Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар остонаи як "интихоботи таърихӣ". ВИДЕО


Дар Эрон рӯзи 19-уми май интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури феълии Эрон умедвор аст, дигарбора пирӯз мешавад, чун дар соли 2015 ба ӯ муяссар шуд, ки бо қудратҳои ҷаҳонӣ созиши атомиро имзо кунад ва таҳримот алайҳи Эронро аз байн бардорад. Дар интихобот Рӯҳонӣ рақибони муҳофизакоре дорад, ки иддао доранд, созиши атомӣ вазъи иқтисоди кишварро беҳтар накард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Эрон дар остонаи як "интихоботи таърихӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Агарчӣ дар Эрон раиси ҷумҳур, мақоми баландтарини интихобӣ аст, вале ҳарфи ниҳоиро дар кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мезанад.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳангоми таблиғот дар Теҳрон ба тарафдоронаш гуфт, Эрон дар рӯ ба рӯи як “интихоби таърихӣ” истодааст. Рӯҳонии 68-сола бо ҳимоят аз созиши атомии ба даст омада бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 гуфт, дар остонаи интихоботи рӯзи 19-уми май гуфт, роҳи муколама бо Ғарбро идома медиҳад, чун Эрон дигар дар инзиво буда наметавона: “Миллати мо мехоҳад, эълон кунад, ки оё масири оромишро идома медиҳад, ё мехоҳад. масири танишро интихоб кунад.”

Ҷонибдорони Иброҳим Раисӣ.
Ҷонибдорони Иброҳим Раисӣ.

Ҳафтае пеш аз интихобот, назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Рӯҳонӣ аз Иброҳим Раисӣ -- рақиби аслӣ ва муҳофизакораш пешсаф аст. Раисӣ мегӯяд, ки созиши атомӣ, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эронро дар ивази сабукӣ дар таҳримот маҳдуд кард, фоидаи иқтисодӣ наёвард. Иброҳим Раисӣ қавл дод, ки ҷойи кор меофарад ва ба мардуми фақир кӯмакҳои молӣ медиҳад. Вай афзуд, “ёронаҳоро барои мардуми фақир бояд се баробар зиёд кард ва ба якуним миллион риёл (46 доллар) расонида шавад.”

Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси шаҳри Теҳрон ва узви собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ чанд рӯз пеш аз раъйдиҳӣ аз ширкат дар интихоб даст кашид ва гуфт, ки аз Иброҳим Раисӣ ҳимоят мекунад. Рақибони интихоботӣ талош карданд, аз хашми мардуми бекор ба нафъи худ истифода баранд. Тақрибан 30 дар сади ҷавонони эронӣ бекоранд. Як зани эронӣ мегӯяд, “чаҳор соли гузашта манфӣ бештар буд. Фақру фаҳшову ингуна чизҳо бештар шуданд. Бекорӣ бештар шудааст, ҷавонон рӯ ба муътодӣ оварданд.”

Агарчӣ дар Эрон раиси ҷумҳур, мақоми баландтарини интихобӣ аст, вале ҳарфи ниҳоиро дар кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мезанад. Аз миёни 1600 довталаб, фақат 6 нафарро барои ширкат ба интихобот роҳ доданд. 137 зан, ки мехостанд, раиси ҷумҳури Эрон бишаванд, иҷозаи ширкат нагирифтанд. Рӯҳонӣ ваъда додааст, ки талош мекунад, то табъизи диниву қонунии занон дар кишвар кам шавад.

Аммо як интихобкунандаи дигари зан мегӯяд, ки ин чаҳор соли ахир нисбат ба ҳашт соли қаблӣ вазъият хеле беҳтар шуда буд: "Мо ҳанӯз гашту гузори пулиси ахлоқро дорем, аммо назар ба гузашта хеле камтар шудааст."

Дар Эрон 56 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доранд. Соли 2013 дар интихоботе, ки Рӯҳонӣ пирӯз шуд, 73 дарсади мардум дар интихобот ширкат карданд. Дар интихоботи имсола ҳузури раъйдиҳандагон муҳим аст. Агар касе дар интихоботи рӯзи ҷумъа пирӯз нашавад, ду рақиби аслӣ дар даври дуввум дар рӯзи 26-уми май рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG