Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Эрон. 137 зан довталаби курсии президентӣ. САДО


Рӯзи 14 апрели имсол як зани солхӯрда, ки чодар ба бар дошт ва аз аробача истифода мекард, ба душворӣ ва оҳиста-оҳиста аз зинаҳои бинои вазорати умури дохилии Эрон боло шуд. Аъзам Толиқонии 73-сола ҳозир шуда буд, то барои ширкат дар интихоботи президентӣ, ки рӯзи 19 майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, сабти ном кунад. Ӯ умедвор аст, ки бори саввуми сабт ном шуданаш барои интихоботи президентӣ, ҷолиб хоҳад буд.

Аъзам Толиқонӣ ва 136 зани дигар довталаби курсии президенти Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:24 0:00
Линки мустақим

Аъзам Толиқонӣ ҳоло дар миёни 137 зан, ки довталаби раёсати ҷумҳури Эрон мебошанд ва сабти ном кардаанд, аз ҳама чеҳраи барҷастатар мебошад.

Дар соли 1997 Аъзам Толиқонии 53-сола -- муҳаррири як маҷалла ва мудофеи ҳуқуқи занон, бо сабти ном ба унвони нахустин зани довталаб барои мақоми прездидентӣ, таърихсоз шуд. Ин иқдоми хонум Толиқонӣ дар ҳоле буд, ки дар Эрон занон аз сӯи давлат табъиз мешуданд ва ҳеҷ зане ҳаққи номзад шудан дар интихоботи президентиро надошт.

Аъзам Толиқонӣ дар соли 1997 ва ҳамин тавр дар соли 2009 низ иҷоза пайдо накард, то дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Масъулон далеле барои радди салоҳияти ӯ ироа накарданд. Ҳамакнун 20 сол пас аз нахустин талош, Аъзам Толиқонӣ ҳоло дар миёни 137 зан, ки довталаби раёсати ҷумҳури Эрон мебошанд ва сабти ном кардаанд, аз ҳама чеҳраи барҷастатар мебошад.

Чолишҳои мустақим

Иқдоми хонум Аъзами Толиқонӣ бори дигар чолиши мустақим ба Шӯрои нигаҳбон аст, ки салоҳият ва адами салоҳияти номзадҳо дар интихоботҳои президентӣ ва парлумониро мушаххас мекунад. Ин шӯро дар гузашта бар асоси бардошт ва тафсири сахтгирона аз Қонуни асосии он кишвар, салоҳияти ҳама занони довталабро радд карда буд.

“Занон 50 дарсади ҷамъияти Эронро ташкил медиҳанд, бинобар ҳамин кишвар ниёз ба як номзади зан дорад”,- гуфтааст Толиқонӣ рӯзи 17 апрел дар сӯҳбат ба хабаргузории олмонии DPA. Аммо Аъзам Толиқонӣ, духтари рӯҳонии маъруф Маҳмуд Толиқонӣ гуфт, ки вай намехоҳад бори дигар бо радди салоҳият аз сӯи Шӯрои Нигаҳбон, “шикаста” шавад ва ӯ барои ҳимоя аз ҳуқуқи занон мубориза хоҳад кард.

Ҳини сабти ном дар рӯзи 14 апрел, ӯ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ зери фишор аст, чун Қонуни Асосӣ дар Эрон барои номзадии занон дар интихоботи президентӣ воқеан садд мегузорад. Ҷанҷол сари тафсири танҳо як калима аст. “Ман омадаам то масъала бо “риҷол”-сиёсӣ ҳал шавад”,-гуфт вай. Моддаи 115-и Қонуни Асосии Эрон мегӯяд, ки раиси ҷумҳурӣ бояд аз миёни “риҷоли динӣ ва сиёсӣ” интихоб шавад. “Риҷол” вожаи арабӣ буда, маънояш “мардон” ё “шахсиятҳо” мебошад. Аъзои Шӯрои Нигаҳбон дар гузашта гуфта буданд, ки мурод аз “риҷол” хос ва мунҳасир ба мардҳо мебошад.

Аббосалӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон.
Аббосалӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон.

Аммо сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон Аббосалӣ Кадхудоӣ дар моҳи декабр гуфта буд, ки ҳанӯз ба як натиҷагирии ниҳоӣ дар масъалаи “риҷол” барои интихоботи 19 май нарасидаанд. "Шахсиятҳои сиёсӣ" дар забони арабӣ як истилоҳе аст, ки ба афроди мутахассис ва ботаҷриба гуфта мешавад, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр ва доно мебошанд”- гуфтааст хонум Толиқонӣ рӯзи 15 апрел дар сӯҳбат ба Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи башар дар Ню-Йорк.

Аъзам Толиқонӣ -- дабири кулли Ҷамъияти занони инқилоби исломӣ гуфт, ки Шӯрои Нигаҳбон ҳаргиз ба таври расмӣ далоили маҳрум кардани занон аз ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро эълон накардааст. “Шӯрои нигаҳбон ҳаргиз нагуфтааст, ки сабабҳои радди салоҳияти занон, марбут ба ҷинси латиф будани онҳо аст. Ҳатто фикр мешавад, ки ин дарки аксари ҷомеа аст."

«Паёми рӯшан ва ошкор”

Бисёриҳо, аз ҷумла мушовири раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон Шоҳиндухт Мулловардӣ аз хонум Толиқонӣ барои сабти ном дар интихоботи президентӣ ситоиш карданд. Хонум Мулловардӣ гуфт, ки иқдоми Аъзам Толиқонӣ паёми рӯшан барои ҳама аст, ба вижа мардон ва мақомот, ки онҳо занони шоиста дар кишварро бубинанд ва ба назар бигиранд. Иддае ҳам матбуоти Эронро барои нодида гирифтани номзадии эҳтимолии Аъзам Толиқонӣ, интиқод кардаанд. Рӯзноманигор Маҳдӣ Бобоӣ таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз расонаҳои Эрон ҷараёни сабти номи хонум Толиқониро дар саҳфаи нахусти худ пӯшиш надод.

Мушовири раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон Шоҳиндухт Мулловердӣ.
Мушовири раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон Шоҳиндухт Мулловердӣ.

Толиқонӣ аз солҳо ба ин тараф яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Эрон мебошад ва тафсирҳои қонунҳои исломӣ аз маҳдудияти ҳуқуқи занонро ба чолиш мекашад. Ӯ аз нахустин занон мебошад, ки пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, узви парлумони он кишвар шуд. Аз солҳо ба ин тараф ӯ маҷаллаи “Паёми Ҳаҷар”-ро нашр намуда ва дар дифоъ аз ҳуқуқи занон мақолаҳо нашр мекард. Ин маҷалла дар соли 2000 дар чаҳорчӯби мубориза бо матбуоти озод ва ислоҳотхоҳ, аз сӯи мақомот баста шуд.

Мунтақиди ошкор

Дар соли 2003 ӯ як маъракаи эътирози фардӣ дар берун аз маҳбаси Эвин дар Теҳрон дар эътироз ба таҳдиди маҳбусони сиёсӣ пас аз марги фотожурналисти канадаӣ зодаи Эрон Заҳро Козимиро ба роҳ андохт. Ӯ ҳамчунин аз мунтақидони боздоштҳои густурда дар пасманзари интихоботи ҷанҷолии президенӣ дар соли 2009 буд, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро бори дувум ба сари қудрат овард.

Ӯ ҳамчунин ба таври умумӣ ҳабси хонагии раҳбарони мухолифин Мирҳусайни Мусавӣ, ҳамсараш устоди донишгоҳ Заҳро Раҳнавард ва рӯҳонии ислоҳотхоҳ Маҳдии Карубиро маҳкум карда буд. Ин се нафар аз соли 2011 ба ин тараф барои мухолифаташон ба интихоби Аҳмадинажод, дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд.

Дар соли 2013 зимни як мусоҳиба Толиқонии ошкоргӯ гуфт, ки ба бовари ӯ инқилоб аз масири аслии худ барои овардани озодӣ ва адолат барои эрониҳо, мунҳариф шудааст. Дар таърихи 18 апрел Аъзам Толиқонӣ бархе аз сиёсатмадорони эрониро барои шиорҳои зидди яҳудӣ интиқод кард ва гуфт, ки онҳо бояд байни интиқоди ҳукумати Исроил ва таҳқири яҳудиҳо фарқ бигузоранд. Вай гуфт, ки радд кардани Ҳолокост натиҷаи ҷаҳолат аст.

Шодӣ Садр, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи занон, ки гурӯҳи “Адолат барои Эрон” мақараш дар Лондонро раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ки Толиқонӣ шуҷоъона мавқеи худро дар мавриди имкониятҳои ками занон дар Эрон баён медорад. “Ӯ собит будааст ва ӯ ҳамчунин гузаштаи сиёсии худ ва падарашро истифода мекунад, то таваҷҷуҳи ҳарчи бештареро ба ин қазия ҷалб кунад.” Гуфт Шодӣ Садр дар сӯҳбати телефонӣ бар Радиои Озодӣ.

Вай гуфт, ки акси имсоли Толиқонӣ, ки пиёда ва бо аробача барои сабти ном ба вазорати умури дохилии Эрон рафт, "ба вижа қудратманд буд". “Ин акс моро ёддоварӣ мекунад, ки Толиқонӣ ҳоло пир шудааст. Вай аз беморӣ ранҷ мебарад ва солҳо зери фишор аст, гуфт Шодӣ Садр. “Ҳанӯз табъиз дар инҷо вуҷуд дорад.”

XS
SM
MD
LG