Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон "вето"-и президент ба қонуни "агенти хориҷӣ"-ро бекор кардан мехоҳад


Эътирозгарон дар назди бинои порлумони Гурҷистон.
Эътирозгарон дар назди бинои порлумони Гурҷистон.

Ҷиноҳи аксарияти порлумонии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмим гирифтааст, ки "вето"-и президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилиро ба қонуни “агенти хориҷӣ”-и ин кишвар бекор кунад.

Дар дастгоҳи порлумони Гурҷистон ба хабарнигори "Радио Свобода" гуфтанд, ки қарор аст ин масъала 28 май баррасӣ шавад.

Президенти Гурҷистон ахиран эълом кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузоштааст. Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карданд.

Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ", ки тарҳи қонунро пешниҳод кардааст, имкон дорад бо ба даст овардани 77 раъй веторо бекор кунад.

Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.

XS
SM
MD
LG