Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи сӯхтор дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки шаби шанбе ба якшанбеи 29 октябр сар зад, ҳудуди 10 дукон ва 5 анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафт. Масъулони бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ба соҳибкороне, ки дар пайи сӯхтор осеб диданд, ваъда додаанд, ки дӯконҳояшон барқарор карда хоҳанд шуд.

Тоҷирони ҳайрон

Ҳоҷӣ, яке аз соҳибкорони бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки дар ин бозор масолеҳи сохтмонӣ ва рангу шиша мефурӯшад, мегӯяд, дар пайи сӯхтор 90 ҳазор сомонӣ зарар дидааст ва то ҳол ба худ наомадааст. Вай мегӯяд, ҳоло ҳайрон мондааст, ки баъди ин сӯхтор аз куҷо пул гирифта тиҷораташро пеш мебарад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Рустам, як соҳибкори дигар беш аз 100 ҳазор сомонӣ зарар дидааст. Вай мегӯяд, ҷуброни зарари онҳоро касе кафолат намедиҳад. Ба гуфтаи ин соҳибкор, дороии ду писараш низ бахше аз ин тиҷорат буд, вале ҳоло дигар комилан ба коми оташ рафтааст.

Масъулони бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз соҳибкорон ариза ва баёнот гирифта шуда, қарор аст, рӯзҳои наздик зарари расида ба онҳо мушаххас хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Баротзода, масъули Идораи оташнишонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки комиссияи махсус иборат аз 20 ниҳоди давлатӣ таъсис шуда, хисороти ворида аз оташсӯзиро муайян мекунад.

Ин аст, ки ба гуфтаи вай, аз ҷониби аъзои комиссия соҳибкорон пурсида шуда, ҳаҷми хисороти ворида ба онҳо маълум карда мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам расидани ноқилҳои барқиро сабаби сӯхтор дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон унвон кардаанд.

Сӯхтор дар калонтарин бозори Хатлон чӣ гуна рух дод?

Бино бар иттилои раёсати оташнишонии вилояти Хатлон, сӯхтор дар бозор соати 8:15 дақиқаи субҳ сар зада ва ҷузъу томҳои оташнишонӣ сари вақт ба маҳалли ҳодиса расидаанд. Бар асоси хулосаи муқаддамотии мутахассисон, сӯхтор аз яке аз айвонҳои қисмати масолеҳи сохтмонии бозор шурӯъ шудааст. Дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз тоҷирон осеб надидаанд. Сӯхтор дар масоҳати 370 метри мураббаъ зиён расонида ва ҳаҷми хисорот дақиқ мешавад.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки барои хомӯш кардани оташсӯзӣ 14 мошини оташнишонии раёсати давлатии оташнишонӣ дар вилояти Хатлон, 4 мошини обкашонии Хадамоти коммуналии шаҳр, 2 мошини обкашонии бозори “Фаровон” ва чанд адад мошини сӯхторнишонии худи бозори “Ҳоҷӣ Шариф” истифода шудаанд.

Бозори мазкурро, ки дар масоҳати 11 ҳектар доман паҳн кардааст, соли 2011 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бар асоси иттиллои расмӣ, дар бозор 7 ҳазор тоҷиру соҳибкор соҳиби ҷойи кор шуданд ва қарор буд, 14 ҳазор нафари дигар ҳам дар инҷо соҳиби кор шаванд. Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон, бар асари бекорӣ, садҳо ҳазор сокини кишвар бозору тиҷоратро танҳо манбаи даромади худу оилаҳояшон интихоб карданд.

Дар видеоҳое, ки корбарони вебсайти Радиои Озодӣ фиристоданд, шӯълаи азими оташ дар як гӯшаи бозор дида мешавад ва садҳо нафар ҳам алангаи оташро мушоҳида мекунанд. Мошинҳои оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса мешитофданд ва маъмурони милиса роҳҳо ба самти бозорро бастаанд. Дар яке аз ин видеоҳо ҳамчунин дида мешавад, ки чӣ гуна тоҷирон ва мардум ҷони худро дар хатар гузошта ва молу амволи дӯконҳоро берун мекашанд.

Бозорсӯзӣ дар Тоҷикистон

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

"Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе моҳи июли имсол оташ гирифт ва садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони имсол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд. Бозори "Фаровон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам оташсӯзии бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид.

Дар Душанбе оташсӯзӣ сабаби эътирози тоҷироне шуд, ки даҳҳо ҳазор долларашон ба коми оташ рафт. Бисёре аз онҳо мегуфтанд, ки аз бонкҳо қарздоранд ва акнун намедонанд, кӣ чӣ кор кунанд. Мақомот баъд аз чунин ҳодисаҳо ба тоҷирон ваъдаи сабукӣ медиҳанд, вале шикоятҳо зиёданд, ки ин ваъдаҳои мақомот барои кӯмак дар барқарории бозору ҷуброни хисорот иҷро намешаванд ва мардуми зиёде қарздор ва ҳатто бехонумон мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG