Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтори даҳҳо дӯкон дар бозори марказии Панҷ. АКС, ВИДЕО


Бар асари сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафтааст. Шарофиддин Асомиддинзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Панҷ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса субҳи 5-уми сентябр рух дод. “Дар сӯхтори бозори марказии ноҳия 36 дӯкони тоҷирон осеб дид. Масоҳати сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва ҳоло комиссия зарару сабаби сӯхторро тафтиш мекунад”, - афзуд ӯ.

Навори видео аз маҳалли ҳодиса:

Моҳи июли 2017:

Мақомоти ноҳияи Панҷ мегӯянд, ки сабаби сӯхтор маълум нест ва танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқи комиссия дар ин бора хулосаи худро хоҳанд гуфт.

Чанде аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса акси сӯхторро фиристоданд. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки бар асари сӯхтор баъзе аз дӯконҳо ба хокистар мубаддал шуда, тоҷирон дар ҳоли парешонианд.

Дар гузашта низ чандин бозор дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои дигари кишвар ба коми оташ рафта буданд. Аз ҷумла, моҳи майи имсол дар сӯхтори бозори марказии ноҳияи Фархор аксари дӯконҳо сӯхта, ба ҷайби тоҷирон тақрибан 350 ҳазор сомонӣ зиён расид.

Моҳи январи 2017:

Мақомоти маҳаллӣ дар Фархор гуфтанд, ки сӯхтор дар бозори марказии ин ноҳия, бинобар расиши ноқилҳои барқи болои дӯконҳо, сар задааст. Масъулони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор низ гуфтанд, ки бинобар шамол ва тундбоди шадид ноқилҳои барқ ба ҳам расида, боиси ба амал омадани ин сӯхтор шудааст. Ҳоло мақомоти ноҳияи Панҷ мегӯянд, сабаби сӯхтор маълум нест ва танҳо баъд аз анҷоми тафтиши комиссия дар ин бора хулосаи худро хоҳанд гуфт.

Моҳи майи 2017:

Аксҳоро аз ҷои ҳодиса корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG