Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сӯхтори "Султони Кабир" се нафар муттаҳам шуд. ВИДЕО


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон се масъули бозори “Султони Кабир”-ро дар сӯхтори шаби 2-юми июн муттаҳам карда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Як манбаъ дар Раёсати оташнишонии Душанбе гуфт, ин афрод ба “бемасъулиятӣ” муттаҳаманд. Аммо соҳибкорони зарардида мегӯянд, аз муҷозот кардани масъулини бозор ба онҳо фоида нест ва беҳтар аст мақомот дар фикри кумак ба онҳо бошанд.​

  • Бар асари сӯхтор 21 дӯкону анборҳои бозори “Султони Кабир” ба коми оташ рафт. Мақомот ҳаҷми зарарро беш аз 3,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд.
Дар ҳар мағоза обкашҳои махсус ва дурбин насб кардем. Чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор пурзӯр шуд

“Огоҳӣ додем, аммо диққат надоданд”

Як мақоми Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми июн бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, се масъули бозори “Султони Кабир” пас аз анҷоми таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ба қавли манбаъ, алайҳи ин се нафар бо моддаи 256-и Кодекси ҷиноӣ ё аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парванда боз шудааст. Дар сурати исботи ҷурм ин афродро аз 12500 сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Сӯхтор дар бозори Султони Кабир
Сӯхтор дар бозори Султони Кабир

Мусоҳиби мо дар Раёсати оташнишонии Душанбе гуфт, тибқи қонун ҳақ надорад, то анҷоми тафтишот аз ин се масъули бозори “Султони Кабир” ном барад. Танҳо афзуд, ин се нафар масъули бахши бехатарӣ ва барқ дар бозори “Султони Кабир” мебошанд. “Чанд моҳ пеш аз сар задани сӯхтор кормандони хадамоти оташнишонӣ дар “Султони Кабир” санҷиш гузаронда, онҳоро барои бартараф кардани қоидаҳои бехатарӣ огоҳ карданд. Ҳатто маводи маъмурӣ низ тартиб дода, супориш доданд, ки камбудҳоро бартараф кунед. Аммо ин се нафар хунукназарӣ карда, камбудҳоро бартараф накарданд ва дар натиҷа сӯхтор сар зад”, - афзуд манбаъ.

Ин масъули идораи оташнишонӣ гуфт, як иттиҳоми аслӣ алайҳи се масъули “Султони Кабир” ин аст, ки онҳо шаби сӯхтор “шит”-и калонро аз барқ ҷудо накардаанд. Иттиҳоме, ки бояд дар додгоҳ собит шавад.

“Аз сӯхтор сабақ гирифтем”

Мақомот дар ҳоле се масъули “Султони Кабир”-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки қаблан сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин бозор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ шуда буд. Масъулини “Султони Кабир” мегӯянд, аз сӯхтори шаби 2-юми июн сабақи зарурӣ гирифтаанд ва барои такрор нашудани ҳодисаҳо талош доранд.

Султон Кабиров
Султон Кабиров

Султон Кабиров, мудири бозори “Султони Кабир” рӯзи 30-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чораҳои бехатариро дар бозор пурзӯр карда, талош доранд дастаи махсуси оташнишонӣ таъсис диҳанд. “Инчунин, ҳар як мағозаро ҷудо кардем. То агар дар як мағоза сӯхтор сар занад, ба мағозаи дигар нагузарад. Дар ҳар мағоза обкашҳои махсус ва камераҳо насб кардем. Дар умум чораҳои бехатарӣ аз сӯхторро пурзӯр намудем”, - гуфт Султон Кабиров.

Аммо назари се масъули “Султони Кабир”, ки мақомот алайҳи онҳо парванда боз карда, сӯхтор дар ин бозорро айби онҳо медонанд барои мо маълум нест. Як масъули ин бозор ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди боз шудани парванда ин нафарон феълан аз кор озод нашудаанд ва мунтазири муҳокимаашон мебошанд.

“Аз муҷозот ба тоҷирон чӣ фоида?”

Мақомот дар ҳоле се масъули “Султони Кабир”-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки соҳибкорони зарардидаи бозор мегӯянд, ба ҷойи ин кор беҳтар аст ба онҳо кумаки амалӣ расонда шавад. Соҳибкорони ин бозор мегӯянд, аз сӯхтор қариб як моҳ мегузарад, вале то ба ҳол мағозаҳои сӯхта дубора ба онҳо супурда нашудааст.

​Инчунин, ба қавли соҳибкорон, ваъдаи кумаки пулӣ аз ҷониби моликони “Султони Кабир” зоҳиран ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Ба қавли соҳибкорон, ба ҷойи бор кардани айби сӯхтор болои касе беҳтар аст, мақомот ба онҳо кумак кунанд, то ҳарчӣ зудтар тиҷораташонро ба по рост намоянд.

Муҳаммаднасим Азимзода, яке аз тоҷирони зарардидаи “Султони Кабир” мегӯяд, ҷонибдори ба додгоҳ кашидани масъулини бозор нест, чун ба қавли ӯ “кори шудагӣ шуд.” Сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ҳам ин бори аввал нест, ки соҳибкорон аз ҷуброн нашудани хисороташон дар ҳолатҳои фавқулода шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар ҳолати бима шудани амволи соҳибкорон, метавонанд зарари онҳоро ҷуброн намоянд.

Мо ягон соҳибкорро намедонем, ки аз суғурта пули хуб гирифта бошад. Таваккалаш ба Худо.

Аммо соҳибкорон, ба қавли худашон, ба суғурта дар Тоҷикистон бовар надоранд. Муҳаммаднасим Азимзода, тоҷири зарардидаи “Султони Кабир” ҳам дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро амволашро қаблан бима накард, гуфт, ба суғурта дар Тоҷикистон бовар надорад ва ҳам “ин кор ба мусалмонӣ дуруст нест.”

“Аз суғурта чӣ фоида аст? Мумкин аст, 10 ҳазор доллар зарар бинӣ, вале 500 долларат медиҳанд. Мо ягон соҳибкорро намедонем, ки аз суғурта пули хуб гирифта бошад. Таваккалаш ба Худо. Соҳибкор сахтҷон аст, пас аз се-чаҳор сол боз худро мегирад”, - гуфт ӯ.

Султони Кабир баъди як рӯзи сӯхтор
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:18 0:00

Мақомоти тоҷик низ мегӯянд, феълан агар дар як бозор 100 соҳибкор фаъолият кунад, танҳо 10-15 нафари онҳо амволи худро бима кардаанд.

Огоҳони соҳа мегӯянд, низоми суғурта дар Тоҷикистон то ҳол ба дараҷаи зарурӣ ташаккул наёфтааст. Соҳибкорон низ ба қавли ҳамсуҳбатони мо бар асоси “қонуни ҷангал” фаъолият мекунанд. Бо маблағи зиёд тиҷоратро шуруъ мекунанд ва кори худро ба таваккал ҳавола менамоянд.

“Ноқилҳои куҳна - мушкили аслии оташсӯзӣ”

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешавад. Аммо бархе дигар аз мутахассисон мегӯянд, оташсӯзиҳои пай дар пай дар Душанбе, ки ба қавли мақомот аз ноқилҳои барқӣ сар мезанад, гувоҳи вуҷуди мушкили ҷиддӣ дар ин бахш аст.

Як мутахассиси соҳаи таъминоти барқӣ дар Душанбе мегӯяд, аксари ноқилҳои барқӣ дар пойтахт куҳна ва боқимонда аз замони Шӯравӣ мебошанд. Маҳз ба ин хотир, ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, мушкили кӯчак низ дар ноқилҳо ба ҳодисаҳои нохуш мерасонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG