Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

350 ҳазор сомонӣ - зиёни бозори Фархор аз сӯхтор. АКС,ВИДЕО


Комиссияи вижаи тафтиши ҳодисаи оташсӯзӣ дар бозори марказии ноҳияи Фархор, мизони хисороти расида аз сӯхтори рӯзи 30-юми май дар ин бозорро эълон кард.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Фархор рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мизони хисороти ворида дар пайи оташсӯзӣ дар ду бозори ноҳияи Фархор 349 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад. Ин мақом гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ 70 дарсади тоҷирон тавонистанд, ки молу колои худро аз бозор берун бикашанд.

Бар асари сӯхтори шомгоҳи сешанбеи 30-юми май дар бозори марказии ноҳияи Фархор, аксари кулли дӯконҳо ба коми оташ рафтанд. Бозори марказии ноҳияи Фархор аз ду бахш -- бозорҳои "Фархор" ва "Дунё", иборат мебошад. Мақомоти маҳаллӣ дар Фархор гуфтанд, ки сӯхтор дар бозори марказии ин ноҳия, бинобар расиши ноқилҳои барқи болои дӯконҳо, сар задааст.

Масъулони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар шамол ва тундбоди шадиди рӯзи гузашта, ноқилҳои барқ ба ҳам расида ва боиси ба амал омадани ин сӯхтор шудааст. Ба гуфтаа мақомот қисмати дохилии бозор, ки дар он умдатан дӯконҳои маводи хӯрокворӣ, либосворӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва мебел ҷойгир буд, комилан аз байн рафтааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифтааст: "Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дӯконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст."

Ба гуфтаи Хадамоти оташнишонии Фархор, мардум тавонистанд, ки қабл аз расидани аланга ба дӯконҳо, аксарияти молу колои худро берун баранд. Соҳибмулкони ин ду бозор дар Фархор ба мақомот ваъда доданд, ки аз ҳисоби худ бозорро ба таври комил бозсозӣ намуда ва ба дар ихтиёри фурӯшандаҳо қарор медиҳанд.

Барои бори аввал нест, ки дар бозори марказии ноҳияи Фархор оташсӯзӣ рух медиҳад. Аз ин қабл, шаби 22 ба 23-уми октябри соли 2010, дар ин бозор сӯхтор ба амал омада буд, ки дар натиҷа, чандин растаи либосворӣ, хӯрокаворӣ ва атриёт ба коми оташ рафт.

Видеои сӯхтор дар бозори марказии Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG