Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нороҳатии Ҳасани Рӯҳонӣ аз тахриби намозхонаи аҳли суннат


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон

​Яке аз мушовирони Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки тахриби намозхонаи аҳли суннат дар Теҳрон бисёре аз мақомҳои болоии ҳукумат, аз ҷумла худи Рӯҳониро нороҳат кардааст.

Алии Юнусӣ, мушовири махсуси раисиҷумҳури Эрон дар умури қавмҳо ва ақаллиятҳои динӣ ва мазҳабӣ мегӯяд, ки бисёре аз масъулони боломақоми кишвараш, аз ҷумла раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ, аз тахриби намозхонаи аҳли суннат дар Теҳрон нохушнуд шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории донишҷӯёни Эрон - Исно, оқои Юнусӣ ин ҳарфҳоро рӯзи сешанбе дар сӯҳбаташ бо теъдоде аз нухбагону соҳибназарони аҳли суннати Хуросону Сиистон ва Балуҷистон баён кардааст. Ӯ гуфта, ки ин масъала бо пайгирии масъулон ба зудӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Мушовири махсуси Рӯҳонӣ дар умури қавмҳо ва ақаллиятҳои динӣ ва мазҳабӣ афзудааст, “бархе аз ифротиёни шиа ва суннӣ дар садад ҳастанд, ки ин хостҳои аввалияи аҳли суннатро сиёсӣ ҷилава диҳанд. Аммо аҳли суннат ҳушёр бошанд, то ин мавзӯъ сиёсӣ нашавад”. Алии Юнусӣ таъкид кардааст, ки “бояд ба ҷойи баёния ва суханронӣ ба дунболи ҳалли масъала бошем”.

Алии Юнусӣ, дастёри вижаи раисиҷумҳури Эрон, аз ин пеш низ аз таъин шудани аҳли суннат ва занон дар мақомҳои давлатӣ хабар дода буд. Ва худи Ҳасани Рӯҳонӣ гуфта буд, ки афроде аз миёни аҳли суннат дар давлати ӯ муовини вазир ва сафир ҳастанд. Дар посух ба ин ҳарфҳои раисиҷумҳури Эрон, Ҷалол Ҷалолизода, раиси фраксияи аҳли суннат дар Маҷлиси шашум гуфта буд, “Вазорати хориҷа ҳатто як корманди аҳли суннат надорад”.

Охири моҳи июли соли ҷорӣ Мавлавӣ Абдулҳамид -- имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номае ба раҳбари Эрон зимни эътироз ба тахриби намозхонаи аҳли суннати Эрон дар Теҳрон таъкид кард, ки ин навъ бархӯрдҳо ба нерӯҳои хушунатталаб ва ифротгаро фурсат медиҳад, то ба ихтилофот доман бизананд. Мавлавӣ Абдулҳамид, инчунин, дар номае ба Ҳасан Рӯҳонӣ -- раисиҷумҳури он кишвар навишт, тахриби ин намозхона на танҳо "эҳсосот"-и аҳли суннати Эрон, балки "эҳсосоти мусалмонони ҷаҳон"-ро хадшадор мекунад

Бино ба гузоришҳо, намозхонаи аҳли суннат дар яке аз минтақақҳои Теҳрон субҳи рӯзи 29 июл аз сӯи шаҳрдорӣ ва бо пуштибонии нерӯҳои амниятӣ ва пулис тахриб шудааст. Мавлавӣ Абдулҳамид дар нома ба Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, “таҳаммул накардани як намозхонаи маъмулӣ ва тахриби он дар шаҳре, ки иҷозаи сохтани масҷид ба шаҳрвандони аҳли суннат дода намешавад ва дархости 37-солаи онҳо пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ноком мондааст, на танҳо хадшадор намудани эҳсосоти аҳли суннати Эрон аст, балки хадшадор намудани эҳсосоти тамоми мусалмонони ҷаҳон низ мебошад."

Ҳарчанд тахриби ин намозхона боиси баҳсҳои зиёд миёни корбарони Интернет шуд, вале мақомҳои эронӣ гуфтанд, ки ин намозхона на амдан ё барқасдона, балки бар асоси нақшаи шаҳрсозӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG