Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта дар бозори ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омада ва чанд дӯкони ин бозор ба коми оташ рафтааст. Як масъули Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб рӯзи 10 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи оташсӯзӣ дар пайи дуздӣ дар ин бозор сурат гирифтааст. Ин манбаъ афзуд, ки афроди номаълум аввал молу колоро ба яғмо бурда ва баъдан бозорро оташ задаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, дар пайи муроҷиати сокинон кормандони Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб ба ҷои ҳодиса расида ва оташро ба зудӣ хомӯш кардаанд. Фарзияи ин сӯхтор таҳқиқ мешавад ва дар ҳоли ҳозир шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқотро оғоз намуда ва парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG