Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Рӯҳонӣ: "Занҷонӣ гарданшахӣ мекунад ва пулҳоро бозпас намедиҳад"


Муовини раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ бо вуҷуди сипари кардани "як сол" дар зиндон ҳанӯз, бо "гарданшахӣ" аз бозпас додани "пулҳое ки гирифтааст", худдорӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон -- ИСНА, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон рӯзи шанбеи 19 сентябр дар шаҳри Бержанд гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ "замоне ду миллиарду 700 миллион долллар пул дарёфт карда ва дигар онро пас надодааст."

Маблағе, ки муовини раиси ҷумҳури Эрон ба он ишора кардааст, дақиқан ҳамон рақаме ҳаст, ки пештар вазири нафти Эрон низ қайд карда ва гуфта буд, ки ин маблағ дар "бонки ҷаълӣ"-и худи Бобаки Занҷонӣ дар ниҳоят "аз байн рафта" аст.

Муовини раиси ҷумҳури Эрон афзудааст, ки "ин оқо (мурод Занҷонӣ) замоне ба Созмони таъмини иҷтимоӣ пешниҳод дод, ки дар баробари хариди ширкатҳои ин созмон, чаҳор миллиарду 200 миллион евро мепардозад ва тибқи созише, ки дар ин замина анҷом гирифтааст, ин маблағро ба сурати қарз ва бар рӯи қоғаз пардохт мекунад."

Ба гуфтаи Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Бобаки Занҷонӣ дар ин марҳила "як чеки тазминӣ баробар бар 17 ҳазор миллиард туман" аз Созмони таъмини иҷтимоӣ ба раёсати Саид Муртазавӣ дарёфт мекунад, ки ҳамчунон бо "гарданшахӣ" аз пардохти он ба ин созмон худдорӣ мекунад. Оқои Ҷаҳонгирӣ чанд моҳ пеш ҳам ишора карда буд, ки Бобаки Занҷонӣ бо "гарданшахӣ" аз бозпардохти қарзҳои худ ба давлат сар боз мезанад.

Бобаки Занҷонӣ молики даҳҳо ширкат ва муассисаҳои иқтисодӣ ва молӣ дар дохил ва хориҷ аз Эрон буд, ки дар замони вазъи таҳримҳои байналмилалӣ дар баробари Эрон дар замони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, ба Ҷумҳурии исломӣ барои дур кардани таҳримҳо, кӯмак мекард. Бобаки Занҷонӣ ба унвони сармоядор ва соҳибкор, аз сӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури кунунӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мавриди тақдир қарор гирифта буд.

Бо вуҷуди ин ва пас аз рӯи кор омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ, Бобаки Занҷонӣ ба иттиҳоми фасоди молӣ ва иқтисодӣ дар моҳи декабри соли 2013 боздошт шуд ва аз он замон дар зиндон ба сар мебарад. Ӯ дар ин муддат борҳо гуфтааст, ки "бегуноҳ" аст ва ба унвони "басеҷии иқтисодӣ" танҳо ба "низом кӯмак кардааст."

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Аммо Ҳусайн Деҳдаштӣ дар нимаи дувуми моҳи июни соли ҷорӣ ба рӯзномаи "Шарқ", чопи Теҳрон гуфт, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда дар Тоҷикистон аст. Ин вакили парлумони Эрон, ки аввалин бор аз шиносоии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, гуфт, "баровардаҳои мо ин аст, ки ба камияш як понздаҳум сармояи Занҷонӣ дар Тоҷикистон буда ва бояд тадобири лозим барои бозгашти манобеи молӣ ба кишвар рӯи даст гирифта шавад. Зеро сабти амволи Занҷонӣ дар замони таҳримҳо анҷом шудааст ва ҳоло имкони баррасӣ барои шиносоии дақиқ ва бозгардонидани амвол, фароҳам аст."

Вай қаблан гуфта буд, афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобак Занҷониро пайгирӣ кардаанд, пас аз сафар ба Тоҷикистон фаҳмиданд, ки як идда манобеи мутааллиқ ба ӯ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки "мо ин мадорик ва аснодро ба қуваи қазоия ироа кардаем."

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG