Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Султони Кабир дар Душанбе оташ гирифт. ВИДЕО, АКС


"Султони Кабир", яке аз бозорҳои азим дар пойтахти Тоҷикистон, шаби 2-юми июн оташ гирифт. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ ба оташнишонҳо муяссар шуд, ки бо гузашти тақрибан як соат онро хомӯш кунанд.

Навор аз ҷои ҳодиса дар инҷост:

Бозори Султони Кабир дар Душанбе оташ гирифт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Дар бозори "Султони Кабир", ки дар яке аз гӯшаҳои пойтахт ҷойгир аст, сӯхтор соати 8-и шом шурӯъ гардида, тақрибан 30 мошини оташнишонӣ ба фурӯ нишондани алангаҳои оташ машғул шудаанд.

Сӯхтор дар бинои 6-табақаӣ сар задааст. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, азбаски онҷо мебел ваё ҷиҳози чӯбин зиёд аст, оташ баланд шуда ва кори оташнишонҳоро мушкил сохтааст. Дар ин бино ҳамчунин як филиали "Амонатбонк" низ ҷойгир шудааст. Як нуқтаи ширкати мобилии "Мегафон" ҳам дар натиҷаи сӯхтор аз байн рафтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки кормандони милиса атрофи бозорро иҳота кардаанд, то аз ғорат шудани амволи тоҷирон пешгирӣ кунанд. Гузорише дар бораи осеб дидани касе нарасидааст.

​Садҳо нафар дар наздикии маҳалли ҳодиса ҷамъ омада, оташсӯзиро тамошо карданд. Мақомоти интизомӣ ба мардум иҷоза надоданд, ки ба бозор наздик шаванд. Роҳҳоеро, ки ба самти бозор мераванд, бастанд.

Дар видеое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, аз табақаҳои поёнии бино дуди ғализе хориҷ мешавад.

Сабабҳои сӯхтор ҳоло маълум нест, аммо риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ, бахусус дар тобистони гарми Тоҷикистон аз омилҳои аслии оташ гирифтани бозорҳои кишвар аст.

"Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе моҳи июли соли 2017 оташ гирифт ва садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Бозори "Фаровон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам оташсӯзии бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид.

Дар сӯхтор дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки дар рӯзи 29-уми октябри соли 2017 10 дӯкон ва 5 анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафт.

XS
SM
MD
LG