Пайвандҳои дастрасӣ

Ислоҳталабони Эрон Рӯҳониро номзади худ карданд


Шӯрои олии сиёсатгузории ислоҳталабони Эрон раиси ҷумҳури кунунӣ Ҳасани Рӯҳониро барои интихоботи президентии моҳи май, номзад пешниҳод кардааст. Ба иттилои хабаргузории эронии ИЛНА, раиси Шӯрои олии сиёсатгузории ислоҳталабон рӯзи якшанбеи 12 март хабар додааст, ки ин шӯро дар нишасти худ аз "байни пешниҳодҳои мухталифе", ки матраҳ шуда буд, Ҳасани Рӯҳониро ба "иттифоқи оро" ба унвони "номзади қатъии ҷараёни ислоҳталабон", интихоб кард.

Муҳаммадризо Ориф бо ишора ба ҳимояти ислоҳталабон аз Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи соли 2013 ва амалкарди ин гурӯҳ дар интихоботи парлумонии ахир дар он кишвар, эълом кард, ки аз чандин моҳ пеш ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дошт ва масъулони ин шӯро бо Ҳасани Рӯҳонӣ ва пас аз он бо намояндагони ӯ дидор карда буданд.

Ҷараёни муқобили ислоҳталабон, яъне усулгароён то ба ҳол номзад ва ё номзадҳои ниҳоии худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷараёни муқобили ислоҳталабон, яъне усулгароён то ба ҳол номзад ва ё номзадҳои ниҳоии худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон накардаанд. Аммо рӯзи якшанбеи 12 март шуморе аз хабаргузориҳо, аз ҷумла "Тасним" "феҳристи ғайрирасмӣ"-и 14 номзади "Ҷабҳаи мардумии нерӯҳои инқилоб" барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро эълом кардааст. Бар асоси ин гузориш, дувумин нишасти Маҷмаи миллии ин ниҳод дар авоили моҳи апрел баргузор мешавад ва аз миёни ин 14 номзад панҷ нафар дубора интихоб хоҳанд шуд.

Иброҳим Раисӣ, Меҳрдод Базрпош, Саид Ҷалилӣ, Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, Муҳаммад Хушчеҳра, Муҳсин Ризоӣ, Алиризо Зоконӣ, Муҳаммадмаҳдӣ Зоҳидӣ, Иззатулло Зарғомӣ, Парвиз Фаттоҳ, Рустам Қосимӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мустафо Мирсалим ва Алӣ Некзод, 14 номзади ин гурӯҳ ҳастанд. Дар ин гузоришҳо ба шумораи раъйи ин афрод дар нишасти "Ҷабҳаи мардумии нерӯҳои инқилоб" ишора нашудааст.

Раҳбари Эрон чанде пеш ба таври ошкоро президенти пешин Маҳмуди Аҳмадинажодро аз номзадӣ дар интихобот манъ кард.
Раҳбари Эрон чанде пеш ба таври ошкоро президенти пешин Маҳмуди Аҳмадинажодро аз номзадӣ дар интихобот манъ кард.

Ҳафтаи гузашта дар мавриди пешбарии номзадии Иброҳим Раисӣ, раиси кунунии Остони Қудси разавӣ дар Машҳад, ба унвони номзади аслии усулгароён матраҳ шуд. Қаблан Ҳизби муъталифаи исломӣ, Мустафо Мирсалим, вазири фарҳанг дар замони ҳукумати Ҳошимии Рафсанҷониро ба унвони номзади худ дар интихобот муаррифӣ карда буд.

Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ чанде пеш ба таври ошкоро президенти пешин Маҳмуди Аҳмадинажодро аз номзадӣ дар интихобот манъ кард. Аммо ӯ, ки ахиран гуфт, "феълан ба таври мустақим вориди интихобот намешавад", дар рӯзҳои ахир ва пас аз эълони номзадии муовини иҷроии пешинаш Ҳамид Бақоӣ, дар паҳлӯи ӯ зоҳир шудааст.

Интихоботи президентии Эрон дар моҳи май баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG