Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти 25 милисаи тоҷик дар пайи шикояти як сайёҳи турк. ВИДЕО


Дар пайи шикояти як сайёҳи турк Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 25 кормандашро ҷазо додааст. Меҳмет Генҷ як моҳ қабл дар Интернет аз ришвахории, ба қавли ӯ, густардаи милисаҳои тоҷик шикоят кард ва гуфт, чунин вазъро дар ҳеҷ ҷойи дигар надидааст. Ин дувумин шикояти сайёҳони хориҷӣ аз тамаъҷӯии ходимони пулис аст, ки ҳафтаи ҷорӣ дар матбуот нашр мешавад.

Мардум ба чунин ҳол одат кардаанд ва онро ҳамчун амри табиӣ қабул мекунанд. Ба даҳҳо кишвари дунё сафар кардаам, вале дар ҳеҷ куҷо кормандони пулисро надидам, ки мисли пулисҳо дар Тоҷикистон ба дунболи ришваситонӣ бошанд

Охири ҳафтаи гузашта як ҷаҳонгарди олмонӣ ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят кард, ки мавриди тамаъҷӯии маъмурони милиса дар Душанбе қарор гирифт. Дар ҳоле ки мақомоти вазорат мегӯянд, зидди ингуна зуҳурот саривақт тадбирҳо меандешанд, бархе коршиносон мегӯянд, масъалаи фасод бояд усулӣ ҳал шавад, вагарна ингуна ҳодисаҳо зиёд рух медиҳад.

“Ҳуҷҷатҳо дуруст ҳам бошад, бояд пул диҳӣ”

Меҳмет Генҷ, аксбардор ва сайёҳи турк, баъд аз сафараш ба Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, кормандони милиса аз ӯ пора талаб карданд. Ин сайёҳи турк рӯзи 27-уми июли имсол дар саҳифааш дар Фейсбук ба забони туркӣ навишт, ки дар Тоҷикистон агар тамоми аснод дуруст ҳам бошад, маҷбуред 1-2 доллар ба пулис бидиҳед.

Меҳмет Генҷ навишт, пораталабии милисаҳо натанҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар минтақаҳои дигари кишвар ба назар мерасад. Аз ҷумла ӯ менависад, дар роҳ ба сӯи Бадахшон, қариб ҳар соат нақлиётро кормандони БДА манъ мекарданд ва ронанда низ ба онҳо ришва медод. “Мардум ба чунин ҳол одат кардаанд ва онро ҳамчун амри табиӣ қабул мекунанд. Ба даҳҳо кишвари дунё сафар кардаам, вале дар ҳеҷ куҷо кормандони пулисро надидам, ки мисли пулисҳо дар Тоҷикистон ба дунболи ришваситонӣ бошанд”, - хулоса мекунад аз сафараш Меҳмет Генҷ.

Иқдоми вазорат: муҷозоти пулис

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ин шикояти Меҳмет Генҷро баррасӣ ва омилони ин ҳодисаҳоро муҷозот кардаанд. Манбаъ гуфт, “зимни санҷиш муайян шуд, ки 25 корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози вилояти Бадахшон ба камбуд ва қонуншиканӣ роҳ додаанд. Барои бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо фармони вазири корҳои дохилӣ аз 28-уми август ба 25 корманди мақомоти умури дохилӣ ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд.”

Аммо масъулини Вазорати корҳои дохилӣ аз шарҳи бештари хабар худдорӣ карданд ва нагуфтанд, ки ҷазоҳои интизомие, ки нисбат ба 25 нафар татбиқ шуд аз чӣ иборат аст.

“Ба ман гуфтанд, ки дар назди Исмоили Сомонӣ милисаҳо пул мехоҳанд”

Бархе сайёҳони хориҷӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, пеш аз омадан ба Тоҷикистон аз дӯстонашон шунидаанд, ки бахусус дар Душанбе дар кадом маконҳо эҳтимол дорад пулис аз онҳо маблағ талаб намоянд. Меҳдӣ Ҳаҷҷӣ, як сайёҳи турк, ки ба тозагӣ бо ҳамсараш вориди Тоҷикистон шудааст, гуфт, то ҳол ягон корманди пулис аз ӯ маблағ талаб накардааст, аммо дӯстонаш ба ӯ ҳушдор додаанд, ки дар ин бора эҳтиёткор бошад.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ

Меҳдӣ мегӯяд, “пеш аз сафар дӯстонам ба ман гуфтанд, ки кормандони милиса дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз сайёҳон маблағ талаб мекунанд. Аммо ман тӯли чанд рӯзе, ки дар Душанбе ҳастам, ба ин ҳолат дучор нашудаам.” Меҳдӣ аз муносибати хуби аҳолӣ бо сайёҳон тавсиф кард ва гуфт, агар рафтори пулис ҳам таҳрир мешуд, шояд пеш аз ба Тоҷикистон омадан ҳаргуна машварат намешунид.

Хабари тамаъҷӯии эҳтимолии афроде бо либоси пулис дар Тоҷикистон дар се-чаҳор соли охир чандин бор дар матбуот матраҳ шудааст. Соли гузашта як журналисти қазоқ аз милисаҳои тоҷик дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барои ба истилоҳ ҳақситонии онҳо шикоят кард. Чанд рӯз қабл як ҷаҳонгарди олмонӣ иддао кард, ки ҳангоми саёҳаташ дар шаҳри Душанбе ва кӯшиши аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мавриди пурсиш ва тамаъҷӯии маъмурони милиса қарор гирифт. Аммо дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ин мазмун ҳанӯз шикояте нарасидааст. Як моҷарои тамаъҷӯӣ аз аъзои гурӯҳи мусиқии «Барака» дар фурудгоҳи Душанбе ба баҳсу баррасиҳои зиёд бадал шуд ва ниҳоят дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса мақомоти тоҷик ҷорачӯӣ карданд.

Фасод ба як чизи оддӣ табдил шудааст. Фикр мекунанд, ки меҳмони хориҷӣ аст, ба ягон ҷо шикоят карда наметавонад. Фасод ниҳодина шудааст, дигар фарқ намегузоранд, ки ин сайёҳ аст ва обрӯи кишвар дар миён аст

“Вақте кишвар фақир аст, дар симои хориҷӣ пулро мебинанд”

Дар ҳоле ки баҳси фасод ва даст доштани бархе ходимони пулис дар аъмоли ғайриқонунӣ гаҳ-гоҳе расонаӣ мешавад, коршиносон мегӯянд, решаи пораву тамаъҷӯӣ бештар хусусияти иҷтимоӣ дорад. Маоши начандон баланди ходимони ҳифзи тартибот, даст ба чунин аъмол задани бархе пагондорҳои собиқадор эҳтимол барои ходимони навкори пулис дарс мешаваду баъдан ба дигарон ҳам таъсир мекунад.

Блогнавис ва ҷомеашинос Далер Шарифов мегӯяд, бархе ходмони пулис дар симои ҳар хориҷӣ «пулро мебинанд». Шарифов гуфт, кормандони интизомӣ фикр мекунанд, ки ҳар хориҷӣ бо ҷайби пур аз доллар ба Тоҷикистон омадааст ва вазифадор аст, ки ба онҳо пул бидиҳад.

Ба қавли Шарифов, “фасод ба як чизи оддӣ табдил шудааст. Фикр мекунанд, ки меҳмони хориҷӣ аст, ба ягон ҷо шикоят карда наметавонад. Фасод ниҳодина шудааст, дигар фарқ намегузоранд, ки ин сайёҳ аст ва обрӯи кишвар дар миён аст.”

Як пурсиши Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, ки соли 2016 дар миёни 88 ҳазор сокини кишвар анҷом шуд, вуҷуди фасодро дар сохторҳои давлатӣ хеле баланд арзёбӣ кард. Дар ин пурсиш аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, ки сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст. Ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо, мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG