Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Сӯхтор дар бозори Фархор аз расиши ноқилҳои барқ сар зад. ВИДЕО, АКС


Мақомоти маҳаллӣ дар Фархор мегӯянд, ки сӯхтор дар бозори марказии ин ноҳия, бинобар расиши ноқилҳои барқи болои дӯконҳо, сар задааст. Бар асари сӯхтори шомгоҳи сешанбеи 30-юми май дар бозори марказии ноҳияи Фархор, аксари кулли дӯконҳо ба коми оташ рафтанд. Бозори марказии ноҳияи Фархор аз ду бахш --бозорҳои "Фархор" ва "Дунё", иборат мебошад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷири бозори Фархор: "Вақте мошини оташнишонӣ омад, об надошт..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Як масъули Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар шамол ва тундбоди шадиди рӯзи гузашта, ноқилҳои барқ ба ҳам расида ва боиси ба амал омадани ин сӯхтор шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қисмати дохилии бозор, ки дар он умдатан дӯконҳои маводи хӯрокворӣ, либосворӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва мебел ҷойгир буд, комилан аз байн рафтааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифтааст: "Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дӯконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст."

Ба гуфтаи Хадамоти оташнишонии Фархор, мардум тавонистанд, ки қабл аз расидани аланга ба дӯконҳо, аксарияти молу колои худро берун баранд. Дар ҳоли ҳозир комиссия ташкил шуда ва ҳаҷми хисороти оташсӯзиро муайян мекунад.Тоҷиддин Муҳиддинов, яке аз соҳибмулкони бозор ба мақомот ваъда додааст, ки аз ҳисоби худ бозорро ба таври комил бозсозӣ намуда ва ба дар ихтиёри фурӯшандаҳо қарор медиҳад.

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки аллакай бо молики бозори "Фархор" сӯҳбат анҷом дода ва қарор аст бунёди бозор оғоз шавад. Ба гуфтаи Вализода, ин соҳибкор ваъда додааст, ки ба баъзе фурӯшандаҳо қарзҳои имтиёзнок низ хоҳад дод.

Муҳаббатшо Ҷалилов, директори бозори ҶДММ "Дунё" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бозор дар масоҳати 1 гектар ҷойгир аст ва дар он ҳудуди 300 нуқтаи фурӯш вуҷуд дошт, ки 50-тои онро мағоза ва 250 дигарро нуқтаи фурӯши либосворӣ, ки дар шакли "шипанг" ё бошгоҳ сохта шуда буд, ташкил медод. Ӯ гуфт, ки аз ин шумора 230 дӯкони ин бозор ба коми оташ рафтааст.

Барои бори аввал нест, ки дар бозори марказии ноҳияи Фархор оташсӯзӣ рух медиҳад. Аз ин қабл, шаби 22 ба 23-уми октябри соли 2010, дар ин бозор сӯхтор ба амал омада буд, ки дар натиҷа, чандин растаи либосворӣ, хӯрокаворӣ ва атриёт ба коми оташ рафт

Оташсӯзӣ дар бозори Фархор ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон нест. Қаблан бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» ва бозорҳои “Шоҳмансур», "Саховат" ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд.

Аксҳо пас аз сӯхтор:

Навори видеоро дар инҷо бинед:

Видеои сӯхтор дар бозори марказии Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Аксҳои бештар дар инҷост:

XS
SM
MD
LG