Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори «Ҷал–ҷам»-и маҳаллаи Яккачинор


Отшанишонӣ дар бозори "Ҷал-Ҷам"
Отшанишонӣ дар бозори "Ҷал-Ҷам"
Дар бозори «Ҷал–ҷам», воқеъ дар маҳаллаи Яккачинорипойтахт сӯхтор ба амал омад.
Идораи сӯхторнишонии Душанбе гуфт, миқёси сӯхтор бузург нест, танҳо ба даҳ дӯкони бозор хисорот ворид шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, сабаби сӯхтор беэҳтиётии кафшергароне будааст, ки дар бозор кор мекардаанд.

Сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии «Ҷал–ҷам» тақрибан соати 10–и субҳ рух дод ва соати 10:30 дақиқа чаҳор мошини сӯхторнишонӣ ва чор мошини ёрии таъҷилӣ ба маҳали сӯхтор расиданд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, айни замон сӯхтор пурра хомӯш карда шудааст.

Ин сӯхтори навбатӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе аст, ки тайи чанд моҳи ахир иттифоқ меафтад. 5-уми сентябр бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурушии бозори «Корвон» 8 ҳазор метри мураббаъ ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо ба коми оташ рафт. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд.

Дар бораи хисороти моливу ҷонии бозори «Ҷал–ҷам» ҳанӯз иттилое ироа нашудааст.
XS
SM
MD
LG