Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе 3 миллион $ пора додани Занҷониро рад мекунад


Бонки миллии Тоҷикистон иддаои узви Кумитаи тафтишоти парвандаи Бобаки Занҷониро беасос номид. Амир Аббос Султонӣ ахиран иддао карда буд, ки Занҷонӣ ба як муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар ришва додааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо пахши як баёния иддаои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори эронӣ Бобак Занҷониро, ки гуё Занҷонӣ ба мансабдорони Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар пора додааст, рад кард. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 8 январ бо пахши як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, иддаои Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ ягон асос надорад. Сӯҳбатҳои Султонӣ дар бораи гӯё ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон пора додани Занҷониро ахиан нашрияҳои Тоҷикистон аз матбуоти Эрон бознашр карданд.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, “порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад.” Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, “қаблан низ дар мавриди ташрифи гурӯҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гурӯҳ оид ба иртибот надоштани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия дар воситаҳои ахбор вокуниши иловагӣ пахш шуда буд.

Ахиран Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи Бобак Занҷонӣ ба хабаргузории “НомаНюз”-и Эрон гуфт, ин тоҷири боздоштшуда барои гирифтани санади қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ба ноиби раиси он 3 миллион доллар пора додааст. Занҷонӣ ба мақомоти Эрон санадеро пешниҳод кардааст, ки гӯиё қоиммақоми Бонки миллии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки ӯ пули нафтро ба Бонки марказии кишвар интиқол додааст.

“Аммо Бонки марказӣ дар ин бора вокуниши расмӣ нишон надод, то ин ки бо баррасӣ мо намояндагони Маҷлис мутаваҷҷеҳ шудем, Занҷонӣ се миллион доллар ба қоимақоми Бонки миллии Тоҷикистон ришва додааст, то ин санадро қалбакӣ кунад ва ӯ ҳам бо ин санади сохта ба Маҷлис омада даъво кунад, ки пули нафтро додааст,“ - гуфтааст Амир Аббос Султонӣ.

Терминали автобусҳои Душанбе
Терминали автобусҳои Душанбе

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузории зиёд карда ва аз ҷумла терминали автобусҳои Душанберо бозсозӣ кардааст, 30-юми декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Дар Эрон ӯро ба сирқати беш аз 2,5 миллион евро пули фурӯши нафт айбдор мекунанд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Як муддат ҳатто гуфта мешуд, ки ин 2,5 миллиард евро маҳз дар Душанбе гум шудааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG