Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистонро 1200 донишҷӯи покистонӣ тарк карданд


Донишҷӯёни покистонӣ дар Бишкек. 20 май
Донишҷӯёни покистонӣ дар Бишкек. 20 май

Дар паи ҳамлаи издиҳом ба донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Бишкек, тахминан 1200 донишҷӯи покистонӣ Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистонро тарк карда ба ватан баргаштанд.

Дар паи ҳамлаи издиҳом ба донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Бишкек, тахминан 1200 донишҷӯи покистонӣ Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистонро тарк карда ба ватан баргаштанд. Ректори ин донишгоҳ Асилбек Айдаралиев рӯзи 20 май ба хабарнигорон гуфт, ки дар миёни баргаштаҳо асосан донишҷӯёни соли аввал ва дуюми донишгоҳ буда, дигарҳо монданд ва дар муҳокимаҳои вазъияти рухдода иштирок мекунанд.

Муовини вазири маорифи Қирғизистон Расул Абазбек-уулу ҳамлаи гурӯҳӣ ба донишҷӯёни покистониву ҳиндиро дар шаҳри Бишкек дар рӯзҳои истироҳати гузашта “як шармандагӣ” номид, ки “ба обрӯи Қирғизистон зарба мезанад”.

Сабаби сар задани хушунатҳо рӯзи 18 май як навори видеоие шуд, ки дар он гӯё шаби 13 май “чеҳраҳои осиёӣ” донишҷӯёни хориҷиро озор медиҳанд ва баъди он онҳоро дар хобгоҳ таъқиб карда ҳадди аққал як нафарашонро чандин нафар латукӯб ва аз ошёнаҳо поён мефароранд.

Абазбек-уулу гуфт, “вазъият ҳоло ором шудааст ва донишҷӯёни хориҷӣ кам-кам берун мебароянд. Ин аз мо вобаста аст, ки донишҷӯён оё тирамоҳ дубора ба Қирғизистон бармегарданд ё на. Ба ҳамин хотир, тамоми идораҳои давлатӣ бояд дар ҳамоҳангӣ кор кунанд, то ки онҳоро мутмаин кунем, ки бозгашти онҳо бехатар хоҳад буд”.

Полиси шаҳри Бишкек гуфт, ки бар асоси моддаи “бетартибиҳои ҷамъиятӣ ва барангехтани нафрати милливу нажодӣ” парванда боз кардааст.

Дар нахустин изҳороташ оид ба ин ҳодисаҳо рӯзи 20 май президент Содир Ҷабборов гуфт, “ҳама омилони ҳамла ба донишҷӯёни хориҷӣ ҳатман ҷазо мебинанд”. Ҷабборов афзуд: “Мо тавонистем, ки як ҷомеаи ҳуқуқбунёде бисозем. Аз ин рӯ, мо тарафдори назму тартибот ҳастем”.

18 май дар Исломобод гурӯҳе аз сокинон ба таъмини амнияти донишҷӯёни покистонӣ дар Қирғизистон даъват карданд
18 май дар Исломобод гурӯҳе аз сокинон ба таъмини амнияти донишҷӯёни покистонӣ дар Қирғизистон даъват карданд

Вазорат гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо инчунин чор хориҷӣ бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуда, ду шаҳрванди Қирғизистон барои азияту озори донишҷӯёни хориҷӣ дар ҷустуҷӯ ҳастанд.

Рӯзи 18 май вазорати беҳдошти Қирғизистон гузориш дод, ки дар хушунатҳо 29 нафар маҷрӯҳ шуданд ва 15 нафари онҳоро ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва бемористони миллӣ бурданд. Ба дигарҳо дар ҷои ҳодиса ёрии тиббӣ расонида шуд.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзҳои истироҳати гузашта гуфт, ки нафарони дастдошта дар хушунатҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад ва намегузорад, ки “бо сабаби адами таҳаммул донишҷӯёни хориҷӣ мавриди озор қарор гиранд”. Айни замон, чунин ба назар мерасад, ки мақомот дар сар задани ин ҳодисаҳо муҳоҷирони ғайриқонуниро гунаҳгор мекунанд ва таҳдид кардаанд, ки “барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва аз Қирғизистон рондани афроди номатлуб чораҳои қатъӣ меандешанд”.

Се рӯз пеш аз сар задани хушунатҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 28 шаҳрванди Покистонро боздошт карда онҳоро дар кори ғайриқонунӣ дар як коргоҳи либосдӯзии Бишкек гунаҳгор кард. Худи ҳамон рӯз полиси Бишкек бо баҳонаи амният дар роҳҳо 400 хориҷӣ, асосан покистониҳоро боздошт кард, ки савори мотосиклу скутер ҳамчун курер кор мекарданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG