Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як занро бо ду тифлаш аз соҳили рӯди Сир пайдо карданд. ВИДЕО


Модари тоҷик бо ду тифлаш худро куштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ҷасади онҳоро рӯзи 30-уми июн пайдо карданд.

Мақомоти интизомии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд марги зане бо ду кӯдакашро, ки ҷасадҳояшон аз соҳили рӯди Сир пайдо шудааст, таҳқиқ мекунанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки Санъат Ғаффорова худро бо духтари панҷмоҳа ва писари шашсолааш ба рӯд партофт. Ҷасади онҳоро рӯзи 30-уми июн аз атрофи заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов пайдо карданд ва ба хок супурданд.

Дар хадамоти матбуоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса соати 7-и рӯзи 30-уми июн сабт шудааст ва зоҳиран онҳо дар об нафасгир шуда, ҳалок шудаанд.

Ҷойи ҳодиса макони камодам аст ва аз макони зисти ин оила тақрибан 3 километр дурӣ дорад. Наздикони ин хонавода ва хонаводаи шаҳвараш ҳодисаро шарҳ надоданд ва нахостанд дар ин бора бо мо суҳбат кунанд.

Шавҳари ин зан чанде пеш барои кор ба Русия рафта будааст ва мо натавонистем бо ӯ тамос гирем.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғауфров гуфтанд, ки таҳқиқи марги ин зан бо кӯдаконаш оғоз шудааст ва натиҷаи ниҳоиаш баъдан эълон мешавад.

Сабаби марги ин занро расман мақомот эълон накардаанд, вале дар гузашта ҳодисаҳои монанд ба инро худкушӣ номида буданд.

XS
SM
MD
LG