Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гапи мард – якто" Ваъдаи моликони "Султони Кабир" ба тоҷирон. ВИДЕО


Молики бозори “Султони Кабир” ба соҳибкорони зиёндида аз сӯхтор ваъда додааст, ки қисман зарарро ҷуброн хоҳад кард. Бар асари сӯхтор дар шаби 2-юми июн 21 мағоза ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.

Ҳамаашро бо пули қарз гирифта будам. Ягон борро гирифта натавонистем. Танҳо як қисми маҳсулотро нимсӯхта берун овардем. Ҳоло қарздорем, намедонам, қарзҳоро чӣ хел пардохт кунем

Аз андоз то ҷуброни зарар

Пас аз чаҳор рӯзи сӯхтор дар “Султони Кабир”, рӯзи 6-уми июн, Авазхон Кабиров – молики бозор бо соҳибкорони зарардида мулоқот кард. Ин вохӯрӣ дар дохили бозор доир шуд ва масъулони “Султони Кабир” монеи иштироки хабарнигорони Радиои Озодӣ дар он шуданд. Авазхон Кабиров, молики бозор, дар суҳбати кӯтоҳ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, омадааст, то арзи соҳибкоронро бишнавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ваъдаи молики бозори "Султони Кабир" ба тоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Соҳибкорони зарардидаи бозори “Султони Кабир” пас аз вохӯрӣ бо Авазхон Кабиров гуфтанд, молики бозор ба онҳо ваъдаҳои зиёд додааст.

Муҳаммаднасим Азимзода, яке аз тоҷирони зарардида, ки ин гуруҳи тоҷиронро барои мулоқот роҳбарӣ мекард, гуфт, ба онҳо ваъдаи озод кардан аз иҷорапулӣ ва андозро додаанд. Ба қавли ӯ, роҳбарияти бозори “Султони Кабир” гуфтаанд, мағозаи тоҷирон пурра таъмир шуда, инчунин, ба онҳое, ки зарари калон дидаанд, қисман ҷуброн пардохта хоҳад шуд.

Авазхон Кабиров
Авазхон Кабиров

“Дар ҷаласа раиси бозор гуфт, ба соҳибкороне, ки бисёр зарар дидаанд, аз ҳисоби худашон қисман кумак мекунанд. Аз пардохтҳои бозор озод мекунанд ва ба мақомоти андоз низ гап мезананд, то аз молиёт озод кунанд. Хулоса, имтиёзҳои хуб доданд”, - афзуд ӯ.

"100 телевизорам сӯхт"

Мулоқоти Авазхон Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” ба назар мерасид, ҳадафаш бештар ором кардани соҳибкорони зарардида аст. Пеш аз вохӯрӣ бо Авазхон Кабиров соҳибкорони зарардидаи бозори “Султони Кабир” хеле хашмолуд ба назар мерасиданд. Аз ҷумла, онҳо мегуфтанд аз сӯхтор чор рӯз мегузарад, вале то ҳол барояшон ҳеҷ гуна кумак намешавад.

Яке аз ин соҳибкорон, ки гуфт ҳамроҳ бо хусураш аз сӯхтор осеб дидаанд, бо исрор талаб мекард, роҳбарияти бозор барояшон ёрӣ кунанд. Ин соҳибкори ҷавон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯхтор наздики ним миллион сомонӣ хисорот дидаанд.

Ба қавли соҳибкори бозори “Султони Кабир”, пеш аз моҳи Рамазон ба мағозааш миқдори зиёди бор, аз ҷумла наздики 100 телевизири гаронбаҳои тамғаи “LG”, қандилҳои аълосифат ва дигар таҷҳизот оварда буд. “Ҳамаашро бо пули қарз гирифта будам. Ягон борро гирифта натавонистем. Танҳо як қисми маҳсулотро нимсӯхта берун овардем. Ҳоло қарздорем, намедонам, қарзҳоро чӣ хел пардохт кунем. Маҷбурем боз қарз гирифта, тиҷоратро шуруъ кунем ё ба ягон тиҷорати хурд гузарем”, - афзуд ин соҳибкор.

“Ваъда доданд, гапи мард якто гуфтанд”

Аммо пас аз вохӯрӣ бо молики бозори “Султони кабир” соҳибкорони зарардида зиёд тағйир карда буданд. Онҳо, ки то соате пеш аз оташи хашм меҷӯшиданд, акнун зиёд ба роҳбарияти бозор миннатдорӣ мекарданд. Ҳарчанд маълум набуд, ин ваъдаҳо то куҷо амалӣ мешаванд. Ба гуфтаи соҳибкорон, байни онҳо ва соҳибмулки бозори “Султони Кабир” санади хаттие имзо нашудааст ва ваъдаҳо даҳонӣ буданд. “Ваъда доданд, ки кумак мекунанд, гапи мард якто гуфтанд”, - афзуд як соҳибкор.

Соҳибкорон зарари расида аз сӯхторро бино ба ҳисобҳои худашон наздики як миллион доллар арзёбӣ мекунанд. Чун ба қавли соҳибкорон маҳсулоте, ки дар мағозаҳои сӯхта ба савдо гузошта буданд, арзиши зиёд дошт. Аммо кумисюни дахлдори шаҳрдорӣ то ҳол санҷиши худро анҷом надодааст ва ин рақам метавонад ниҳоӣ набошад.

"Сӯхтор аз расиши ноқилҳои барқ сар зад?"

Таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтори шаби 2-юми июн дар бозори "Султони Кабир" идома дорад. Кумисюни махсус бояд сабабҳои ҳодиса ва ҳаҷми зарарро мушаххас кунанд. Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори "Cултони Кабир"-и Душанбе аз "расиши ноқилҳои барқ" сар задааст.

Шаҳрдори Душанбе ба масъулони бозори "Султони Кабир" як ҳафта мӯҳлат додааст, ки дӯконҳои харобшударо бунёд ва ба соҳибонашон супоранд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 дар масоҳати тақрибан 5 гектар бунёд шудааст. Дар ин бозор ҳудуди 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG