Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарардидагони "Корвон"-ро аз андоз озод карда буданд ё патент ё ҳар ду?


Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дӯконҳои бархе аз тоҷирони бозори «Корвон»-ро, ки дар пайи оташсӯзии ду соли пеш зиёни ҷиддӣ дида буданд, муҳр задааст.

Нозироти андоз дар огоҳиномаи расмӣ ба тоҷирон гуфтааст, онҳо аз андоз қарздор мебошанд ва то замоне, ки андозро насупоранд, ҳаққи фаъолият надоранд. Ин дар ҳолест, ки тоҷирон мегӯянд, пас аз оташсӯзии 5-уми сентябри соли 2012 ҳангоми мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ӯ ваъда дода буд, ки тоҷирон то панҷ сол аз супурдани андоз озод ҳастанд.

Оиша Набиева, як тан аз тоҷири зарардидаи ин бозор ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар пайи сӯхтор онҳо зиёни ҷиддӣ дида буданд ва умед доштанд, ки ваъдаи шаҳрдори Душанбе ҷиддист ва зиёндидагон бо имтиёзи ваъдакардаи шаҳрдор давоми панҷ сол зиёнашонро барқарор мекунанд. Ӯ гуфт: «Моро на танҳо раиси шаҳр, балки дигарон ҳам ваъда карданд, ки панҷ сол аз андозу патент озод ҳастед. Лекин ду сол нагузашта омаданд ва дарҳои моро маҳкам карданд. Аз андоз қарздор ҳастед гуфта, чизҳои моро аз берун гирифта ба дарун партофта, печат зада, маҳкам карданд.»
Оташсӯзӣ дар гӯшаи яклухтфурушии бозори “Корвон” рӯзи 5-уми сентябри соли 2012 рӯх дод, ки дар паи он 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардида буд.
Оташсӯзӣ дар гӯшаи яклухтфурушии бозори “Корвон” рӯзи 5-уми сентябри соли 2012 рӯх дод, ки дар паи он 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардида буд.
Сӯҳроб, ҷавони дигари тоҷир мегӯяд, дар аввал бархе масъулини андоз бо онҳо сӯҳбат карданд, ки 50 дарсади андозро мебахшем, вале 50 дарсади дигарро супоред, аммо вақте барои супурдани андоз ба Идораи андоз рафтем, гуфтанд, ки чунин ҳарф вуҷуд надорад: «Дар идораи андоз гуфтанд, ки ин хел гапи 50 фоиза вуҷуд надорад ва бояд шумо сад фоиз супоред. Ҳоло маҷбурем супорем, зеро ба фикрам дигар роҳ нест. Он ваъдаҳо ҳама фаромӯш шудаанд.»

Пас аз сӯхтори бозори «Корвон» тоҷирон бо нишони эътироз роҳ сӯи бинои шаҳрдорӣ пеш гирифта буданд ва он замон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳангоми сӯҳбат ба тоҷирон ваъдаи кӯмак карда буд. Бархе тоҷирон мегӯянд, онҳо ба хулосае расиданд, ки ваъдаҳои қаблан шифоҳӣ ба онҳо дода шуда, асоси воқеӣ надоранд ва онҳо маҷбуранд барои дубора боз кардани дӯконҳояшон андозро сад дар сад супурданд, зеро чунин ҳарф фақат забонӣ буда, дар ҳеҷ ҷое дар ин маврид ҳуҷҷат вуҷуд надорад.

Сайрам Қодирова, як тоҷирзан мегӯяд: «Ин гапҳоро барои ором кардани халқ ба даҳон гуфтанд. Дар ягон ҷо ҳуҷҷат накарданд. Халқ ҳам дар ягон ҷо ҳуҷҷат напурсидааст. Бо гапи хушк халқро ором карда, равон намуданд.»
Ҳалима Мавлонова
Ҳалима Мавлонова
Дар ҳамин ҳол, Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи ҶДММ бозори «Корвон» мегӯяд, соҳибкорон масъулинро нодуруст фаҳмидаанд ва шаҳрдори Душанбе ҳам ҳеҷ гоҳ чунин ваъда надода буд. Ӯ мегӯяд, дақиқан шаҳрдор як рӯз пас аз сӯхтор бо соҳибкорон сӯҳбат дошт ва ҳар ваъдае, ки дод, онҳо амалӣ шуданд:

«Соҳибкорон на аз андоз, балки аз маблағи иҷора ба мӯҳлати панҷ сол озоданд, вале бояд маблағи чиптаи ҳаррӯзаро супоранд, ки мо ҳам то ҳоло онро талаб накардаем. Раиси шаҳр ба хотири дастгирии соҳибкорон ба ҳамаи сохторҳои марбута, яъне аз ваколатҳои раиси Маҷлиси миллӣ истифода бурда ба Бонки миллӣ, Кумитаи андоз хоҳиш карда буданд, аз имкониятҳои мавҷудбуда ба соҳибкорони зарардида кӯмак расонанд. Ба имкониятҳои мавҷудбуда ин дохил мешуд, ки Бонкҳое, ки ба соҳибкорон қарз дода буданд, мӯҳлати баргардонии фоизҳоро то шаш моҳ ба таъхир андохтанд. Аз ҷониби Кумитаи андоз бошад, то барқарор шудани нуқтаҳои савдо шаҳодатномаи соҳибкориашон қатъ карда шуда буд ва онҳо аз ин ҳисоб пул намесупрданд. »

Оташсӯзӣ дар гӯшаи яклухтфурӯшии бозори “Корвон” рӯзи 5-уми сентябри соли 2012 рӯх дод, ки дар пайи он 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардида буд. Он замон бо нашри як байния Додситонии кул ин сӯхторро барқасдона унвон карда буд, вале бо гузашти ду сол ҳанӯз ҳеҷ нафаре бо гумони оташ задани ин гӯшаи бозори “Корвон” боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG