Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қолибоф номзадиашро ба нафъи Раисӣ пас гирифт. САДО


Муҳаммадбоқир Қолибоф, яке аз номзадҳои усулгарои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон ба нафъи Иброҳим Раисӣ аз рақобат канорагирӣ кард. Хабаргузории эронии "Тасним" гузориш додааст, ки рӯзи душанбеи 15 май дар ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷабҳаи мардумии нерӯҳои инқилоби исломӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф эълон кард, ки аз рақобатҳои президентӣ канорагирӣ кард.

Қолибоф номзадиашро ба нафъи Раисӣ пас гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, оқои Қолибоф таъкид кардааст, ки "ҳама тавони худро барои пирӯзии Иброҳим Раисӣ бар ҳукумати нокоромад ва нотавон, ба кор хоҳад бурд". Эълони канорагирии оқои Қолибоф дар ҳоле рӯй додааст, ки ӯ ҳамин рӯз ба вилояти Рашт сафар карда ва дар миёни ҳаводоронаш алайҳи ҳукумат ва шахси Ҳасани Рӯҳони суханронӣ карда буд. Оқои Қолибоф Ҳасани Рӯҳониро муттаҳам кард, ки дар мавриди ҳалли мушкилот дар 100 рӯз "ваъдаи дурӯғин" дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ ва аз номзадҳои интихоботи пешрӯ дар Эрон, рӯзи душанбеи 15 май тайи як суханронӣ дар Табрез, мухолифони худро муттаҳам кард, ки дар мавриди ҳукумати ӯ, ба раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, "гузориши дурӯғ" медиҳанд.

Рӯзи душанбе хабар расид, ки Маҳдии Каррубӣ, аз раҳбарони эътирозҳои соли 2009 эълом кардааст, ки дар интихоботи президентии Эрон иштирок мекунад ва ба Ҳасани Рӯҳонӣ раъй медиҳад. Як рӯз пеш аз он Муҳаммад Хотамӣ, президенти пешини Эрон низ ҳимояти худро аз Ҳасани Рӯҳонӣ эълон карда буд.

Хотамӣ аз эрониён хост, ки ба Рӯҳонӣ раъй диҳанд

Муҳаммади Хотамӣ дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд, гуфтааст, ки ҳузури пуршӯр ва густурда дар интихобот, сабаби иқтидори миллӣ, хунсо кардани тавтеаҳо ва аз байн бурдани мушкилот хоҳад шуд ва афзуд, ки дар сурати иштироки ҳамагонӣ дар интихобот, он чӣ, ки аксарият мехоҳанд, амалӣ хоҳад шуд.

Муҳаммад Хотамӣ созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро муваффақияти ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ донист.

Раиси ҷумҳури пешини Эрон аз ҳама дархост кард, ки дар интихобот иштирок кунанд ва ҳамзамон ҳукумати Ҳасани Рӯҳониро "муваффақ" донист ва гуфт, ин ҳукумат "бо ҳама маҳдудиятҳову мушкилот ва бо имкониятҳои каме, ки дошт, тавонист хизматҳои бузурге ба инқилоб ва мардуму кишвар анҷом диҳад."

Муҳаммади Хотамӣ созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро муваффақияти ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ донист ва гуфт, ин тавофуқ тавонист фазои муносибтареро барои зиндагии мардум ва беҳбуди умур эҷод кунад ва вазъият ва ҷойгоҳи байналмилалии Эронро боло барад."

Муҳаммади Хотамӣ дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, бо вуҷуди мушкилот, гомҳои бузурге барои ҳалли масоили иқтисодӣ бардошта шуд. Ин суханон дар ҳоле баён шуданд, ки мунтақидони Ҳасани Рӯҳонӣ ва аз ҷумла рақибони усулгарои ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, борҳо гуфтанд, ки иқтисоди Эрон дар замони ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯст.

Раиси ҷумҳури пешини Эрон дар бахши дигар аз суханронии худ гуфт, "ҳеҷ гоҳ набояд фиреби шиорҳои беасосро барои аз байн бурдани мушкилот хӯрд" ва афзуд, "баъзе аз ин шиорҳо аввалан амалӣ нест. Дигар ин, ки агар амалӣ ҳам шавад, ҷомеаро дучори буҳронҳои сахт хоҳад кард, ки дар дараҷаи аввал, дуди он ба чашми маҳрумон хоҳад рафт."

Ишораи ӯ ба ваъдаҳои Муҳаммад Қолибофбоқир ва Иброҳим Раисӣ -- ду номзади усулгарои интихоботи президенӣ дар мавриди афзоиши кӯмакҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ, буд. Пеш аз ин низ Ҳасани Рӯҳонӣ ва Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ дар суханон ва мунозираҳои телевизионӣ ин ваъдаҳоро ғайримумкин дониста ва гуфтаанд, ки паёмадҳои иҷрои ин ваъдаҳо барои иқтисоди Эрон зиёнбор хоҳад буд.

Қаблан Алии Мутаҳҳарӣ, муовини раиси парлумони Эрон, аз Ҳасани Рӯҳонӣ ҳимоят карда ва гуфта буд, ки "агар номзаде ғайр аз оқои Рӯҳони пирӯз шавад, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи миллат ва он чӣ дар фасли савуми Қонуни асосӣ омадааст, аз тарафи бархе ниҳодҳои амниятӣ ва додгоҳӣ, бештар хоҳад шуд. Вуҷуди ин ҳукумат, монеи бисёре аз ин қонуншиканиҳо аст, агарчи интизороти мо аз президент ба унвони масъули иҷроии Қонуни асосӣ, беш аз инҳост."

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад. Раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ барои даври дувуми раёсати чаҳорсола вориди сабқат шудааст. Пас аз канорагирии Муҳаммадбоқир Қолибоф, ҳамакнун панҷ номзад -- Саид Мустафооқо Мирсалим, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Саид Иброҳим Раисӣ, Саид Мустафо Ҳошимӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG