Нерӯҳои Амрико ҳамлаҳоро ба иншооти гуногун ва таъсисоти низомии Эрон сахттар карда, бино ба гузоришҳо, ба пулу роҳҳои оҳан ва як фурудгоҳ зарба заданд. Дар посух ба ин, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кардааст.
Дар айни замон ҳукумати Амрико гуфт, музокироти миёни ду тараф идома дорад ва дипломатия ҳамчун як гузинаи қобили қабул барои ҳалли муноқиша боқӣ мемонад.
Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 16-уми июл дар баёнияе гуфт, нерӯҳои ин кишвар соати 21:30 ба вақти Эрон бо ҳавопаймову киштиҳои ҷангӣ ва паҳподҳо ва бо истифода аз силоҳҳои ҳадафра ба пойгоҳҳои назорати соҳилӣ, дифои ҳавоӣ ва зербунёдҳои низомии Эрон зарба заданд.
Ба гуфтаи Керолайн Левит, сухангӯи Кохи Сафед, сабаби ҳамлаҳо амалкарди Эрон будааст, ки ба киштиҳои тиҷоратӣ дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз зарба задааст.
Расонаҳои Эрон аз ҳамлаҳои Амрико дар наздикии ҷазираи Қишм, дар қарибии тангии Ҳурмуз, ки ҳафтаҳои охир ба маркази танишҳо табдил ёфтааст, гузориш доданд.
Хабаргузории "Тасним", расонаи наздик ба Сипоҳи посдорон, навиштааст, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба фурудгоҳи шаҳри Эроншаҳр ҳамла кардаанд. Шаҳри мазкур 100 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар 300-километрии Халиҷи Умон дар ҷануби Эрон воқеъ аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Сипас расонаҳои Эрон хабар доданд, ки дар зарбаҳои нави Амрико панҷ пул дар ҷануби кишвар осеб дида, ҳафт нафар кушта шудаанд. Инчунин аз таркишҳо дар Бушеҳр хабар мерасад, ки ягона нерӯгоҳи барқи атомии Эрон дар онҷо ҷойгир шудааст.
Расонаҳои Эрон навиштанд, ки артиши ин кишвар чархболу ҳавопаймоҳои амрикоиро дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар Баҳрайн ҳадаф қарор додааст. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 16-уми июл гуфт, ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Кувайт ва Урдун низ зарба зад.
Мақомоти Кувайт, Баҳрайн ва Қатар субҳи 17-уми июл хабар доданд, ки системаҳои дифои ҳавоии онҳо барои рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ ва паҳподии Эрон омода мешаванд.