Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни покистонӣ Қирғизистонро тарк карданд


Мӯҳсин Нақвӣ, вазири корҳои дохилии Покистон донишҷӯёни аз Қирғизистон баргаштаро пешвоз гирифт
Мӯҳсин Нақвӣ, вазири корҳои дохилии Покистон донишҷӯёни аз Қирғизистон баргаштаро пешвоз гирифт

Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.

Дар миёни онҳо нафароне буданд, ки шаби 17-уми май аз ҷониби сокинони маҳаллӣ латукӯб ва ҷароҳат бардошта буданд.

Сафорати Покистон дар Қирғизистон хабар дод, ки дар ҳодисаи шаби 17 ва рӯзи 18-уми май 14 шаҳрванди Покистон ҷароҳат бардоштанд, ки 6 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар Бишкек алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла намуданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ аз ин пеш чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест ва аз рӯзи 19 то 21-уми май шаҳрвандони дигари ин кишвар Бишкекро тарк хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG