Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулини “Корвон”: "Меъёрҳои бехатариро риоя мекардем"


Бо гузашти ду рӯз аз сӯхтани як қисмати бозори “Корвон” - калонтарин бозори шаҳри Душанбе, ҳанӯз ҳаҷми хисороти тоҷирон ҳисоб нашуда ва масъулини бозор эҳтимоли адами риояи меъёрҳои бехатарӣ дар бозорро, рад мекунанд. Сӯхторе, ки беш аз 280 дӯкони молро ба коми оташ бурд, аз назари бархе таҳлилгарони иқтисодӣ эътимоди соҳибкорон ба амнияти кору даромад ва фаъолияташонро зери суол мебарад.

Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад, макони кори ҳазорҳо тоҷирон шудааст.

Мақомот бар асоси санҷиши муқаддамотӣ гуфтанд, ки сӯхтор бар асари ба ҳам расидани ноқилҳо рух додааст. Ҳанӯз ҳаҷми хисорот ҳисобу китоб нашудааст, вале аксар дӯконҳои сӯхта махсуси фурӯши пойафзол ва сару либос будаанд. Мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди як мулоқот бо тоҷирони молашон дар сӯхтор нобудшуда, таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодиса ва бахшидани сабукиҳо дар хароҷоти ояндаашонро ваъда кард.

Бозор қисми махсуси оташнишонӣ дошт

Дар гузашта ҳам бозори "Корвон" бар асари сӯхтори шадиде осеб дида буд. Аз ҷумла санаи 5 сентябри соли 2012 дар қисмати яклухтфурӯшии бозори “Корвон” сӯхтор сар зад, ки баъдан мақомоти интизомӣ онро "оташ задан", унвон карданд. Дар пайи ин оташсӯзӣ дар бозори “Корвон” қисми хадамоти оташнишонӣ ташкил шуда, се адад нақлиёти сӯхторхомушкунӣ харидорӣ шуда буд. Бозори “Корвон” дар Тоҷикистон ягона бозоре мебошад, ки дорои чунин қисми оташнишонии худӣ аст.

Ҳадаф аз ташкили ин қисми оташнишонӣ, саривақт хомӯш кардани сӯхторҳо дар бозори “Корвон” арзёбӣ мешуд. Аммо оташсӯзии шаби 2 июлро на танҳо қисми оташнишонии “Корвон” бо се нақлиёт, балки 28 мошини оташхомӯшкунаки пойтахт низ натавонист саривақт пешгирӣ кунанд ва танҳо баъди қариб чор соат, оташ хомӯш карда шуд.

Масъули бозори “Корвон”: Бозор ба талабот ҷавобгӯ аст

Огоҳони соҳа мегӯянд, дар бозорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бозори “Корвон” растаҳо хеле ба ҳам наздик ҷойгир шудаанд, ки боис мешавад оташ тез паҳн шуда, хисороти зиёдеро ба бор орад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, ин хилофи меъёрҳои бехатарӣ аст ва масъулини бозорҳо ба хотири даромади бештар, растаҳоро хеле ба ҳам наздик ҷойгир мекунанд.

Аммо масъулини бозори “Корвон” ин далелҳоро рад карда мегӯянд, тамоми талаботи бозордорӣ риоя мешавад. Мурод Камолов, як масъули бозори “Корвон” рӯзи 4 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, риоя нашудани қоидаҳои сухтор дар ин бозорро рад кард.

Ҷаноби Камолов сабаби ба ҳам наздик ҷойгир шудани дӯконҳоро ба талаботи бозордорӣ рабт дода гуфт, “ин бозор аст ва ҳамаи растаҳо дар як қатор ҷойгир мешаванд, намешавад, ки ҷудо-ҷудо бунёд шаванд. Талабот бошад, растаҳо бунёд мешавад ва агар талабот набошад, растаро намесозем. Ҳоло корҳо рафта истодаанд ва дар давоми ду ҳафта мағозаҳои осебдидаро бунёд карда ба соҳибкорон месупорем.”

300 камера, 100 посбон… Сӯхтор чаро рух дод?

Ба назари коршиносон, оташсӯзиҳо дар бозорҳои Тоҷикистон, ки аксари вақт онро ба расиши ноқилҳои барқӣ рабт медиҳанд, шубҳаовар мебошанд. Бахусус сӯхтори ахири бозори “Корвон” баъди се соати баста шудани бозор ва дар ҳоле сар зад, ки ба гуфтаи соҳибкорон, хатҳои барқ хомӯш карда мешуданд.

Заррина Эргашева, рӯзноманигори иқтисоднавис мегӯяд, ин гуна сӯхторҳо албатта наметавонанд дар умум ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири сахт дошта бошанд, аммо метавонанд боварии соҳибкорон ба амнияти бозорҳоро коҳиш диҳанд. Аммо хонум Эргашева мегӯяд, бо сабаби набудани интихоби дигар, соҳибкорон маҷбуранд дар чунин шароит корро идома диҳанд.

Заррина Эргашова, хабарнигор
Заррина Эргашова, хабарнигор

​Заррина Эргашева мегӯяд, баъд аз оташсӯзии соли 2012 дар бозори “Корвон” барои бехатарӣ чандин корҳо анҷом дода шуд ва ҳоло дар ин бозор шӯъбаи хадамоти оташнишонӣ, зиёда аз 300 камера бо манбаи барқии алоҳида, зиёда аз 100 посбон, ки дар чор баст кор мекунанд, амал мекунанд. Ба гуфти Заррина Эргашева, ҳатто дар бозори “Корвон” системаи автоматии расондани об дар ҳолати рух додани сӯхтор бо захираи на кам аз 1000 кубометр об, инчунин 10 ҳавзи захираи об бунёд гардида буд. "Вақте ман дар ин бора аз бозори “Корвон” гузориш таҳия мекардам, гумон доштам, ки дигар дар бозори мазкур ягон ҳодисаи сӯхтори калон сар намезанад. Аммо баъди рух додани сӯхтори рӯзи 2-юми июл ҳоло суол пайдо мешавад, ки ин системаи бехатарӣ аз сӯхтор бо ин ҳама иқтисод то куҷо кор мекунанд?”,-гуфт дар идома Заррина Эргашева.

Озод карданҳо муваққатӣ аст?

Соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори “Корвон” осеб дидаанд барои ду сол аз пардохти чеки ҳаррӯза ва иҷорапулӣ озод шуданд. Дар сӯхтори соли 2012 низ мақомот ваъда дода буданд, ки соҳибкорон панҷ сол аз супурдани маблағ озод ҳастанд. Аммо баъди ду сол мақомот гуфтанд, ки ба тоҷирон касе "озод шудани онҳо аз андозро ба мӯҳлати 5 сол" ваъда надода буд ва сухан танҳо аз маблағи иҷора ба муддати 5 сол мерафт.

Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи ҶДММ бозори «Корвон» дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2014 гуфта буд, ки тоҷирон бояд ҳамоно маблағи чиптаи ҳаррӯзаро супоранд. Ин ҳамон замоне буд, ки сохторҳои андоз омада, дари дӯконҳои тоҷирони дар сӯхтор осебдидаро мӯҳр зада, пардохти 100-дарсадии андозро аз онҳо талаб кардаанд. Соҳибкорони бозори “Корвон” мегӯянд, ҳарчанд давоми ин солҳо аз супоридани чеки бозор озод буданд, аммо ҳаққи посбон ва андозро пурра месупориданд.

Коршиносон низ мегӯянд, шаҳрдорӣ бояд масъалаи озод шудани соҳибкорон аз пардохти чеки ҳаррӯза ва иҷорапулиро зери назорати қатъӣ гирад. Чун ба гуфтаи Заррина Эргашева, эҳтимол дорад, маъмурияти бозорҳо баъди чанд муддат аз соҳибкорон ин маблағро талаб намоянд.

“Маъмурияти бозор метавонанд баъди чанд вақт дубора маблағи озодшударо аз соҳибкорон талаб намоянд. Ман аз таҷрибаам мегӯям, ки қаблан маъмурияти бозорҳо баъди чанд вақти озод кардани соҳибкорон аз сӯхторҳои гузашта зарардида, аз онҳо дубора ин маблағро талаб намуда буданд. Инҷо муҳим аст, ки маъмурияти бозорҳо то охир ба сухани худ биистанд ва агар ваъда доданд, пас ба ваъдаи худ вафо кунанд,”-афзуд ӯ.

Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад, макони кори ҳазорҳо тоҷирон шудааст. Бекории солҳои истиқлолият, шумори зиёди мардумро барои кор ба бозор бурд.

Арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2012 гардиши солонаи мол дар бозори “Корвон”-и Душанберо 106 миллион доллар бароварда карда буд, ки аз рӯи ин гузориши “Калобаи абрешим: Бозорҳои бидуни марз ва тиҷорати наздимарзӣ дар Осиёи Марказӣ”, бозори калонтарину сердаромадтарин дар қаламрави Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG