Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фишор оварданд, ки аризаатро навису рав, ё пеш мекунем" ВИДЕО


Малика Сангинова
Малика Сангинова

Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст.

Гуфтанд, ки гӯиё либоси ман ба талаботи либоси миллӣ ҷавобгӯ нест. Аз онҳо пурсидам, кадоме аз Шумо либоси миллӣ доред, ибрат бигирам?

Малика Сангинова иддао дорад, ки ӯро ба хотири пӯшидани рӯймол ва изҳори назар дар Фейсбук аз кор пеш карданд. Ӯ ҳашт соли охир китобдори донишгоҳ буд. Вале масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон далели аз кор гирифтани Сангиноваро "рафтори нохуби ӯ" гуфтанд.

Баҳси рӯймол ва Фейсбук

Баҳси додгоҳии Малика Сангинова бо мақомоти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз шуд. Сангиноваи 50-сола масъулони Донишгоҳи тиббиро муттаҳам кард, ки ӯро "беасос" аз кор ронданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Маро ба хотири рӯймол пеш карданд" Баҳси як зан бо Донишгоҳи тиббӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Ӯ рӯзи 27-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор сол боз барои пӯшидани рӯймол зери фишори масъулони донишгоҳ буд, аммо аз раъяш нагашт ва рӯймолро аз сар нагирифт. Тахмин мезанад, ки маҳз ҳамин масъала ӯро бекор гузошт.

Сангинова афзуд, инчунин, ӯро ба хотири нигоштаҳояш дар шабакаи Фейсбук дар донишгоҳ чанд дафъа муҳокима карда, огоҳӣ додаанд. "Ба ман гуфтанд, ки "дар Фейсбук дар бораи донишгоҳ гапҳои ганда навиштӣ". Саҳифаи маро кушоданд, ки маводи диниро бознашр кардаам. Фишор оварданд, ки аризаатро навису рав, ё туро пеш мекунем,” – нақл кард ӯ.

Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Ин корманди ҳамакнун собиқи Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, барои пӯшидани рӯймол низ ду дафъа аз тарафи Комиссияи ахлоқи донишгоҳ муҳокима шудааст. Ӯ афзуд, «гуфтанд, ки гӯиё либоси ман ба талаботи либоси миллӣ ҷавобгӯ нест ва ман рӯймол набандам. Аз онҳо пурсидам, ки «кадоме аз шумо либоси миллӣ доред, то ибрат гираму ҳамонро ба бар кунам?» - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Қоидаҳоро риоя накард”

Дар нахустин рӯзи мурофиа додрас Сафарбек Нурализода ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват кард. Зоҳиран Малика Сангинова бо Донишгоҳ ба мусолиҳа нарасиданд ва идомаи баҳс ба ҳафтаи оянда гузошта шуд.

Ҷумъахон Саидов
Ҷумъахон Саидов

Масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо радди иддаои Малика Сангинова мегӯянд, ӯро на ба хотири пӯшидани рӯймол ва навиштаҳояш дар Фейсбук аз кор рондаанд. Ҷумъахон Саидов, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи тиббӣ, дар додгоҳ ҳама иддаои Малика Сангиноваро рад кард.

Вале ба суоли Радиои Озодӣ, ки сабаби аслии барканории кормандашон чист, посух надод ва аз назди дурбин дур шуд. Танҳо гуфт, ки додгоҳ ҳар қароре содир кунад, онро мепазиранд.

Саломат Эргашева, мудири китобхонаи Донишгоҳи тиббӣ, ки Малика Сангинова дар онҷо кор мекард, гуфт, зердати ӯ ба хотири риоя накардани “қоидаҳои дохили донишгоҳ” аз кор озод шуд. Аммо ӯ ҳам мушаххас нагуфт, ки кадом “қоида”.

Интиқод аз маҳдуд кардани идгардаки кӯдакон

Дар маъмурияти донишгоҳ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ хулосаи Комиссияи ахлоқ ва одоби муоширатро нишон доданд, ки дар он Малика Сангинова муҳокима шудааст. Дар хулосаи Комиссия гуфта мешавад, Малика Сангинова «бо донишҷӯён муносибати дағал карда», дар саҳифааш дар Фейсбук «ҳаргуна суханҳо навиштааст».

Дар матни хулосаи Комиссия навишта шудааст, ки "Сангинова дар Фейсбук аз маҳдуд шудани идгардаки кӯдакон интиқод карда ва суол гузоштааст, ки чаро барои соли нав дар мактабҳо маблағ ҷамъ мекунанд?"

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Масъулони донишгоҳ мегӯянд, Малика Сангинова ҳамчун китобдор ба донишҷӯён рафтори дағал кардааст ва донишҷӯён аз болои ӯ шикоят кардаанд. Аммо бо дархости мо дар бораи гирифтани нусхае аз хулосаи комиссияи одоб ва ё шинос шудан ба аризаи шикоятии донишҷӯён роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ посухи рад доданд.

Ин навиштаҳо кай ва ба кадом шакл дар саҳифаи Фейсбуки Сангинова ифода шудааст, маълум нест.

Мушкили чанд соли охир

Баҳси либос дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз масоили доғе аст, ки солҳои ахир ҷиддӣ назорат мешавад. Бар асоси тақозои Вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои дигар сару либоси шогирдон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, инчунин коргарони сохторҳои давлатӣ бояд расмӣ ваё ба қавли мақомот, мутобиқ ба меъёрҳои сарулибоси миллии тоҷикӣ бошад.

Малика Сангинова
Малика Сангинова

Солҳои охир вазоратҳои маориф ва фарҳанг бо нашри намунаҳое аз либоси занонаву мардона ба кормандони муассисаҳои таълимӣ тарзи либоспӯширо машварат додаанд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз он чи ки, ба гуфтаашон, «либоси бегона» интиқод карда, аз ҷумла, тарзи либоспӯшиву рӯймолбандии занонро бо шеваҳои ғайр интиқод кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва худи бонувони ҷонибдори озодӣ дар шеваи либоспӯшии мазҳабӣ чунин муқарраротро поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ меноманд.

Мавзӯи изҳори андеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба як мавзӯи дигари доғи ҷомеа табдил шудааст. Дар гузашта матбуот дар бораи чанд ҳодисаи ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон барои «лайк» гузоштан ваё паҳн кардани навиштаву видеоҳои мазмуни ифротидошта хабарҳо пахш кардаанд. Инро ҳам ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаҳои фишор болои озодии баён ва маҳдудият дар озодии шаҳрвандӣ интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG