Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик бо гуноҳи қатли фарзанди навзодаш 15 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи минтақавии Кӯлоб як занро бо ҷурми куштани тифли шашмоҳааш 15 сол зиндонӣ кардааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Ҷамила Каримова, сокини 24-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи июни имсол, пас аз ҷанҷол бо хонаводаи шавҳар, кӯдакаш Муҳаммадҷон Ҳалимовро ба оби наҳр партофтааст. Ҷасади тифлро баъд аз як ҳафтаи ҳодиса ёфтанд.

Хонаводаи шавҳар мегӯянд, Ҷамила Каримова аз аввал бо онҳо муносибати хуб надошт ва зоҳиран бо қатли кӯдак хостааст интиқом гирад. Худи зан гуфтааст, пайваста зери таънаву маломати оилаи шавҳар буд ва қасди куштани худу кӯдакашро дошт.

Бино ба ҳукми додгоҳ, ки нусхаи он рӯзи 19-уми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин зан дар мурофиа гуфтааст, аввал тифлро ба об партофт, то “дар дасти каси дигаре намонад ва азоб накашад”. Дертар аз райъи худкушиаш гаштааст. Вай дар додгоҳ гуфтааст, аз кардаи худ сидқан пушаймон аст ва аз додрас хостааст, то зан будан, ҷавонӣ ва пушаймониашро ба эътибор гирифта, ҷазои сабуктар диҳад.

Як манбаъ дар додгоҳи Хатлон гуфт, Ҷамила Каримова давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард. Ба қавли манбаъ, ин ҳукми дувуми Каримова дар тақрибан ним соли ахир аст. Дафъаи аввал додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ӯро бо ҷурми дуздӣ ба зиндон маҳкум карда, аммо ба сабаби хурдии кӯдакаш Муҳаммадҷон Ҳалимов иҷрои онро ба таъхир гузошта будааст. “Бо иловаи айби пешина ӯ дар маҷмуъ шонздаҳ сол дар зиндон хоҳад буд”, -- афзуд ҳамсуҳбати мо дар додгоҳ.

Ҳукми додгоҳ дар оғози моҳи октябр содир шуда, аллакай ба иҷро даромадааст. Мақомот мегӯянд, касе барои бозбинии ҳукм муроҷиат накардааст.

Талоши мо барои пайдо кардани наздикони Ҷамила Каримова, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зиндагӣ мекунанд, то ин дам бенатиҷа буд. Маълум нест, ин зан дар бораи шароити зиндагиаш ба онҳо чӣ гуфтааст ва рё шикояте доштааст, ё не.

Баъзе аз ҷомеашиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд зан дар ҳолати начандон хуби рӯҳӣ қарор доштааст, ки тифли худро ба об партофтааст. Вале дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, “Ҷамила Каримова рӯҳан солим аст ва ба табобати маҷбурӣ ниёз надорад”.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон зане қасди ҷони фарзанди худ мекунад. Моҳи июни имсол додгоҳи Кӯлоб занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Муфаттишон гуфтанд, зоҳиран модари панҷ фарзанд мехостааст, аввал фарзандонашро кушта ва сипас худкушӣ кунад.

Равоншиносон мушкили зиёди иҷтимоӣ, аксаран даъвову ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва зӯроварӣ ба занонро аз сабабҳои худкушӣ ва ё қасди ҷони фарзанд кардани модарон медонанд.

Ҷамила Каримова дар оғози соли 2018 барои издивоҷ бо Умедҷон Ҳалимов аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба Ҳамадонӣ кӯчидааст. Худи ӯ дар додгоҳ гуфтааст, онҳо якдигарро дӯст медоштанд ва никоҳашон дар хонаи шавҳар баргузор шуда буд.

Умедҷон Ҳалимов дар додгоҳ гуфтааст, дар оғоз муносибати ҳамсараш бо аҳли хонавода хуб буд, аммо баъдан дар пайи як ҳолати дуздии маблағи модарарӯс “онҳо ба сарзаниши якдигар сар карданд”. Вай аз додрас хостааст, ба ҳамсараш ҳукми камтар диҳад.

Ҷамила Каримова дар додгоҳ гуфтааст, хушдоманаш Одинамо Гадоева пайваста шарафи ӯро паст мезад, “беваи думгирфтаву гуруснаи бесоҳиб” мегуфт ва писарамро “кӯдаки ҳаромӣ”. Одинамо Гадоева дар додгоҳ шоҳидӣ додааст, ки баръакс Ҷамила Каримова аз рӯзи арӯс шуданаш дар хонаи онҳо бо ягон нафар муносибати хуб надошт. “Ӯ аз қафои Умедҷон ба хонаи мо омад ва мо ба хотири писарам онҳоро оиладор карда будем”, гуфтааст ӯ.

Масъулони додгоҳ мегӯянд, парвандаи Ҷамила Каримова аз рӯи моддаи куштор баррасӣ шуд ва бар асоси далелҳои шаъйӣ, аз ҷумла либоси кӯдак ва пойафзоли зан, ки дар ҷойи ҳодиса монда буд, ҳукм содир гардид. Ҳарчанд зан дар оғоз гуфтааст, ки “писарашро об бурд”.

Дар панҷ соли ахир тақрибан даҳ ҳолати талоши худкушии занон аз роҳи ба дарё андохтан сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо се зан ҳамроҳ бо ҳафт кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо наҷот ёфтаанд, вале шаш фарзанди онҳо ҳангоми ғарқ шудан ҳалок шудаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо бо кӯдаконашон қабл аз худро ғарқ кардан наҷот дода шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ин рақамҳо нигаронкунанда аст ва бояд мақомот дар фикри ҳалли масъала бошанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG