Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари зане, ки дар Рашт худро ба Сорбоғ партофт, боздошт шудааст


Лаҳзаи ба рӯдхона партофтани Маҳина дар дурбини назоратии як мағоза сабт шудааст.
Лаҳзаи ба рӯдхона партофтани Маҳина дар дурбини назоратии як мағоза сабт шудааст.

Кормандони пулис дар ноҳияи Рашт Султони Абдувоҳид, сокини деҳаи Хоҷаалии ин ноҳияро, ки ҳамсараш худро ба рӯди Сорбоғ партофт, боздошт кардаанд.

Маҳинаи Холаҳмад, ҳамсари 23-солаи ин мард, рӯзи 5-уми август худро аз болои пуле ба рӯдхонаи Сорбоғ партофтааст.

Як манбаъ аз Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз омӯзиши далелҳо шавҳари ӯ бо гумони “ба худкушӣ расонидани ҳамсараш” боздошт шуд.

Наздикони Султони Абдувоҳид ҳодисаро шарҳ надоданд.

Лаҳзаи ба назди пули деҳа омадан ва худро ба об андохтани зани ҷавон дар дастгоҳи видеоии мағозае сабт шудааст, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Як сокини деҳаи Хоҷаалии ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи Рашт, ки нахост номашро зикр кунем, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса соати 9-и рӯзи 5-уми август пас аз он рух додааст, ки шавҳараш ин занро талоқ медиҳад. “Баъди ҷанҷол хушдоманаш кӯдаки нӯҳмоҳаашро бо зӯр аз дасташ мегирад. Ӯ ночор меравад ва аз телефони як ҳамсоя ба падараш занг зада мепурсад, ки ба сараш ҳамин ҳолат омад, аммо падараш, бехабар аз ҷузъиёти ҷанҷол, ба хотири идомаи зиндагии хонаводагии духтараш, розӣ намешавад, ки ба хонаи волидайнаш баргардад. Маҳина дигар ба самти дарё меравад,”—гуфт, ӯ.

Пас аз ин, тавре дар навори видеоӣ дида мешавад, Маҳина ба лаби дарё меояд ва пас аз каме андеша аз болои пул худро ба мавҷи дарё мезанад.

Ин манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир тафтишоти пешакӣ идома дорад ва то имрӯз ҷасади Маҳина ёфт нашудааст.

Ҳодисаи худро ба дарё партофтани занон дар дигар минтақаҳо низ сабт шудааст. Мақомот сабаби асосиро дар хушунат ва муносибати нохуби хонаводаи шавҳар бо арӯсони хонадон медонанд.

XS
SM
MD
LG