Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди сабукиҳо ба зарардидагони сӯхтор дар бозори "Корвон" АКС, ВИДЕО


Шаҳрдори Душанбе барои соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Корвон" зарар диданд, сабукиҳо пешниҳод кардааст. Дар оташсӯзии шаби 2-юми июл дар бозори "Корвон"-и Душанбе, беш аз 280 дӯкон ва нуқтаҳои савдо, ба коми оташ рафт.

Тибқи гуфтаи дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қабл аз зӯҳри 3-юми июл бо соҳибкороне, ки дар сӯхтори шаби гузашта дар бозори "Корвон" зарар диданд, мулоқот кард.

Манбаъ мегӯяд, ки ба пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, соҳибкороне, ки дар ин ҳодиса зарар диданд, то ду соли оянда аз пардохти чеки ҳаррӯза ва иҷорапулӣ озод мешаванд. Ба иттилои Абдумаҷид Усмонов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, дар ин мулоқот беш аз 200 тан аз соҳибкорони зарардида иштирок доштанд.

Пешниҳоди сабукиҳо ба зарардидагони сӯхтор дар бозори "Корвон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Аз ин қабл, вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари сӯхтор дар "Корвон" -- бузургтарин бозори шаҳри Душанбе, 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо, зарар диданд. Ин вазоратхона бар пояи хулосаи пешакӣ, сабаби сар задани ин оташсӯзиро, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ", эълон кард.

Дар хабарномаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки субҳи 3-юми июл нашр шуд, дар шарҳи ин ҳодиса омадааст, ки "рӯзи 2-юми июли соли 2017, соати 20:03-дақиқа, дар ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати 480 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд."

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ҳам сабт нашудааст. Ин ниҳод ҳаҷми хисороти ин оташсӯзиро эълон накарда ва гуфтааст, ки "зарари сӯхтор муайян карда мешавад."

Панҷ сол пеш аз ин дар қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" сӯхтор сар зада, дар пайи он беш аз 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуда буд.

Соҳибкорон ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар ин ҳодиса асосан растаҳои фурӯши пойафзол ва дӯконҳои фурӯши шими "ҷинс", ба коми оташ рафтаанд. Ба гуфтаи соҳибкорон, субҳи барвақти 3-юми июл ҳамаи ҷабрдидаҳоро дар ду автобус, ба ҳукумати шаҳр бурданд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомӣ ҳама роҳҳо ба сӯи қисмати оташгирифтаи бозорро маҳдуд карда ва монеи ҳаракати одамон шудаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯяд, ки то ба ҳол мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва кормандони оташнишонӣ дар дохили бозор, оқибатҳои сӯхторро бартараф мекунанд.

Ба гуфтаи масъулин ва соҳибкорон, баъд аз сар задани сӯхтор замоне, ки тоҷирон дар талоши берун овардани молу колояшон буданд, як гурӯҳ аз ҷавонон талош доштанд даст ба дуздӣ зананд. Як масъули пулис гуфт, ки қисми зиёди ин афродро боздошт намуда ва аз дуздии моли соҳибкорон, ҷилавгирӣ карданд.

Дар гузашта ҳам бозори "Корвон" бар асари сӯхтори шадиде осеб дида буд. Ҳодисаи 5 сентябри соли 2012-ро мақомоти интизомӣ "оташ задан" унвон карданд ва дар он ҳодиса 2250 дӯкони мол ва 8 ҳазор метри мураббаъ қаламрави бозор ба коми оташ рафт. Маълум нест, натиҷаи он таҳқиқ то куҷо расид, вале садҳо тоҷири дар ин сӯхтор зарардида ба нишони эътироз барои аз даст рафтани молу даромадашон хостанд раҳпаймоӣ кунанд. Баъдан шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев баъди музокирот бо ин мардум ва ором кардани онҳо тавонист аз эътирози тоҷирон ҷилавгирӣ кунад.

Баъди ду сол мақомот гуфтанд, ки ба тоҷирон касе "озод шудани онҳо аз андозро ба мӯҳлати 5 сол" ваъда надода буд ва сухан танҳо аз маблағи иҷора ба муддати 5 сол мерафт. Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи ҶДММ бозори «Корвон» дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ соли 2014 гуфта буд, ки тоҷирон бояд ҳамоно маблағи чиптаи ҳаррӯзаро супоранд. Ин ҳамон замоне буд, ки сохторҳои андоз омада дари дӯконҳои тоҷирони дар сӯхтор осебдидаро мӯҳр зада пардохти 100-дарсадии андозро аз онҳо талаб кардаанд.

Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад, макони кори ҳазорҳо тоҷирон шудааст. Бекории солҳои истиқлолият шумори зиёди мардумро барои кор ба бозор бурд. Арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2012 гардиши солонаи мол дар бозори “Корвон”-и Душанберо 106 миллион доллар баровард карда буд, ки аз рӯи ин гузориши “Калобаи абрешим: бозорҳои бидуни марз ва тиҷорати наздимарзӣ дар Осиёи Марказӣ”, бозори калонтарину сердаромадтарин дар қаламрави Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

​Шоми 2-юми июл дар як қисми бозори "Корвон", бузургтарин бозори шаҳри Душанбе, сӯхтор сар зад. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанд мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, хеле ба сахтӣ алангаи оташро фурӯ нишонданд. Сӯхтор дар дарвозаи шашуми бозори "Корвон" сар зада, ба қавли шоҳидон, бо суръат ба бахшҳои дигари бозор паҳн мешуд.

Ин видеоро яке аз хонандаҳои вебсайти Озодӣ фиристод:

Видеои нав аз сӯхтор дар бозори "Корвон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00

"Дар сурати каме дер расидани сӯхторхомӯшкунҳо ё инки нимашаб сар задани оташ эҳтимол масоҳати зиёди бозор зарар медид. Тоҷирони зиёд ҳам хисорот медиданд. Ин дафъа мошини зиёди сӯхторхомӯшкунӣ омада буд ва оташнишонҳо низ хеле ҷасорат нишон доданд", - гуфт яке аз шоҳидон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шаби 2 июл.

Ин наворро яке аз корбарони Радиои Озодӣ фиристод:

Сӯхтор дар бозори Корвон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00

Дар чанд навори кӯтоҳи видеоӣ, ки корбарони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса фиристоданд, дида мешавад, дар лаҳзаҳои аввал алангаи оташ баланд буда, аз дур дуди ғализ ҳам намоён аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷои ҳодиса гуфт, ки яке аз тоҷирони зан баробари дидани талафоти молаш аз ҳуш рафта ва пизишкон ба кумакаш шитофтаанд.

Панҷ сол пеш аз ин дар қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" сӯхтор сар зада, дар пайи он беш аз 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуда буд. Баъзе аз тоҷирон гуфта буданд, ки дар он фалокат садҳо ҳазор доллар аз сармояи худро аз даст доданд.

Дар пайи сӯхтор дар бозори "Корвон" роҳҳои наздик ба он баста шуда, теъдоди зиёди одамон дар онҷо ба мушоҳида мерасиданд. Акс аз Завқибек Саидаминӣ
Дар пайи сӯхтор дар бозори "Корвон" роҳҳои наздик ба он баста шуда, теъдоди зиёди одамон дар онҷо ба мушоҳида мерасиданд. Акс аз Завқибек Саидаминӣ

​Ин сӯхтор хашму эътирози тоҷиронро барангехта буд, ки даст ба раҳпаймоӣ зада хостанд, то маркази пойтахт, назди ҳукумат рафта масъаларо бо мақомоти баландпоя дар миён гузоранд.

Баъдан дар музокирот бо тоҷирон раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев пуштибонии бонкҳои тиҷоратиро аз тоҷирон ваъда дод ва онҳоро аз идомаи роҳпаймоӣ боздошт.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки сӯхтори панҷ сол пеш дар бозори "Корвон" амали барқасдона буд.

Дар гузашта дар бозорҳои "Шоҳмансур", "Саховат", "Варзоб" ва "Панҷшанбе" низ сӯхтор ба амал омада буд. Моҳи майи имсол дар бозори марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ сӯхтор сар зада, даҳҳо дӯконро ба коми худ кашид ва даҳҳо тоҷирро бе ҷои кор гузошт. Мақомоти Фархор гуфтанд, ки ба зудӣ бозори навро барқарор хоҳанд кард.

Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017. Акс аз Баҳром Мадакимов
Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017. Акс аз Баҳром Мадакимов

Назди дарвозаи панҷуми бозори Корвон, наздик ба маҳалли сӯхтор, пур аз мошинҳои оташнишонӣ ва мардум буд. Шоми 2-юми июли 2017
Назди дарвозаи панҷуми бозори Корвон, наздик ба маҳалли сӯхтор, пур аз мошинҳои оташнишонӣ ва мардум буд. Шоми 2-юми июли 2017

Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017
Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017

Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017
Сӯхтор дар бозори Корвон. Шоми 2-юми июли 2017

XS
SM
MD
LG