Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Соҳиби анбор бозорро барои "фирор" аз талабкорон оташ зад


Дар сӯхтори шаби 14 ба 15 август дар бозори марказии Кӯлоб, Баҳодур Раҳимов, яке аз соҳибмулкони анбори яклухтфурӯшии ҳамин бозор, муттаҳам дониста мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини Кӯлоб барои "наҷот" ёфтан аз қарзҳояш, даст ба чунин амал задааст.

Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб душанбеи 20-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи тафтишоти аввалия, Баҳодур Раҳимови 33-сола дар ин бозор каме бор дошт ва аз тоҷирону афроди гуногун аз Душанбе то Кӯлоб, ҳудуди 200 ҳазор доллар қарздор будааст. Ин манбаъ афзуд, ки барои наҷот ёфтан аз қарзҳояш, Баҳодур Раҳимов аз ноҳияи Восеъ 80 литр бензин оварда ва анборро оташ мезанад.

"Худаш низ иқрор шуд"

"Ҳозир мо нафароне, ки Баҳодур аз ӯ қарз гирифтаанд, рӯйхат дорем. Ин мард ба он хотир бори худ анборро оташ мезанад, ки гӯё сӯхтор сар задаву бори боқимондааш ба коми оташ рафт, то онҳо қарздорҳояш қисман бахшанд. Бо ин нақша рафта, аз ноҳияи Восеъ 80 литр бензин меорад ва анборро оташ мезанад. Дар ин оташсӯзӣ вай худаш низ захм бардошт ва аз рӯи ҳамин, тафтишот муайян кард, ки худаш анборро оташ задааст. Ҳоло дар бемористон табобат мегирад ва таҳти назорат аст. Худаш баъди ин ҳодиса низ иқрор шуд ва гуфт, ки пушаймон аст ва зарару қарзашро пардохт мекунад. Вале тафтишот идома дорад ва ҷузъиёт дода хоҳад шуд",-гуфт ин манбаъ.

Навор аз бойгонӣ:

Бозори марказии Кӯлобро оташ заданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб дар соатҳои аввали таҳқиқи қазияи сӯхтор дар бозори маҳаллӣ фарзияи қасдан оташ задани анборҳои хӯроквориро дар навбати аввал ба баррасӣ гирифта, гуфтанд, ки ин анбор барқасдона оташ зада шудааст. Дар ин бора мақомоти масъул дар Хадамоти оташнишонӣ ва ҳам дар пулиси маҳаллӣ хабар дода буданд.

Бозор чӣ гуна дар гирифт?

Сӯхтор дар як бахши анбори яклухтфурӯшии маводи ғизоии бозори марказии шаҳри Кӯлоб нимашаби 14 ба 15-уми август рух дод. Масъулини Хадамоти сӯхторнишонӣ дар фосилаи 40 дақиқа оташро хомӯш карданд.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, алангаи оташ паҳнои 60 метри мураббаъро фаро гирифта, ба соҳибони моли анборҳо ҳадди аққал 30 ҳазор сомонӣ (каме беш аз 3 ҳазор доллар), зарар ворид кардааст.

Дар бахши ба коми оташрафтаи амбор захираҳои моли фурӯшии ҳадди аққал ду соҳибкори дигар нигаҳдорӣ мешуд. Яке аз онҳо мегӯяд, ки дар ин амбор молу захираи ғизои фурӯшии ӯ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ва дигаре дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ, нигаҳдорӣ мешуд.

Қисми зиёди ин молҳо нобуд шудааст. Ҳанӯз тафтишот ҳаҷми хисороти куллии сӯхторро то ҳол ҳисобу китоб накардаанд. Аммо мақомот мегӯяд, ки Баҳодур бо мураххас шудан аз бемористон, боз ба саволҳои иловагӣ посух хоҳад дод. Мақомот мегӯяд, ки дақиқ хоҳанд кард, ки ин соҳибкор чигуна ҳудуди 200 ҳазор доллар қарздошт шудааст.

Сӯхтор бозорҳои Тоҷикистон

Ин бори аввал нест, ки бозорҳо дар Тоҷикистон ба коми оташ меравад. Мақомот дар аксар ҳолатҳои гузашта гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанбе дар моҳи июни имсол "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида шуд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли гузашта "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд. Вале ин бори аввал аст, ки мақомот як соҳибкорро дар сӯхтори бозор боздошт ва гунаҳгор мекунанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG