгардонии фаъолияти журналист таҳримҳо ҷорӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Бархе мегӯянд, маҳдудиятҳову тарки кишвар карданҳо як хубӣ ҳам дорад: шабакаҳои иҷтимоӣ майдони озоду бепарда барои пахши хабарҳо ва ибрози андеша шуд. Ин андешаҳо аз дохил ҳам садо медиҳанд ва бештар аз хориҷа ба гӯш мерасанд, шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҷои матбуоти озодро гиранд?

Далер Шарифов: Шабакаҳои иҷтимоӣ ягон хел қоида надоранд, яъне ахбори носанҷида пахш мешавад, ҳар кас метавонад ба ҳар сухан бовар кунаду онро паҳн кунад. Дуруст аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло ягона манбаи дарёфти иттилои алтернативӣ шудаанд. Аммо ин паҳлуҳои манфии худро низ дорад. Ҷиҳати хубияш ин аст, ки ҳанӯз дар баробари шабакаҳои расмии давлатӣ боз як майдоне аст, ки мардум метавонад фикри худро гӯяд ва паҳлуи манфияш ин аст, ки ахбор метавонад носанҷида бошад ва гурӯҳҳои зиёди мардумро дар ин ҷо ҷамъ кунад ва як хабари нодуруст метавонад тақдири як кишварро дигар кунад.

Радиои Озодӣ: Солҳои гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чанд фармону дастури худ ба рушди озодии баён ва нашри иттилоъ мусоидат карда буд, ба фикри Шумо чаро чунин амалҳо дигар ба назар нарасид?

Далер Шарифов: Намедонам, ҳукумат аз озодии баён эҳсоси хатар мекунад ё озодии баёнро дигар хел мефаҳмаду назари онҳо ба озодии баён дигар аст. Аз кабинаи ҳукумат, дастгоҳи ҳукумат бояд пурсид, ки чаро чунин аст.

Радиои Озодӣ: Дар миёни рӯзноманигорону коршиносон аз сензураи зиёду бастани расонаҳо изҳори нигаронӣ мешавад. Аз назари Шумо, ҳосили сензура дар матбуоти тоҷик чӣ шуд?

Далер Шарифов: Ҳосили сензураи зиёд ин шуд, ки дигар ҳар як шахс дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаи худро дорад, ҳар як шахс тариқи каналҳои мустақим, ки назорати онҳо дар аз дохили кишвар мушкил аст, баромад мекунад, имрӯз садҳо манбаи саҳеҳу носаҳеҳ пайдо шуд, ки мардум ба суроғашон мераванду аз чунин манбаъҳо иттилоъ мегиранд. Як якрангие ба миён омад ва ин ҳеч вақт ба нафъи ҷомеа нест.

Радиои Озодӣ: Баъзан дар нашр кардани матлабҳои яктарафаву супоришӣ ишора ба “Фабрикаи ҷавоб” мешавад, пушти ин фабрика кадом гурӯҳ буда метавонад?

Далер Шарифов: Ҳар кас ҳар гумон мезанад, вале ин ки касе "Фабрикаи ҷавоб"-ро барои таҳқирашон ба ҷавобгарӣ намекашад, зери кадом фишоре қарор надоранд, озодона фаъолияташонро пеш мебаранд, хуб дигар бояд аз ҳукумату мақомот ин суолро кард, ки пушти ин фабрика кӣ ҳаст? Фақат тахмину гумонҳост, ки ин вазорат асту ин идора аст, вале касе намегӯяд, ман ҳам "Фабрикаи ҷавоб" ҳастам. Вақте ишораҳо ба идораҳои давлатӣ мешаваду онҳо хомуш меистанд, ҳадсу гумон зиёд мешавад. Воқеан ҳам чаро садо баланд намекунанд, ки онҳо нестанд? Кори ин фабрика як амали шикастхурда аст ва ба нафъи ҳеҷ сохторе нест ва ахиран ба як шармандагӣ меанҷомад, ин чиз фикр мекунам, ки шаъну шарафи кишвари моро, шаъну шарафи мақомот ва ҳатто худи расонаҳои давлатиро дар фарози таърих шояд ба таври бад ба намоиш гузорад. Ин чизе буд, ки аз аввал бояд ба он даст намезаданд, рӯирост омада аз тариқи матбуот ҳарфашонро мегуфтанд, ҳеҷ гап надошт, вале ба тамасхур кашидану зидди ягон нафар мавод навиштан, ин ҳама ҷамъ шуда, як рӯз не як рӯз ҳақиқат ошкор мешавад ва боиси шармандагии хеле зиёд мегардад. Кори "Фабрикаи ҷавоб" шояд як ё ду мартаба ба нафъашон шуда бошад, лекин мардум дигар чунин навиштаҳои супориширо намехонад, мардум аз чунин матлабҳо дилбазан шудаанд. Кори "Фабрикаи ҷавоб" ба имиҷи давлатдории мо зарар мерасонад.

Радиои Озодӣ: Чӣ гуфтание доштед, ки мо аз Шумо напурсидем?

Далер Шарифов: Бигзор, гуфтугузору сӯҳбатҳо озод бошанд, чун дар қонунгузории мо мафкураи ҳеҷ шахсу гурӯҳ мафкураи давлат ҳисоб намешавад. Бигзор, журналистон, дар маҷмӯъ мардум аз ҳақи худ истифода баранду дар кишвари мо ҳамеша қонунмеҳварӣ бошад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG