Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми марде, ки зану кӯдаконаш худкушӣ карданд. ВИДЕО


Маросими дафни Сайрам Холова. Моҳи майи соли 2018
Маросими дафни Сайрам Холова. Моҳи майи соли 2018

Додгоҳи Ҳисор Фатҳулло Шарипов, як сокини ноҳияро бо ҷурми ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукм чанд ҳафта пеш содир шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон матни онро рӯзи 23-юми сентябр расонаӣ кард.

Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли гузашта худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт ва худкушӣ кард. Пайвандонаш гуфта буданд, "ӯ зиндагии хуб надошт".

Назари наздикон ва вакили мудофеи Фатҳулло Шарипов ба ҳукми додгоҳ маълум нест, вале қаблан гуфта буданд, ки муомилаашон бо арӯси хуб буд. Пайвандони Сайрам Холова қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ҷазо ё зиндонӣ шудани домодашон бар ивази ҷони духтар ва ду набераашон "ҳеҷ аст."

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор мегӯяд, Фатҳулло Шарипов сокини деҳаи Сунбула давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин пушти сар хоҳад кард.

"Фатҳулло Шарипов нисбат ба ҳамсар ва фарзандони хурдсолаш муомилаи сангдилона намуда, онҳоро бо хӯрок ва либос таъмин намекард. Мунтазам шаъну эътиборашонро паст зада, фишору зӯроварӣ намудааст", -- гуфта шудааст дар ҳукми додгоҳ. Мақомот мегӯянд, Сайрам Холова ба чунин муносибат "тоб наоварда, рӯзи ҳафтуми майи соли 2018 худро ҳамроҳи фарзандонаш ба дарёи Кофарниҳон партофта, даст ба худкушӣ задааст."

Наздикони Сайрам Холова моҳи май ва пеш аз дафни ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҷасадро санҷиши тиббиву додгоҳӣ карданд. Натиҷаи ташхис нишонаҳои марги маҷбуриро ошкор накардааст. Хулосаи тиббӣ ин будааст, ки Сайрам дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҷон додааст.

Сайрам Холова ва Фатҳулло Шарипов ҳафт сол пеш издивоҷ карда буданд.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Ҷасади Сайрам Холова ва як писарашро аз об берун оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Худкушии занон якҷо бо кӯдакони хурдсолашон дар солҳои охир дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад. Як чунин ҳодиса соли 2016 рух дода буд.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт ва дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд ва ӯ дар додгоҳ гуфт, “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст.”

Равоншиносони тоҷик ин ҳодисаҳоро шадидан нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, решаи аксари мушкилоти занон дар ҷабру зулм ва азият дар хонаи шавҳаронашон аст.

Як равоншинос гуфт, ба хотири пешгирӣ аз такрор шудани чунин ҳодисаҳо ҳар як қазия бояд аз ҷониби мақомот дақиқ санҷида шуда, натиҷаҳои он ва ё муҷозоти шахси айбдор дар ин ҷиноят тавассути матбуот ба ҷомеа расонида шавад. Дар ин сурат шояд мешавад аз фоҷиаҳои дигар ҷилавгирӣ кард.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳафтаи гузашта дар гузориши нави худ дар бораи хушунат ва шиканҷаи занони тоҷик дар оила навишт, "дар Тоҷикистон агар зане ҷабру зулм бинад ва аз хушунати хонаводагӣ пайваста азият кашад, ҷое барои рафтан надорад."

Таҳқиқоти созмони байналмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, дар хонаводаҳое, ки хушунат вуҷуд дорад, ҳама аъзои оила, дар бораи мушкилоти занону кӯдаконашон хабар доранд.

"Вале бисёр вақт ба занҳо гуфта мешавад, ки мушкилотро таҳаммул кунанду ба хонаи шавҳар, ки он ҷо азият мешаванд, баргарданд ва хушунат боз ҳам идома меёбад. Хешовандони зан маъмулан мегӯянд, ҳеч мушкил нест ва зиндагии фарзандашон хуб аст, вале вақте фоҷеа рух дод ва зан даргузашт ваё худкушӣ кард, эътироф мекунанд, ки ӯ дучори мушкилоти зиёд буд", -- навиштаанд муаллифони гузориш.

XS
SM
MD
LG