Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Кулсарии Қазоқистон


Вазъи сиҳатии яке аз сокиноне, ки дар назди бинои шаҳрдории Кулсарии вилояти Атирауи Қазоқистон ба нишони эътироз ҷамъ омада буданд, рӯзи 20 май бад шудааст.

Ба гуфтаи эътирозгарон, қудратиҳое, ки роҳро баста буданд, "беш аз панҷ дақиқа" нагузоштанд, то мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба назди бемор равад.

"Имрӯз, 20 май дар Кулсара аллакай як зан аз ҳуш рафт. Нозирони роҳ мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро нагузоштанд, ки сари вақт ба назди ӯ бирасад", - изҳор доштааст яке аз занони норозӣ дар наворе, ки дастраси бахши қазоқии Радиои Озодӣ шуд.

Сокинони Кулсарии Қазоқистон, ки дар пайи обхезиҳои ахир аз ҳама бештар зарар дидаанд, беш аз 5 рӯз мешавад, дар эътироз ба ҳаҷми ҷуброни мақомот барои хонаҳои худ тазоҳурот мекунанд.

Онҳо талаб доранд, ки ҳукумати Қазоқистон барои ҳар метри мураббаи манзилашон 400-ҳазортангаӣ пардозад. Мақомоти маҳаллӣ барои ҳар метри мураббаи манзилҳои зериобмонда аз 200 то 240-ҳазортангаӣ пешниҳод кардааст.

Тазоҳургарон ҳамчунин талаб доранд, ки пули ҷубронро на ба ширкатҳои сохтмонӣ, балки мустақиман ба худи онҳо диҳанд.

XS
SM
MD
LG