Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз хабарҳои муҳими ҳафтаи охир ба сари қудрат омадани сиёсатмадори ҷавон Эммануэл Макрон дар Фаронса аст, ки дар 39-солагӣ курсии баландтаринро дар яке аз кишварҳои муҳими Аврупо соҳиб гардид. Расонаҳои ҷаҳон дар баробари барномаҳои аврупоигароёнаи Макрон ба синни ҷавони президент ҳам таъкид карда, мегӯянд, ӯ намояндаи насли наву корсози сиёсатмадорони аврупоист.

Дар Тоҷикистон ҳам матбуот дар бораи сиёсати ҷавонгароии ҳукумат ҳарф мезанад ва дар яке аз охирин таъйиноти кадрӣ, ки рӯзи 8 май сурат гирифт, таъкид шуд, ки аксар кормандони сохторҳои додгоҳии Тоҷикистон намояндагони насли ҷавон ва забондону муосир мебошанд.

Соли 2017-ро ҳукумати Тоҷикистон аз тағйироти калидӣ дар баъзе аз сохтори муҳими давлатӣ шурӯъ кард ва яке аз ҳодисаҳои хабарсоз ба раҳбарии шаҳрдории Душанбе омадани Рустами Эмомалӣ шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017 гуфт, ки мехоҳад аз роҳи ҷалби истеъдодҳои тавонову замонавӣ, ба пешрафти кишвар мусоидат кунад. Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, то ҳанӯз мушкили зиёди насли ҷавон ҳалли худро наёфтааст ва масъала ҳам дар ин аст, ки барои пешрафт дар ин самт, барномаҳои бунёдиву ҷиддие зарур аст, ки вазъро тавонад аз дохил, на сатҳӣ дигар кунад.

Як коршиноси тоҷик мегӯяд, бо сипарӣ шудани беш аз 5 моҳ ҳеҷ барнома ва ё тарҳи хоси кӯмак ба ҷавонон пешниҳод нашудааст ва зоҳиран кор бо ҷавонон ва ба хотири ҷавонон аксаран бо ҷилавгирӣ аз ифротишавиву роҳ наёфтани ҷавонон ба муассисаҳои тафреҳӣ, маҳдуд шудааст. Дар ҳоле, ки бояд як ислоҳоти бунёдӣ дар амри беҳтар кардани ҳаёту маишати насли наврас ба роҳ монда шавад.

Далер Шарифов
Далер Шарифов

Далер Шарифов, як таҳлилгар мегӯяд: “Интизори мо ин буд, ки ҳадди ақал барномаҳои ҷиддии таҳрикдиҳанда қабул мешавад, ки ҷавононро аз ифротгароӣ бозмедорад. Ҳазорҳо ҷавонони болаёқат, ки дар пойтахт кор мекунанд, аз надоштани манзили зист танқисӣ мекашанд. Ҳамин теъдоди дигар аслан ҷойи кор надоранд. Дар ин самт мутаассифона ҳеҷ дигаргунӣ мушоҳида нашуд”. Далер Шарифов мегӯяд, то кунун ниҳодеро дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил аст, ки ҳадди ақалл 50 дар садашро кадрҳои ҷавон ташкил кунад. Ба андешаи ӯ, масъала дар адами эътимод ба ҷавонҳо аст.

Соли 2017-ро ҳукумати Тоҷикистон аз тағйироти калидӣ дар баъзе аз сохтори муҳими давлатӣ шурӯъ кард ва яке аз ҳодисаҳои хабарсоз ба раҳбарии шаҳрдории Душанбе омадани Рустами Эмомалӣ шуд. Тӯли ин моҳҳо низ дар бархе аз сохторҳои кишвар дигаргуниҳо сурат гирифт ва дар шарҳи ағлаби ин тағйироти кадрӣ ба ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ ва соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ будани таъйингардидаҳо таъкид шудааст. Чунин тасмимро мақомот бахше аз сиёсати ҷавонгароии ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Хурсанд Хуррамов
Хурсанд Хуррамов

Аммо Хурсанд Хуррамов, сиёсатшиноси ҷавон мегӯяд, эълони ин сол аслан маърака ва ё баҳонае барои интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалӣ буд ва онҳое ҳам, ки дар доираи ислоҳот соҳиби курсӣ шуданд, аз доираи афроди наздик ба низоманд: “Ҳукумати Тоҷикистонро як шабакаи сарпарастон назорат мекунанд ва онҳо бар пояи садоқат барои худ зердаст интихоб менамоянд. Ҳамаи тағйироти кадрӣ дар асоси вафодорӣ ва садоқат анҷом мегирад. Донишмандӣ ва дигар малакаҳо дувумдараҷа мебошанд. Шояд ҷавонони алоҳидае вуҷуд доранд, ки низом онҳоро қабул кардааст, вале чунин мисолҳо хеле каманд”, - афзуд Хурсанд Хуррамов.

Тибқи омори расмӣ, то соли гузашта 44 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил мекарданд. Мақомот мегӯянд, барои тарбияи раҳбарони боистеъдод чораҳое ҳам рӯи даст гирифта шудааст. Вале, ба қавли афроди огоҳ, онҳое, ки соҳиби курсӣ мешаванд, аксаран пайвандони худи мақомдоронанд ва ё пуштибони қавӣ доранд.

Хурсанд Хуррамов гуфт, “ҷавононе, ки андешаҳои интиқодӣ доранд ва на ҳама тасмимҳоеро, ки аз “боло” гирифта мешавад, мепазиранд, ба низом роҳ намеёбанд. Ҳукумат аз миёни онҳое интихоб мекунад, ки барояш ин ва ё он мансабдор пешниҳод менамояд. Маъмулан ба ҳайси номзад, фарзанду пайвандони худи онҳо пешбарӣ мешаванд.”

“Парлумон як вакили ҷавон ҳам надорад”

Завқибеки Саидаминиён
Завқибеки Саидаминиён

Бархе ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, парлумони Тоҷикистон ҳам ба нирӯи тозаи ҷавон ниёз дорад. Журналист Завқибеки Саидаминиён мегӯяд, бо вуҷуди ин, ки қонунҳои кишвар ба узвияти маҷлис пазируфта шудани ҷавонҳои 25-30-соларо иҷозат медиҳад, то ҳол чунин чеҳрае дар парлумони кишвар роҳ наёфтааст.

Вале Завқибек, ки хушбин аст, мегӯяд, ин масъала ҳалшаванда аст ва бовар дорад, то се соли дигар вазъ хеле беҳбуд меёбад: “Вале ман бовар дорам, ки то соли 2020 ҷавонони тоҷик, ки ҳоло дар вазифаҳои ёвару муовин фаъолият мекунанд, ҳатман ба вазифаҳои вазиру раҳбари сохторҳо таъин хоҳанд шуд.”

Ба ҷавонҳо танҳо мақом дар сохтори давлатӣ лозим аст

Коршиносони дигар мегӯянд, мушкили ҷавонони тоҷик танҳо дарёфти кор дар сохтори давлатӣ нест. Воқеан шарт нест, ки ҳама дар сохтори давлатӣ кор кунанд. Масъала дар имконияти рушди донишу ҳунар ва намоиши истеъдод аст. Барои ин бояд имкони пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ, таъсиси корхонаи истеҳсолӣ, эҷоди созмони ҷамъиятие мусоидат карда метавонад, ки барои кӯмак дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ҳам дарёфти даромад аз ин кор кӯмак кунад.

Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ солҳои охир аз баланд будани мизони андозу вуҷуди фасод азият мешавад ва онҳое ҳам, ки мехоҳанд коре анҷом диҳанд, баъди талошу заҳмати бефоида дилсард мешаванд.

Дар ниҳоят, вазъи онҳое, ки бепуштибону танҳо по дар ин роҳ мемонанд, назар ба онҳое, ки бо кӯмаки волидони бонуфузашон ба кор шурӯъ мекунанд, фарқ мекунад. Ин тафовут ҳам дар натиҷа як андоза нобаробариро дар вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон ба миён меорад.

Аз ин хотир, бисёриҳо мегӯянд, ки барои пуштибонии ҷавонони кишвар стратегҳои ҳукумат бояд худ ҷавон бошанду як ислоҳоти куллиро дар ин замина пешниҳод кунанд, ки фарогири масоили зиёд –таҳсилу кор, тиҷорату даромад,тафреҳу рушди зеҳнии насли ҷавон бошад.

Дар Тоҷикистон 70 дар сади аҳолӣ ҷавонҳои то 30-сола мебошанд ва тибқи пажӯҳиши ахири Бонки Ҷаҳонӣ, 40 фоизи ин қишр наметавонад дар кишвар ҷойи кор пайдо кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG