Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Ибодӣ: Корномаи ҳуқуқи башари ҳеҷ яке аз номзадҳо қобили қабул нест"


Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ корномаи ҳуқуқи башари ҳамаи номзадҳои таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи президентии Эронро манфӣ ва ғайри қобили қабул хонд ва гуфт, ки Шӯрои нигаҳбон мардуми Эронро ночор ва ногузир сохтааст, ки аз миёни "бад" ва "бадтар", якеро интихоб кунанд.

Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ корномаи ҳуқуқи башари ҳамаи номзадҳои таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи президентии Эронро манфӣ ва ғайри қобили қабул хонд ва гуфт, ки Шӯрои нигаҳбон мардуми Эронро ночор ва ногузир сохтааст, ки аз миёни "бад" ва "бадтар", якеро интихоб кунанд.

Вай рӯзи якшанбеи 30 апрел дар гуфтугӯ бо Компайни байналмилалии ҳуқуқи башар ба таври алоҳида корномаҳои ҳуқуқи башарии номзадҳои интихоботи президентии Эронро баррасӣ кард ва аз ҷумла бо ишора ба нақши номзади усулгароён Иброҳим Раисӣ дар эъдомҳои соли 1987 ва боздоштҳои густурдаи мунтақидони ҳукумати Эрон дар давраи раёсати ҷумҳури Ҳасани Рӯҳонӣ, аз ин ду чеҳраи сиёсӣ интиқод кард.

Ширин Ибодӣ корномаи ҳуқуқи башари ҳамаи номзадҳои таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи президентии Эронро манфӣ ва ғайри қобили қабул хонд.

Хонум Ибодӣ изҳор дошт, "Иброҳим Раисӣ корномаи сиёҳе дар заминаи ҳуқуқи башар дорад. Дахолати вай дар фоҷеаҳо ва куштори зиндониёни сиёсии ақидатӣ дар даҳаи ҳаштод аз ёдҳо намеравад. Он вақт даста-даста ҷавононро ба сабаби доштани афкори интиқодӣ алайҳи ҳукумат равонаи қабристонҳо карданд ва ҳатто ҳозир нашуданд қабри бисёре аз кушташудагонро ба хонаводаҳояшон нишон бидиҳанд."

Иброҳим Раисӣ
Иброҳим Раисӣ

Ширин Ибодӣ дар идомаи суханони худ ба эъдоми зиндониён дар соли 1987 пардохт, ки бидуни муҳокима дар додгоҳ ва танҳо бо такя ба фармони Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломӣ, анҷом шуд. Вай дар ин бора гуфт, ки оқои Раисӣ яке аз афроде буд, ки чунин ҳукмҳоро содир кард. Иброҳим Раисӣ он вақт муовини раиси додситони шаҳри Теҳрон буд.

Ширин Ибодӣ дар идомаи суханони худ амалкарди ҳукумати Ҳасани Рӯҳониро интиқод кард ва гуфт, ки "мутаассифона корномаи ҳукуқи башари президенти феълӣ, яъне Ҳасани Рӯҳони ва дигар номзадҳои ин мақом, ҳеҷ корномаи қобили қабуле нест....вазорати иттилооти ҳукумати Рӯҳонӣ бисёре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигоронро боздошт карда ва оқои Рӯҳонӣ наметавонад дар ин масъала худро бегуноҳ биҳисобад ва бигӯяд, ки додгоҳ онҳоро маҳкум кардааст."

Ширин Ибодӣ дар ин гуфтугӯ ҳамчунин аз Мустафо Мирсалим, номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки дар нимаи аввали солҳои навад барои 4 сол вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ буд, ба унвони "ҷаллоди китоб ва матбуот" ном бурд ва дар бораи Муҳаммадбоқир Қолибоф низ ба парвандаи "Вогузории дороиҳои Нуҷумӣ ба афроди хос" ишора кард, ки таҳти раҳбарии ӯ дар шаҳрдории Теҳрон рух додааст. Муҳаммадбоқир Қолибоф дар ҳоли ҳозир шаҳрдори Теҳрон мебошад.

Вай дар ниҳоят гуфт, ки "дигар номзадҳо низ парвандаи нодурусте доранд ва интихоб байни бад ва бадтар аст. Ҳамеша мардумро водор кардаанд, ки байни бад ва бадтар интихоб кунанд ва ин хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалии давлати Эрон дар заминаи ҳуқуқи башар ва ҳам хилофи Қонуни асосии Эрон мебошад."

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад ва барои курсии раёсати ҷумҳурӣ 6 номзад рақобат мекунанд.Телевизиони Эрон ба нақл аз ситоди интихоботӣ гуфт, ки аз миёни 1636 довталаб танҳо шаш нафар – Мустафо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, Иброҳим Раисӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Мустафо Ҳошимӣ – дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG