Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод: Барномае барои президентшавӣ надорам. ВИДЕО


Маҳмуди Аҳмадинажод бо Ҳамид Бақоӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон, муовини пешинаш Ҳамид Бақоиро ба хабарнигорон муаррифӣ кард, ки азм дорад, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад. Худи Аҳмадинажод азми дигарбора раиси ҷумҳур шуданро надорад. "Ман барномае барои раёсати ҷумҳурӣ надорам. Банда аз оқои Бақоӣ ба унвони номзади аслӣ ҳимоят хоҳам кард", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳмуди Аҳмадинжод дар ин бора рӯзи 4 апрел дар шаҳри Теҳрон ва дар нахустин нишасти хабариаш дар 4 соли ахир сӯҳбат кард. Вай соли гузашта ҳам гуфта буд, ки дар интихобот ширкат намекунад, зеро Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтааст, ширкати ӯ метавонад сабаби ихтилофот дар ҷомеа шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад ва бояд номзадҳо аз рӯзи 11 то 15 апрел сабти ном кунанд.

Ҳамид Бақоиро соли 2015 ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда ва ҳеҷ гоҳ сабабҳояшро эълон нанамуданд. Бақоӣ аз ҳалқаи муҳофизакорони Эрон аст, ки мехоҳанд, ба ҷойи Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва муътадил, номзади худро биёранд. Ҳасан Рӯҳонӣ, ки охири моҳи март дар Маскав ва бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кард, гуфтааст, дар интихобот ширкат меварзад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад ва бояд номзадҳо аз рӯзи 11 то 15 апрел сабти ном кунанд. Ҳоло маълум нест, номзади мавриди ҳимояти Аҳмадинажод бо собиқаи зиндонӣ буданаш, дар феҳрасти ниҳоии довталабони курсии раёсати ҷумҳурии Эрон хоҳад буд, ё не.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихобот шуда ва то соли 2013 раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда дошт. Вай замоне ба курсии президенти Эрон нишаст, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, дар панҷ соли ахири раҳбарии худ бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро «афсона» ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро "мармузу торик" хонд.​ Бо ин вуҷуд, дар даврони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи бисёр баланд қарор гирифт ва ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хеле наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-еро ба роҳ андозад.

Маҳмуди Аҳмадинажод бо Эмомалӣ Раҳмон
Маҳмуди Аҳмадинажод бо Эмомалӣ Раҳмон

Маҳмуди Аҳмадинажоди 59-сола баъди хотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG