Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бетартибиҳои Бишкек 28 нафар осеб дидаанд. Шаби 17 ба 18-уми май чӣ гузашт?


Дар пайи эътирози шаби 17 ба 18- уми май дар Бишкек, ки зоҳиран алайҳи донишҷӯёну муҳоҷирони хориҷӣ равона шуда буд, 28 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди хориҷӣ осеб дидаааст. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар додааст.

Сафорати Покистон гуфт, дар ин ҳодиса 14 шаҳрванди ин кишвар осеб дидаанд.

Мақомоти Покистону Ҳинд дар робита ба ҳодиса вокуниш карда, ба муҳассилони ду кишвар ҳушдор додаанд, ки аз макони будубоши худ берун нараванд.

Ҳодиса пас аз он сар зад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании зоҳиран ҷавонони маҳаллӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ нашр шуд ва корбарон гуфтанд, дар ин даргирӣ қирғизистониҳо латукӯб шудаанд. Дар пай дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо барои интиқомгирӣ сар зад.

Шаби 17 ба 18-уми май садҳо нафар дар назди хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ ҷамъ омаданд. Бино ба навиштаи Оҷонсии хабарии 24.kg эътирозгарон роҳҳоро баста, тирезаҳои як хобгоҳи донишҷӯёни хориҷиро шикастаанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ менависад, ки эътирозгарон, масъалаи ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Қирғизистонро матраҳ карданд.

Муҳаммад Иҳтишом Латиф, донишҷӯи покистонӣ дар Бишкек дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Машъал, бахши Покистонии Озодӣ гуфтааст: "Вазъ дар ин ҷо бад аст. Ҳамааш аз он сар шуд, ки донишӯёни мисрӣ бо сокинони маҳаллӣ ҷанг шуданд. Ҳоло мардуми маҳаллӣ эътироз карда, дониҷшӯёни ҳиндӣ ва покистониро латукӯбу таъқиб мекунанд. Дари хобгоҳро шикастанд, ман аз дирӯз бо дигар донишҷӯён дар Донишгоҳ қарор дорем."

Ба нақли Саёд Шоҳрух Хон, донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ дар Қирғизистон, онҳо дар хобгоҳи хусусӣ дар кӯчаи Мусо Ҷалил зиндагӣ мекунанд ва сокинони маҳаллӣ "Тақрибан соатҳои 12:00 тирезаҳои хобгоҳро шикастанд." Вай гуфт, то ба ҳол дар хобгоҳ қарор дорад ва ҳарчанд ҳоло нерӯҳои қудратӣ ҳам он ҷо ҳастанду вазъ ором аст, аммо ҳамоно эҳсоси хатар мекунад.

Ҳукумати Покистон дар робита ба ҳодисаи шаби гузашта ва барои таъмини амнияти шаҳрвандони худ, дар Қирғизистон, бо ҳукумати ин кишвар тамос гирифтааст. Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, дар баёнияе аз вазъи донишҷӯёни Покистонӣ дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Вай ба сафири Покистон дар Бишкек дастур додааст, то ба донишӯён кӯмаки лозимӣ расонида шавад.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Алмаз Имангазиев бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Қирғизистон, Ҳасан Алӣ Зайғом мулоқот кардааст.

Латукӯби донишҷӯёни хориҷӣ ва эътирози садҳо нафар дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки робита ба ҳодиса таҳқиқот шурӯъ шудааст. Мақомоти Қирғиз ваъда додаанд, ки қазияро таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд. Дар айни замон Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон дар изҳороте гуфтааст, "аз ҷониби Покистон хоста шудааст, ки миёни расонаҳои ин кишвар фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, то дар бораи ҳодиса маълумоти бардурӯғ нашр накунанд."

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳодисаи шаби 17 ба 8 уми майро шарҳ дода, гуфтааст, дар эътирозҳо аз 200 то 700 ҷавони аз 18 то 2 сола ширкат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ аксари эътирозгарон аз афзоиши муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷ нигаронӣ кардаанд.

“Талаби аслии онҳо ба зиёд шудани шумори коргарони хориҷӣ дар кишвари мо ва афзоиши донишҷӯён аз Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон, Миср ва кишварҳои дигар рабт дошт. Ман фикр мекунам, ки нигаронии ҷавонони ҷамъомада то ҷое дуруст аст. Мо дар ин робита чораандешӣ карда истодаем. Аввали моҳи апрел, президент Содир Ҷабборов (Ҷапаров) дар ҷаласае дастур дод, ки масъалаи будубоши муҳоҷирони ғайриқонунӣ тафтиш шавад. Моҳи май ва апрал корҳои зиёде анҷом додем. Дар як рӯз то 20 то 50 муҳоҷиронеро ошкор мекунем, ки ҳузурашон дар Қирғизистон ғайриқонунӣ аст” - афзуд, Тошиев.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомоти қирғиз вазъ зери назорат аст ва дар робита ба ҳодисаи шаби 18 - уми май чандин нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди хориҷиро боздошт шудаанд. Маълум нест, ки онҳо шаҳрванди кадом кишваранд. Ҳоло нерӯҳои қудратии Қирғизистон сафорати Покистонро дар ин кишвар таҳти назорат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG