Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод: "Шароит ба таври комил тағйир ёфтааст" САДО


Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон дар мусоҳиба ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар мавриди номзадии худ бо вуҷуди тавсияи раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, гуфтааст, ки "шароит ба таври комил тағйир кардааст."

Тибқи ин гузориш, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин мусоҳиба аз посух ба пурсиш дар бораи ин, ки оё ахиран дидоре бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дошт, худдорӣ кардааст. Маҳмуди Аҳмадинажод бори дигар эълом кардааст, ки барои ҳимоят аз Ҳамид Бақоӣ номзад шудааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳамид Бақоӣ рӯзи 13 апрел барои номзад шудан номнависӣ карданд. Номзадии Маҳмуди Аҳмадинажод бар хилофи тавсияи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, вокунишҳои ҷиноҳи усулгароёнро дар пай дошт. Аббос Алӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои нигаҳбон низ пеш аз ин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Мусаллас" гуфта буд, ки "тавсия"-и раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба оқои Аҳмадинажод метавонад ба унвони "амри конунӣ" ба шумор равад.

Аммо рӯзи панҷшанбеи 14 апрел Абдуризо Доварӣ, аз наздикони оқои Аҳмадинажод дар "Твиттер"-и худ навишт, ки гирифтани ҳаққи номзадӣ аз Аҳмадинажод бо такя ба "тавсия"-и раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, "нақзи Қонуни асосӣ" аст. Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки салби ин ҳаққ танҳо бо "ҳукми ҳукуматӣ" муяссар мешавад. "Ҳукми ҳукуматӣ" дар адабиёти расонаҳо ва мақомоти Эрон ба ҳукме гуфта мешавад, ки тавассути раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва дар чаҳорчӯби "фаротар" аз қонунҳо, содир мешавад.

Аҳмадинажод дар ҳоле барои иштирок дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Эрон худро сабти ном кард, ки моҳи сентябри соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро дар ин интихобот нагузорад. Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқутбӣ дар Эрон хоҳад шуд”.

Худи Маҳмуди Аҳмадинжод низ рӯзи 4 апрели имсол дар шаҳри Теҳрон ва дар нахустин нишасти хабариаш дар чаҳор соли ахир гуфт, ки дар интихобот ширкат намекунад. Вай афзуд, “ман барномае барои раёсати ҷумҳурӣ надорам. Банда аз Ҳамид Бақоӣ ба унвони номзади аслӣ ҳимоят хоҳам кард.”

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад ва номзадҳо аз 11 то 15 апрел сабти ном карданд. Тайи панҷ рӯзи гузашта 1636 нафаро барои иштирок дар ин интихобот сабти ном шудааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихобот шуд ва то соли 2013 раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда дошт. Вай замоне ба курсии президенти Эрон нишаст, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​

Бо ин вуҷуд, дар даврони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи бисёр баланд қарор гирифт ва ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод тавонист, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-ро ба роҳ андозад.

Аҳмадинажоди 59-сола баъд аз хотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG