Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Asian Express" таксиҳои Душанбе-Турсунзодаро ба танг овардаст


Дар пайи тармим ва бозсозии роҳи Душанбе --Турсунзода, автобусҳои ширкати "Asian Еxpress" дубора ҳаракатро дар ин масир оғоз карданд. Аммо ин бор ба назар мерасад, автобусҳои мусофиркаши Asian Еxpress нақлиёти истисноӣ дар ин масир хоҳанд шуд.

Кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар маҳаллаи Зарафшон -- макони ҷамъоии мусофирони самти Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода, таксиронҳои инфиродиро намегузоранд, то дар ин макон таваққуф кунанд ва мусофир бигиранд.

Алиҷон Восиев, ронандаи мошини OPEL ZAFIRA, ки дар масири Душанбе−Турсунзода то кунун ба мусофиркашонӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ризқу рӯзиашро аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар ин роҳ пайдо мекунад, аммо тайи се рӯзи ахир кормандони БДА онҳоро намегузоранд, ки аз ин ҷо мусофир бигиранд: “Маро тобистони ҳамин сол, аз Русия депортатсия карданд. Омадам, ҳамин мошинро харидам ва бо воситаи мусофиркашонӣ ризқу рӯзиямро меёбам. Ҳоло одам гирифтан намонда истодаанд ва сабабашро ҳам намегӯянд.”

Ҷаноби Восиев мегӯяд, онҳо низ мисли автобусҳои ширкати "Asian Еxpress", ба қиммати 8 сомонӣ мусофиронро то ба шаҳри Турсунзода бурда мерасонанд. Ин ҳам дар ҳоле, ин ронандаи таксӣ мегӯяд, ӯ муҷаввизи мусофиркашонӣ ва дигар санадҳои заруриро дар даст дорад. Афзун бар ин, вай ба ин назар аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба он, ки давлат сиёсати иқтисоди бозориро пеш гирифтааст, бояд рақобати солимро низ фароҳам орад ва иҷозат диҳад, ки таксиронҳо низ дар ин масир ба мусофиркашонӣ машғул бошанд.

Ҳангоми боздид аз маҳаллаи Зарфшон, як гурӯҳи нозирони БДА-ро мушоҳида кардем, ки таксиронҳои масири Душанбе−Турсунзодаро аз он ҷо меронданд ва ҳатто рақамҳои давлатии бархе аз мошинҳоро бо худ мегирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки автобуси марбут ба Asian Еxpress бе мамоният дар ин макон таваққуф карда ва мусофир ҷамъ мекард.

Тоҷиддин Шарипов, танзимгари автобусҳои ширкати Asian Еxpress дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, “ҳоло нозирони БДА дар шаҳр рейд гузаронида истодаанд. Ҳеҷ нақлиёти мусофирбарро намегузоранд, ки дар он ҷо (маҳаллаи Зарафшон) таваққуф кунанд. Аз ҷумла автобуси моро низ. Ман шахсан имрӯз дар он ҷо будам. Онҳо мегӯянд, ки мо танҳо аз терминали мусофиркашонӣ (Автовокзал) мусофиронро савор кунем.”

Зимнан, мусофирони навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода бештар ба таксӣ ва мошинҳои сабукрав бартарӣ медиҳанд, то ба автобусҳои ширкати "Asian Еxpress." Зоҳиран масъулони ширкати Asian Еxpress−ро ин интихоби мусофирон нигарон кардааст ва онҳо тавассути нозирони БДА даст ба кор шудаанд.

Рақобати "Asian Express" бо таксиҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Терминали автобусҳои Душанбе ва ширкати мусофиркашонии "Asian Еxpress" нахуст ба Бобак Занҷонӣ сармоядори эронитабор марбут дониста мешуд, ки бо як ширкати ҳавопаймоӣ ва як бонк зери “Конт ҳолдинг” муттаҳид шуда буданд.

Аммо пас аз боздошт шудани Бобаки Занҷонӣ дар Эрон дар моҳи декабри соли гузашта, мақомот ва роҳбари иҷрояии “Конт ҳолдинг” Рустам Саидов ба расонаҳо эълон кард, ки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон сармоя надорад. Шоеоте аз пуштибонии афроди баландпояи Тоҷикистон аз ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ вуҷуд доранд, ки то ба ҳол расман тасдиқ нашудаанд.

Аммо парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ширкати “Asian Express Airline”- ро ба хотири ворид ва мавриди истифода қарор додани таксиву мусофиркашонҳои байнишаҳрӣ, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кард, ки дар маҷмӯъ солона 6 миллион сомонӣ, ё бештар 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG