Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти сӯхторнишонӣ: "Бозори Кӯлобро барқасдона оташ заданд" АКС, ВИДЕО


Хадамоти оташнишонӣ дар Кӯлоб дар ҳодисаи сӯхтор дар бозори марказии ин шаҳр, мудири анбори ин бозорро гунаҳкор медонад. Ҳокимшо Назаров, сардори Хадамоти оташнишонии Кӯлоб ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, ки "муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст."

Мақомоти шаҳри Кӯлоб дар соатҳои аввали таҳқиқи қазияи сӯхтор дар бозори маҳаллӣ фарзияи қасдан оташ задани анборҳои хӯроквориро дар навбати аввал ба баррасӣ гирифтаанд. Дар ин бора мақомоти масъул дар Хадамоти оташнишонӣ ва ҳам дар пулиси маҳаллӣ хабар доданд.

Таҳқиқи қазия аз рӯи моддаи "сӯхтор" сурат мегирад. Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфт, ки аз рӯи фарзияи қасдан оташ задани анборҳо, як тоҷири бозор ҳам гумонбар мешавад.

Як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбари ин сӯхтор шахсе бо номи Фарҳод аст, ки сокини Кӯлоб ва як тоҷири бозор мебошад.

Сӯхтор дар як бахши анбори яклухтфурӯшии маводи ғизоии бозори марказии шаҳри Кӯлоб нимашаби 14 ба 15-уми август рух дод. Масъулини Хадамоти сӯхторнишонӣ дар фосилаи 40 дақиқа оташро хомӯш ва безарар гардониданд.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, алангаи оташ паҳнои 60 метри мураббаъро фаро гирифта, ба соҳибони моли анборҳо ҳадди аққал 30 ҳазор сомонӣ (каме беш аз 3 ҳазор доллар), зарар ворид кардааст.

Сайидмудасир Раҳматзода, муовини сардори Раёсати оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 15-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор дар анборҳои нигаҳдошти маҳсулоти хӯроквории бозори марказии Кӯлоб тахминан соатҳои 23:45 шаби 14-уми август сар зада, ин хабар ба Хадамоти оташнишонӣ соатҳои 12-и шаб расонида шуд.

Раҳматзода гуфт, ки дар пайи ин хабар ба ҷои сӯхтор ҳафт адад мошини оташнишонӣ сафарбар ва алангаи оташ дар ҳудуди 40 дақиқа хомӯш карда шу. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтиш ҷараён дорад.

"Сӯхтор тахминан 23:45 шаби 14 август сар мезанад, ба Хадамоти оташнишонии шаҳр соатҳои 24:00 хабар мекунанд, дар пайи ин чор адад мошинҳои худи Хадамот ва як адад, мошини дастаи таъимнотии махсус, як адади дигар аз фурудгоҳи Кӯлоб ва аз ноҳияи Восеъ сафарбар карда шуда, алангаи оташ дар 40 дақиқа хомӯш карда шуд. Инчунин 20 нафар сокинон низ, ба кормандони хадамот кӯмак расонданд. Ҳоло тафтиши ин ҳодиса оғоз шуда, фарзияҳои аввали тафтиш қасдан оташ задан мебошад. Айни замон тафтиш идома дорад",-гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳоле, ки мақомот зарари сӯхтор дар анбори яклухтфурӯшии бозори марказии Кӯлобро ҳудуди 17 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд, тоҷирони зиёндида дар ин ҳодиса ҳаҷми хисороти худро чор баробар бештар тахмин мекунанд.

Як манбаи дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи сӯҳбатҳои аввалия бо соҳибони амборҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб тафтишот ба ин фарзия наздик шудааст, ки зоҳиран анбори маводи ғизоӣ бо бензин оташ зада шудаанд. Ба унвони далели эҳтимолии ин фарзия зарфҳои бензин ошкор ва мусодира шудаанд.

Бозори марказии Кӯлобро оташ заданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Гумонбар шахсе бо номи Фарҳод аст

Як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбари ин сӯхтор шахсе бо номи Фарҳод аст, ки сокини Кӯлоб ва як тоҷири бозор мебошад. Манбаъ гуфт, ҳоло ин шахс дар бозпурсӣ қарор дорад ва соҳибони дӯконҳо низ дар милисахона бозпурсӣ шуда истодаанд.

"Чун баъди таҳқиқ маълум шуд, ки ин анборро бо бензин оташ задаанд. Дар пурсишҳои аввал маълум шудааст, ки яке аз молдорон гуё аз Фарҳод 100 ҳазор сомонӣ қарздор буда, қарзро барнагардондааст, аз ин рӯ гӯё ин корро кардааст. Таҳқиқ маълум мекунад, ки то куҷо ин фарзия дуруст аст",-афзуд ин манбаъ.

Дар бахши ба коми оташрафтаи амбор захираҳои моли фурӯшии ҳадди аққал ду соҳибкор нигаҳдорӣ мешуд. Яке аз онҳо мегӯяд, ки дар ин амбор молу захираи ғизои фурӯшии ӯ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ва дигаре дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ нигаҳдорӣ мешуд. Қисми зиёди ин молҳо нобуд шудааст. Ҳанӯз тафтишот ҳаҷми хисороти куллии сӯхторро ҳисобу китоб накардаанд.

Сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон

Ин бори аввал нест, ки бозорҳо дар Тоҷикистон ба коми оташ меравад. Мақомот дар аксар ҳолатҳои гузашта гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Дар авоили моҳи гузашта бозори "Султони Кабир" дар Душанбе оташ гирифт.
Дар авоили моҳи гузашта бозори "Султони Кабир" дар Душанбе оташ гирифт.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанбе дар моҳи июни имсол “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ” номида шуд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли гузашта "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи

Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд.

Аксар тоҷирони зиёндида дар ин ҳодисаҳо аз он шикоят мекунанд, ки зиёни молии ин сӯхтор пардохт намешавад ва аксари онҳо, ки маъмулан бо қарзи пулӣ кор мекунанд, боз ҳам бояд аз ҳисоби худ зарари воридаро пардохт кунанд. Барои бисёриҳо дар Тоҷикистон, ки дучори мушкили бекорӣ мебошад, кор дар бозор танҳо макони даромад ва ризқу рӯзӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG