Вазири умури дохилии Эрон гуфтааст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи ояндаи президентии он кишвар "ҳатман" номзад хоҳад шуд ва аз ин вазорат хостааст, ки як интихоботи "қонунӣ ва шаффоф" баргузор шавад.
Абдуризо Раҳмони Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон рӯзи сешанбеи 25 октябр дар мусоҳибае ба хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки ҳамчунин оқои Рӯҳонӣ таъкид кардааст, ки "бетарафии ниҳодҳои давлатӣ барои ман бисёр муҳим аст."
Бархе аз расонаҳо ва шахсиятҳои усулгаро эълом кардаанд, ки раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ як давра хоҳад буд ва ӯ дар интихоботи оянда иштирок нахоҳад кард. Шуморе аз расонаҳои Эрон аз Саид Ҷалилӣ, Муҳаммадризо Боҳунар, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Иззатуллоҳ Зарғомӣ ва Аҳмад Таваккулӣ ба унвони рақибони эҳтмолии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи ояндаи президентӣ, ном бурдаанд.
Аҳмад Таваккулӣ ва Иззатуллоҳ Зарғомӣ эълом кардаанд, ки тасмиме барои номзадӣ дар интихоботи оянда надоранд. Муҳаммад Боқир Қолибоф ва Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил аммо дар ин бора изҳори назар накардаанд. Саид Ҷалилӣ низ номзадии худ дар ин интихоботро таъйид ва ё рад накардааст.
Пеш аз мухолифати ошкорои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ба номзад шудани Маҳмуди Аҳмадинажод, дар расонаҳо аз раиси ҷумҳури пешини Эрон низ ба унвони яке аз номзадҳои ин интихобот ном бурда мешуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ чанд ҳафта қабл ба Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки "салоҳ намедонад вай дар интихоботи пешрӯ ширкат кунад."
Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон қарор аст тобистони соли оянда баргузор шавад. Дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон танҳо чанд нафар метавонанд муддаӣ шаванд, ки ба ин талабот ҷавогӯ бошанд: номзад бояд аз ҳунари хуби мудирият, садоқат ба арзишҳои исломиву инқилоб, сарсупурдагӣ ба раҳбари олӣ ва аз мавқеи оштинопазир дар баробари Ғарб бархӯрдор бошад.
Дар интихоботи президентии соли 2013 дар Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар даври аввал 50,8 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва президенти он кишвар интихоб шуд. Таҳлилгарон пирӯзии ин донишманди исломӣ ва ягона номзади мӯътадил дар интихоботро намоёнгари барҷастаи иштиёқи зиёди эрониён ба тағйиру ислоҳот дар кишварашон хонда буданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ музокиракунандаи собиқи ҳастаӣ ва узви Маҷмаъи маслиҳати ташхиси низом, аз миёни 6 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ягона нафаре буд, ки ба эътидол дар сиёсатҳои Эрон даъват мекард. Ӯ зимни мунозираҳо сензура ва дахолат ба зиндагии хусусии мардум дар Эронро интиқод карда, қавл дод, ки сиёсатҳои ифротиро поён ва танишҳо миёни Эрон ва ҷомеаи байналмилалиро коҳиш медиҳад.
Ҳасани Рӯҳонӣ тавонист давоми чаҳор соли президентӣ бо кишварҳои бузурги ҷаҳон бар сари барномаи ҳастаӣ ба тавофуқ бирасад ва ба ин васила таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи кишвари худро коҳиш бидиҳад. Дар ҳоли ҳозир Эрон бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ки қаблан бо онҳо равобити хубе надошт, муносибатҳои хубу дӯстона барқарор кардааст.
Аз ҷониби дигар, давоми ин солҳо, равобити Эрон бо бархе аз кишварҳои минтақа бо таниш рӯбарӯ будааст. Ҳоло равобити Теҳрон бо Арабистони Саудӣ дар поинтарин сатҳ қарор дорад ва кишварҳои дигари ҳавзаи Халиҷи Форс Эронро ба дахолат дар қазияҳои Сурия, Ироқ, Яман ва Баҳрайн муттаҳам мекунанд.